Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба соҳаи илму маориф чунин зикр гардидааст: «Дар сиёсати иҷтимоии кишвар соҳаи илму маориф дар оянда низ ҳамчун яке аз самтҳои калидӣ боқӣ монда, Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди он тамоми имконоти худро истифода мебарад» . Барои тавъам намудани илм ва амал Президенти кишвар дар Паёми имсолаи худ ҳамчунин зикр намуданд: «Муассисаҳои Академияи илмҳо вазифадоранд, ки дар иҷрои се ҳадафи стратегии давлат — таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ нақши фаъолона дошта бошанд». Вобаста ба ин масъала Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ба хабарнигорамон чунин ибрози андеша намуд:
- Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи илмро баробар бо соҳаи маориф ва фарҳанг самти афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи давлат ҳисоб мекунад. Вобаста ба ин Президенти кишвар эълон доштанд, ки ба маблағгузории соҳаи илм дар ҳафт соли минбаъда 600 миллион сомонӣ равона мегардад ва таъкид намуданд, ки тамоми олимони Академияи илмҳо самтҳои таҳқиқоти худро асосан барои ҳалли масъалаҳои марбут ба се ҳадафи стратегии кишвар — таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ равона намоянд. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соли 2014 ба таҷдиди нақшаҳои корӣ ва лоиҳаҳои илмии Академияи илмҳо шурӯъ кард ва мо ин се ҳадафро асоси фаъолияти илмии худ қарор додем. Вобаста ба самтҳои афзалиятноки таҳқиқотҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз мавзӯъҳои илмӣ низ таҷдид шуда истодаанд. Тамоми мавзӯъҳои илмӣ, ки дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳқиқ қарор дода мешаванд, бояд аҳамияти амалӣ дошта бошанд.
Сохта ба истифода додани дастгоҳи «Барқии офтобӣ» аз тарафи олимони Академия, ки ду маротиба аз озмоиш гузаронида шуд, дастоварди арзандаи Академияи илмҳо мебошад ва рӯзҳои наздик он соҳиби «Шаҳодатномаи ихтироот» хоҳад гардид. Ин дастгоҳ имкон медиҳад, ки сокинони минтақаҳои дурдаст дар ҳолати набудани барқ онро харидорӣ ва истифода намоянд. Истеҳсоли миқдори зиёди дастгоҳи мазкур дар нимсолаи дуюм, баъд аз гирифтани «Шаҳодатномаи ихтироот» ба роҳ монда мешавад.
Дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал Технопарк — Парки технологии Академия таъсис дода шуд ва мақсад аз таъсиси парки мазкур, пеш аз ҳама, пайвастани илм бо истеҳсолот аст. Яъне, дар дохили Парки технологии Академия мо якчанд корхонаи илмӣ – истеҳсолӣ таъсис хоҳем дод.
Бори аввал «Таърихи шашҷилдаи халқи тоҷик» ба забони русӣ аз тарафи олимони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ чоп гардида, ба дасти хонандагон расидааст, китоби «Таърихи фалсафаи халқи тоҷик (то асрҳои миёна)» дар се ҷилд аз ҷониби олимони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ ба табъ расидааст.
Давоми панҷ моҳи соли 2014 аз ҷониби олимони Академияи илмҳо 599 асари илмӣ ва илмию тадқиқотӣ ба табъ расонида шуд.
Мо бояд ҷиҳати муаррифии илму адабиёт, фарҳанг ва таърихи кишвар дар маҷаллаҳои илмии байналмилалӣ мақолаҳо ба чоп расонем ва миллату кишвари худро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ кунем. Боиси хурсандист, ки як муддати кӯтоҳ мо дар ин ҷода ба дастовардҳо ноил гардидем.
Дар панҷ моҳи соли 2014 аз тарафи олимону кормандони Академияи илмҳо сехи коркарди азоти моеъ ба истифода дода шуд ва мо имрӯз бо боварии пурра гуфта метавонем, ки тамоми эҳтиёҷоти соҳаҳои кишоварзӣ, тиб ва институтҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварро бо азоти моеъ таъмин карда метавонем.
Яке аз масъалаҳои муҳим истифодаи самараноки заминаи моддӣ – техникии Академияи илмҳо мебошад. Олимони фанҳои табиатшиносӣ ба коркард ва истифодаи маъданҳо шурӯъ карданд.
Дар маҷмӯъ, нимсолаи якуми соли 2014 олимони Академияи илмҳо таҳқиқотро аз рӯйи 70 мавзӯи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ ва 31 мавзӯи амалӣ идома дода, натиҷҳои манфиатбахш ба даст оварданд.
Аз ҷумла дар Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон метеоритҳои ғайриодие ба қайд гирифта шудаанд, ки ба атмосфераи Замин ворид гардидаанд. Яке аз онҳо аз рӯйи мадори ретроградӣ (самти муқобил) дар атрофи Офтоб ҳаракат мекард, дигараш бошад, ба тӯдаи метеоритии маълуми Сигма Каприкорнидон тааллуқ дорад, ки дар таркиби вай якчанд астероидҳои наздизаминии андозаашон аз 40м. то як км ҳаракат мекунанд ва баъзеашон барои Замин хавфнок мебошанд.
Дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуд, ки рушди устувори иқтисодиёт яке аз масъалаҳои бунёдии назарияи иқтисодӣ буда, ҷанбаҳои назариявӣ, методологӣ ва методии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то андозае ҳалли худро ёфтааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд «Барномаи рушди индустриалӣ–инноватсиониро то солҳои 2050» қабул намояд. Муқаррар карда шуд, ки таваллуди насли оянда минбаъд аз даромади оила ва мақоми зан дар ҷомеа вобастагӣ дорад. Таҳқиқотҳо нишон доданд, ки дар 15-20 соли охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суръати баланди зиёдшавии шумораи аҳолӣ нигоҳ дошта мешавад.
Сарфи назар аз дастовардҳо, мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки бо истифода аз имконоти мавҷуда дар оянда фаъолиятамонро беш аз пеш густариш бахшем.
Таҳияи Дилором ШЕРАЛИЕВА, «Садои мардум»