22 — юми ноябри соли 2022 муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоҳангсози гурӯҳи нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Дилрабо Мансурӣ зимни баромадаш дар нишасти матбуотии ҳайати нозирони АБ ИДМ оид ба натиҷаҳои мониторинги интихоботи президентӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон, ки дар шаҳри Остона баргузор гардид, иброз намуд, ки дар ҷаласа 67 сенатор, вакилони ҳашт парлумони ИДМ, инчунин, кормандони Котиботи Шӯрои ИДМ, коршиносони Институти байналмилалии мониторинги рушди демократияи ИДМ иштирок доштанд.
20-уми ноябри соли 2022 нозирони байналмилалӣ аз қитъаҳои интихоботии Остона, Алмаато, Талдиқӯрғон, вилояти Акмола, инчунин аз Боку, Ереван, Минск, Бишкек, Астрахан, Қазон, Москва, Омск, Санкт-Петербург, Душанбе, Тошканд, Рум, Пекин, Истанбул, Сеул, Бухарест, Анталия ва Париж боздид намуда, дар маҷмӯъ, 121 қитъаи интихоботиро аз назар гузарониданд.
Дар асоси натиҷаҳои мониторинг гурӯҳ қайд мекунад, ки қонунгузории интихоботии Ҷумҳурии Қазоқистон барои баргузории интихоботи демократӣ ва риояи ҳуқуқҳои ҳама иштирокчиёни раванди интихобот шароити заруриро фароҳам овардааст.
- Иштироки шаш номзад дар маъракаи интихоботӣ аз рақобатпазирии раванди интихобот шаҳодат медиҳад, — иброз дошт Дилрабо Мансурӣ.
Бино ба гуфтаи нозирон, комиссияҳои интихоботӣ фаъолиятро тибқи қонунгузории миллӣ ва меъёрҳои байналмилалии интихоботи демократӣ анҷом дода, ба ҳамаи номзадҳо дастрасии баробар ба расонаҳои чопӣ ва электронӣ фароҳам оварда шуд.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ дар доираи сафараш ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон, ҳамчунин, бо роҳбарияти парлумон, Вазорати корҳои хориҷӣ ва Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Қазоқистон мулоқот намуд.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон