10 ноябри соли равон дар толори Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор бо иштироки раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода, вакилони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – иштирокчиёни Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум собиқ муовини Сарвазири Тоҷикистон, ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ Ҷамолиддин Мансуров ва дигар даъватшудагон бахшида ба сиюмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси шаҳр меҳмононро хайрамақдам гуфта, сипас, изҳор дошт, ки
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум барои давлату миллати тоҷик муҳиму таърихӣ ва сарнавиштсоз дониста мешавад. Маҳз бо пайки баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ роҳи минбаъдаи давлатдорӣ, муҳимтар аз ҳама барқарор кардани сулҳу субот дар кишвар муайян шуда, ба бахти миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардиданд.
Зикр гардид, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум дар таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдат, раҳоӣ аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ саҳми бузург дорад.
Сипас, вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Мансуров, Ато Ҳамдам, Абдуманнон Абдуразоқов хотироташонро аз лаҳзаҳои баргузории Иҷлосия интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули Нишону Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қарору санадҳои муҳим ёдовар шуданд.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоқикистон Сурайё Дӯстмуродзода хизматҳои Роҳбари давлатро дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати комил, эҳёву таҳкими давлатдории миллӣ ёдовар шуда, хизмати собиқ вакилони Шӯрои Олиро дар интихоби Раиси Шӯрои Олӣ, ки миллатро аз парокандагиву кишварро аз нобудӣ раҳо бахшидааст, мондагору шоистаи эҳтиром маънидод намуд.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»