Дуюми декабри соли равон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ҷаласаи нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои ИДМ оид ба фарҳанг, иттилоот, сайёҳӣ ва варзиш баргузор гардид, ки дар кори он вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода аз тариқи фосилавӣ ширкат кард.
Иштирокчиён масъала дар бораи «Нақши робитаҳои байнипарлумонӣ дар таҳкими фаъолияти парламенти касбӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зоир Раҳмонзода зимни баромадаш гуфт, ки бо печида шудани равандҳои байналмилалӣ, рушди ҳамгироӣ, пайдоиши таҳдиду хатарҳои нави ҷаҳонӣ муносибатҳои байнидавлатӣ хусусияти бисёрҷониба касб кардаанд. Тағйироти пайваста дар муҳтаво ва моҳияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ яке аз унсурҳои муҳими ин равандҳо буда, татбиқи мақсадноки онҳо дар фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи хосаро ишғол менамояд.
- Саҳми Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ ҳамчун платформае, ки дар он қонунҳои намунавӣ дар сатҳи баланди касбӣ таҳия мегарданд, дар таҳким ва такмили қонунгузории миллӣ назаррас аст, — гуфт Зоир Раҳмонзода.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ