Дар маркази ноҳияи Ванҷ – шаҳраки Рохарв як бинои хуштарҳу замонавӣ барои кормандони нозироти андоз, ки бо усули меъмории ҳозиразамон бунёд гардидааст, мавриди истифодабарӣ қарор гирифт. Дар чорабинии расмие, ки ба ин муносибат доир гардид, раиси ноҳияи Ванҷ Давлатбибӣ Раҷабова иштирок ва суханронӣ намуд.
Бино ба иттилои сардори Раёсати нозироти андози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Илҳом Муродҳусейнов барои сохтмони бинои мазкур як миллиону чорсад ҳазор сомонӣ масраф шудааст.
- Айни замон бо дастур ва ҳидояти Сардори давлат, дар тамоми манотиқи кишвар амалҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва созандагӣ дар ҳамаи самтҳо идома дорад. Аз ҷумла дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва дигар навоҳии вилоят низ биноҳои нави нозироти андоз сохта, ба истифода дода шудааст. Дар ноҳияи Рӯшон низ чанде пеш сохтмони чунин бино оғоз гардид, — иброз дошт Илҳом Муродҳусейнов.
Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»