15 ноябри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон бинои иловагии Маркази табобатию солимгардонии “Соҳил”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Маркази табобатию солимгардонии “Соҳил” аз тарафи муассис, соҳибкори ватанӣ Абдулло Абдуллоев таъсис дода шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати бинои иловагии маркази табобатию солимгардонӣ 1800 метри мураббаъро дар бар гирифта, он аз 3 ошёна иборат аст.
Шумораи кормандони Маркази табобатию солимгардонии “Соҳил” 30 нафар буд, акнун бо бунёди бинои нав он ба 45 нафар расид.
Дар бинои нави иловагӣ 15 ҳуҷраи табобатӣ таъсис ёфта, он бо таҷҳизоти замонавӣ, аз қабили фитобочка, барокамера, озонотерапия, карбокситерапия ва табобати зарбавӣ-мавҷи (УВТ) муҷаҳҳаз гардидааст.
Таҷҳизоти муосири тиббӣ асосан аз Федератсияи Русия ворид шудааст. Айни ҳол дар маркази табобатию солимгардонӣ зиёда аз 35 намуди табобат бо истифода аз таҷҳизоти замонавӣ ба роҳ монда шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар бинои иловагӣ аз тарафи корхонаи сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ариана-Л” моҳи октябри соли 2021 оғоз ёфта, моҳи ноябри соли 2022 ба охир расонида шуд. Дар рафти корҳои сохтмонӣ 10 нафар сокини маҳаллӣ бо кори муваққатӣ ва маош таъмин гардид.
Марҳилаи аввали Маркази табобатию солимгардонии “Соҳил” соли 2010-ум бо 70 ҳуҷраи хоб ва аз 7 то 10 намуди табобат ташкил шуда буд.
Соли 2017 бинои иловагӣ бо 60 ҳуҷраи хоб ба истифода дода шуда, намуди табобат аз 10 то 25 зиёд карда шуд. Ҳамон вақт шумораи коргарон 30 нафарро ташкил медод.
Баробари бунёди бинои иловагии маркази табобатию солимгардонӣ, ки дар доираи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ҷиҳати татбиқи тадбирҳои солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” амалӣ гардид, 15 ҷои корӣ таъсис ёфта, 36 ҳуҷраи хоб барои 72 нафар табобатгирандагон бо шароити муосири табобату солимгардонӣ муҳайё карда шуд.
Баъди ифтитоҳи бинои нав ва шиносоӣ бо шароити табобату солимгардонӣ дар он Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми созандаи соҳибкорони ватанӣ баҳои баланд доданд.