Тақриз ва китобиёт

Дастури муфид барои журналистон

№150 (4570) 05.12.2022

 Дар робита ба нашри китоби «Ҳуқуқи журналист» (Маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ)», Душанбе: «Ирфон», 2022, 372 с.)

Муовини директори «Телевизиони Тоҷикис­тон», номзади илмҳои фалсафа Назираи Сарфароз кори арзандаро анҷом додааст. Номбурда санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи воситаҳои ахбори омма ва журналистикаро (то 20-уми апрели соли 2022) дар маҷмӯа мураттаб намуда, онро ҳам дар шакли электронӣ (www.tvt.tj.huquqi-jurnalist) ва ҳам дар шакли чопӣ манзури хонандагон гардонидааст.

Китоби мазкур бо қарори Шӯрои илмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чоп тавсия шудааст.

Ба маҷмӯаи мазкур узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Д. С. Раҳмон ва муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Каримзода сарсухан навишта, баҳои баланд додаанд.

Мураттиб дар ибтидо моддаҳои асосии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба иттилоот, воситаҳои ахбори омма ва журналистика рабт доранд ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалию миллиро ҷамъ намуда, онҳоро вобаста ба аҳамият, дараҷа ва предмети танзим ба чор боб ҷудо намудааст.

Боби якум ба санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти идораи редаксияҳои рӯзномаҳо ва дигар намуди воситаҳои ахбори омма ва журналистонро ба танзим медароранд, бахшида шудааст. Дар ин боб санадҳои зерин гирдоварӣ шудаанд: қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Дар бораи иттилоот», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи ҳифзи иттилоот», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» ва «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ».

Боби дуюми маҷмӯа ба санадҳои меъёрии ҳуқуқие бахшида шудааст, ки соҳаҳои дигарро ба танзим медароранд, аммо ба фаъолияти воситаҳои ахбори омма ва журналистон ҳам дахл доранд. Дар ин боб санадҳои зерин гирдоварӣ шудаанд: қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама», «Дар бораи кино», «Дар бораи фарҳанг», «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», «Дар бораи сирри давлатӣ», «Дар бораи муқовимат ба терроризм», «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти суд­ҳо», «Дар бораи криптография», «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ», «Дар бораи имзои электронии рақамӣ», «Дар бораи алоқаи барқӣ», «Дар бораи иттилооти экологӣ», «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо», «Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият», «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ», «Дар бораи сирри тиҷоратӣ» ва «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият».

Мураттиб ба ғайр аз қонунҳои зикршуда моддаҳои алоҳидаро, ки ба журналистика дахл доранд, аз таркиби кодексҳои гуногун интихоб карда, дар ҳамин боб ҷойгир кардааст. Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисмҳои 1, 2 ва 3), Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамон ҷумлаанд.

Ҳамчунин, қарорҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба соҳаи журналистика дахл доранд, ҷамъоварӣ карда, ба ин боб ҳамроҳ шудааст. (Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ошкоро будани муҳокимаи судӣ ва ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо», Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани қонунгузорӣ оид ба ҳифзи шаъну шараф ва эътибори кории шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ»).

Дар боби сеюми маҷмӯа ба санадҳои зерқонуние таваҷҷуҳ зоҳир шудааст, ки фаъолияти воситаҳои ахбори омма ва журналистонро танзим менамоянд.

Барои мисол, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма», «Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Низомномаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ барои солҳои 2010 – 2025», «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025», «Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2015», «Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2024», «Низомномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», «Барномаи давлатии рушди соҳаи табъу нашр ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026», қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи интернет ва Феҳристи ҳуҷҷатҳо ва сарчашмаҳои иттилоотие, ки бояд ҳатман ба Маркази миллии патентию иттилоотии Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шавад.

Дар боби чорум санадҳои байналмилалие мураттаб шудаанд, ки куллан ё қисман ба фаъолияти воситаҳои ахбори омма ва журналистон бахшида шудааст. Ба ин рӯйхат Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои фитрӣ ва сиёсӣ, Аҳдномаи созмони байналмилалии моликияти зеҳнӣ оид ба ҳуқуқи муаллиф, Созишнома байни ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи воситаҳои ахбори омма, Созишнома оид ба таъсиси инфрасохтори иттилоотии фаъолияти инноватсионии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шакли системаи густурдаи иттилоотӣ ва портали Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Иттилоот барои фаъолияти инноватсионии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» дохиланд.

Умуман, китоби «Ҳуқуқи журналист»-и Назираи Сарфароз на танҳо барои журналистон, балки барои донишҷӯён, магистрон, аспирантон, докторантон, омӯзгорон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони дигар касбу кор метавонад ҳамчун дастури муътамади ҳуқуқӣ хизмат кунад.

У. МЕЛИКОВ,

доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ,

профессори кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии ДДТТ