Вақте ки сухан дар бораи сарнавишти зан меравад, бояд дар бораи ҳуқуқҳои ӯ гап занем. Вале агар вазъияти ҷамъиятиву сиёсӣ ноором бошад, магар аз ҳуқуқҳо гап задан имкон дорад? Дар ҷомеаи ноором ҳуқуқи инсон поймол мешавад. Маҳз дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳое баppасӣ шуданд, ки вазифаи асосиву сарнавиштсозро иҷро намуданд. Аз ҷумла, ба муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти давлат дар оянда, таъмини фаъолияти мақомоти маҳаллӣ, ҳокимияти иҷроия, судӣ, ҳифзи ҳуқуқ, ташкили Артиши миллӣ, қӯшунҳои сарҳадӣ ва ба қабули Конститутсияи нав замина гузошта шуд. Маҳз баъд аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави таҳияи лоиҳаи Конститутсия оғоз ёфт. Низоми сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи нав шакл гирифт, ки бо такя ба арзишҳои умумибашарӣ барои инкишофи минбаъдаи кишвар мусоидат намуд.
Инчунин, дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ Сарвари тозаинтихобшудаи давлат Эмомалӣ Раҳмон масъалаи занонро мавриди таҳлил қарор дода, роҳҳои баланд бардоштани мақоми занро таъкид сохт. Ба шарофати дар амал татбиқ шудани қарорҳои иҷлосия дар тақдири занони тоҷик марҳилаи нав оғоз гардид.
Бо саъю кӯшиши Ҳукумати мамлакат ва шахсан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи баланд бардоштани нақш ва мақоми зан дар ҷомеа, ҳалли муаммоҳои иқтисодию иҷтимоии модару кӯдак, таъмини иштироки ҳар чӣ бештари занон дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва идоракунии давлат ба яке аз вазифаҳои муҳими сиёсати давлат табдил ёфт ва чораҳои мушаххас андешида шуд. Пеш аз ҳама дар сохтори ҳукумат Кумитаи кор бо занон ва оила таъсис дода шуд. Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, 27-уми декабри соли 1993 «Созишнома оид ба барҳам додани ҳама гуна намудҳои маҳдудияти ҳуқуқи занон» — ро имзо кард.
Тибқи моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Мардон ва занон баробарҳуқуқанд.
Қабул ва дар амал татбиқ шудани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақшаи миллии тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақом ва нақши зан барои солҳои 1999-2005» (10-уми сентябри соли 1999 таҳти № 363), «Дар бораи ба низом даровардани қабули духтарон ба мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи квотаи президентӣ барои солҳои 2001-2005» (19-уми апрели соли 2001), «Барномаи давлатии самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010» (8-уми августи соли 2001 таҳти № 391), «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону ҷавондухтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» (29 апрели соли 2010 таҳти № 269) ва даҳҳо санадҳои дигар ба фароҳам овардани шароити мусоид баҳри рушди ҳамаҷонибаи зани тоҷик, беҳдошти вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву маънавии хонаводаҳо, омода намудани кадрҳои соҳибтахассус аз ҳисоби духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва беҳтар намудани вазъи сиҳатии модару кӯдак равона карда шудааст.
Дар кори Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, ки дар сарнавишти миллати тоҷик, раҳоӣ аз фоҷиаи миллӣ ва вартаи ҳалокату нобудӣ, муайян намудани роҳи сулҳу оштӣ ва рушди устувори мамлакат нақши ҳалкунанда бозид, дар байни 197 нафар вакили аз шумораи умумии 230 нафар намояндагони халқ ҳафт нафар зан чун вакили Шӯрои Олӣ ширкат варзиданд ва дар муҳокима ва қабули қарорҳои сарнавиштсози миллат саҳм гузоштанд. Дар байни 230 нафар вакили Шӯрои Олӣ даъвати дувоздаҳум (солҳои 1990 — 1995) 9 нафар зан, аз ҷумла Валентина Абдусамадова, Азиза Анварова, Зууракан Давлаталиева, Мамлакат Қаҳҳорова, Рафиқа Мӯсоева, Адолат Раҳмонова, Гулафзо Савриддинова, ба мақоми баланди намояндагӣ ва қонунгузории мамлакат- Шӯрои Олӣ интихоб гашта буданд.
Агар ба таърихи парламентаризми тоҷик ва иштироки зан дар органи қонунгузор назар афканем, тадриҷан баланд шудани мақоми зан дар ин институти давлатӣ бемуҳобот ба назар мерасад. Мисоли равшан, Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум (1990 — 1995) ба давраи шӯравӣ, яъне дар ҳайати ИҶШС будани ҶШС Тоҷикистон рост омада, баъди пош хӯрдани он аз 9-уми сентябри соли 1991 Тоҷикистон давлати мустақил гардид. Баъдан, мақоми олии намояндагиву қонунгузор дар даврони истиқлолияти давлатӣ аз даъвати якум (1995 — 2000) номи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мегирад.
27-уми феврали соли 2000 интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дуюм (солҳои 2000-2005) баргузор гардид, ки дар ҳайати он панҷ нафар зан вакил интихоб шуданд. Умуман, дар мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузории мамлакат — Маҷлиси Олӣ, даъвати якум (солҳои 1995 — 2000) панҷ нафар зан, дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати дуюм (солҳои 2000 — 2005) даҳ нафар зан, даъвати сеюм (солҳои 2005 — 2010) 11 нафар, даъвати чорум (солҳои 2010 — 2015) 10 нафар, даъвати панҷум (солҳои 2015- 2020) 11 нафар, даъвати шашум (солҳои 2020-2025) 17 нафар зан вакил интихоб шуданд.
Нақши таърихии ҳамин иҷлосия ва сиёсати пешгирифтаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки бе ягон квота аз байни вакилзанон Г. Савриддинова, Ш. Ҳасанова, Н. Ғаффорова, Х. Мавлонова ба мақоми муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ интихоб гардидаанд. Шумораи намояндагии занон дар Маҷлисҳои вилоятӣ дар солҳои 2005 — 2010 аз шумораи умумии 194 нафар — 34 нафар, дар Маҷлисҳои шаҳрӣ аз шумораи умумии 656 нафар — 93 нафар, Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз шумораи умумии 1869 нафар — 91 нафарро занон ташкил медоданд.
Ҳоло бошад, шумораи намояндагии занон дар Маҷлисҳои вилоятӣ дар солҳои 2020-2025 аз шумораи умумӣ тахминан нисфро занон ташкил медиҳанд. Ҳангоми таҳлил маълум гардид, ки шумораи намояндагии занон дар Маҷлисҳои вилоятӣ дар солҳои 2020 — 2025 назар ба солҳои 2005- 2010 аз шумораи умумӣ 124 нафар аз ҳисоби зан 11 нафар кам ба вакилӣ интихоб шуданд. Дар Маҷлисҳои шаҳрӣ бошад, аз шумораи умумӣ 18 нафар аз ҳисоби занон 93 нафар ду баробар зиёд ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз шумораи умумӣ 944 нафар аз ҳисоби занон 559 нафар зиёд ба вакилӣ интихоб гардиданд.
Дар баробари иштироки фаъолонаи занон дар ҳайати мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат сафи занони сарвар дар зинаҳои гуногуни роҳбарӣ дар дастгоҳи идоракунии давлатӣ сол аз сол меафзояд. Масалан, соли 2007 дар ҷумҳурӣ як вазир, се муовини якуми вазир, се муовини вазир, як раиси кумита, чор муовини раиси кумитаҳои давлатӣ аз ҳисоби занон буданд. Шумораи кадрҳои роҳбарикунанда дар ҳайати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо низ аз ҳисоби занон торафт меафзояд.
Санади муҳими дигаре, ки барои пешрафти занон алоқаманд, дар он иҷлосия қабул гардид, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даровардани тағйирот ба Кодекс оид ба никоҳ ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезагон» мебошад, ки ёрии моддиву имтиёзҳои имконпазирро кафолат медоданд. Иқдоми мазкур бори дигар собит сохт, ки роҳбарияти нави Тоҷикистон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри сохтани ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ азму талош доранд ва ҳимояи шарафи инсонии ҳар фардро вазифаи аввалиндараҷа медонанд.
Дигар иқдоми муҳим, ки заминаи пешрафту баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеаро фароҳам месозад, масъалаи пурра ба таҳсил фаро гирифтани наврасону ҷавонон мебошад. Қабули қонуну барномаҳо, консепсияҳо ва қарорҳои дахлдор оид ба соҳа ба рушди зинаҳои таҳсил ва баланд гардидани сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ мусоидат намуд. Дар ин ҷода яке аз иқдомҳои шоистае, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1997 анҷом доданд, таъсиси Квотаи президентӣ маҳсуб меёбад. Ин иқдом имкон фароҳам овард, ки духтарону писарон аз ноҳияҳои дурдаст бештар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар шомил гарданд ва барои рушду инкишофи ҷомеа хизмати арзанда намоянд. Аз оғози қабули довталабон тибқи Квотаи президентӣ 25 сол сипарӣ гардид, ки то ин дам ҳазорон нафар ба ин васила муассисаҳои олии кишварро хатм карда, дар пешбурди хоҷагии халқ хизмати босазо доранд.
Дар заминаи қарорҳои Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ сиёсати давлати мо ба он равона шудааст, ки мақому манзалати зани тоҷик дар ҷомеа ҷойгоҳашро нигоҳ дорад. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо санадҳои меъёрие, ки дар давраи истиқлолияти давлатӣ қабул шуданд, мисоли равшан мебошанд:
- Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо (аз 1 марти соли 2005, №89);
- Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015;
- Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007 – 2016;
- Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа.
Ин санадҳо барои таъмини иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идораи давлат, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии зан ва солим гардонидани генофонди миллӣ, болоравии нақши зан дар таҳкими пояҳои ахлоқию маънавӣ ва сулҳу ваҳдат равона шудааст.
Сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз низ дар асоси ҳадафҳои Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки орзуву ормони халқро ба сохтори давлати демократӣ ва ташкили зиндагии осоишта қавӣ намуда, боиси афзоиши эътимоди шаҳрвандон ба ояндаи орому осуда ва пешрафту тараққиёти давлат гардид, ба роҳ монда шудааст. Инчунин, ба ҳифзи давлатдории миллӣ, ҳамаҷониба баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, рушду такомули фарҳанги сулҳ ва ризояти миллӣ, дастгирии занон ва ҷавонон, ҳифзи ҳувияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, пешрафти иҷтимоию иқтисодӣ.
Умуман, 30 соли пас аз он воқеаи таърихӣ давраи ба вуҷуд овардани шароиту имконот барои рушди минбаъда ва пешравиҳои назарраси соҳаҳои ҷомеа, бахусус ҷавонону занон, мебошад. Дар марҳилаи имрӯзаи рушди кишвар сулҳу ризояти миллӣ ба ҳайси як фарҳанг ва андешаи фарогири умумимиллӣ дарк гардидааст.
Насиба СОДИҚӢ,
раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон