Моҳи ноябри соли равон барои мардуми тоҷик моҳи шодиву тараб гардид. Дар ин моҳ сиюмин солгарди Иҷлосияи XVI тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантана ҷашн гирифта шуд. Боиси хурсандист, ки дар арафаи ин ҷашн ду ҷавонпаҳлавони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Baku Grand Slam 2022”, ки 4-уми ноябр дар пойтахти Озарбойҷон — шаҳри Боку оғоз ёфт, Темур Раҳимов соҳиби медали тиллову Муллораҷаб Халифаев -медали нуқра гардид. Паҳлавононро дар шаҳри Душанбе хеле хуш пазируфтанд.
7- уми ноябри соли равон бо қарори раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Темур Раҳимов ва Муллораҷаб Халифаев ҳамчун дастпарвари «Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №6 оид ба намудҳои гӯштин»-и шаҳри Душанбе 100 ҳазор сомонӣ тақдим шуд.
Истиқболи паҳлавони тоҷик Муллораҷаб Халифаев дар ноҳияи Рашт аз ҷониби узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Рашт Раҳимҷон Муқимӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин ҳаводорони соҳаи варзиш ва ҷавонон низ бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки, варзишгари 23-солаи тоҷик М. Халифаев дар рақобатҳо дар вазни то 66 кило баъди панҷ ғалаба бар Робин Ҷара аз Мексика, Виллис Гарсиа аз Венесуэла, Мухриддин Тилавов аз Ӯзбекистон, Бунчич Страҳиня аз Сербия ва Эрхембайар Баттогтох аз Муғулистон ба финал роҳ ёфт.
Муллораҷаб дар деҳаи хушманзараи Тагобаи ноҳияи Рашт чашм ба олами ҳастӣ боз намудааст. Ногуфта намонад, ки солиёни пешин ҳам аз ин деҳа паҳлавонони номдор по ба майдони мусобиқаҳо гузоштаанду шарафи варзиши тоҷикро дар майдонҳои хурду бузург пуштибонӣ намудаанд. Муллораҷаб аз овони мактабхонӣ ба гӯштингирӣ шавқу рағбат дошт ва солҳои дар шаҳри Екатеринбурги Россия кору зиндагӣ карданаш аз машқу тамрин даст набардошт. Лаҳзаҳои фориғ аз кор бо вуҷуди муҳоҷири меҳнатӣ буданаш дар назди устодони номдору соҳибтаҷриба машқ мекард. Соли 2019 дар мусобиқаи қаҳрамонии Россия оид ба ҷудо дар шаҳри Назрани Ингушетия дар вазни то 66 кило мақоми аввалро касб карда, ба гирифтани медали тилло ва унвони қаҳрамонӣ мушарраф гардида буд.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»