Инак, боз моҳи мубораки Рамазон фаро расид. Ин дафъа он ба ҷашнгирии Рӯзи Ваҳдати миллӣ рост омад. Рамазон низ моҳи ваҳдат, якдигарбахшӣ ва тақвияти дӯстист. Аз омадани ин моҳ мардуми мусулмон хушҳолию қаноатмандӣ мекунанд, зеро аз он раҳмати Парвардигор, некию накукории бандагонро интизоранд. Хосса, мардуми шарифи кишвари азизамонро, ки 95 фоиз пайрави дини мубини Исломанд, рӯҳияи шодиву фараҳмандӣ фаро гирифтааст. Мусулмонони кишвар аз он ифтихор мекунанд, ки дар Ватани азизамон барои озодии эътиқоди онҳо тамоми шароит фароҳам буда, дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода шудааст, ки : «Ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд». Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароитҳоро барои анҷоми эътиқоди динӣ муҳайё кардааст. Иди шарифи Рамазон, баъд аз анҷоми моҳи муборак, чун дигар идҳо таври бошукӯҳ таҷлил мешавад.
Рӯза аз ҷумлаи панҷ рукни Ислом аст, ки Худованд барои бандагонаш фарз гардонидааст. Рамазон раҳмату туҳфаи илоҳист барои бандагон, зеро табиист, ки инсон дар ҷараёни зиндагӣ гуноҳ содир мекунад, ба хато меравад. Рамазон моҳест, ки инсон метавонад худро аз ҷурму гуноҳҳо пок созад. Дар ин моҳи шариф рӯҳи инсон тоза гардида, одамон ба якдигар меҳрубонтар мешаванд, дӯстиву ваҳдат таҳким ёфта, теъдоди саховатмандон меафзояд.
Бузургии ин моҳ боз дар он аст, ки дар баробари ибодат ва санҷиши бартарии ақл бар нафс, шахси рӯзадор ҳамзамон бояд аз ғайбат, дурӯғ, дашному суханони қабеҳ ва дигар амалҳои нораво ҳатман худдорӣ кунад. Табиист, ки ҳеҷ кас намехоҳад, ки нафари дигаре нисбати ӯ бадиро раво бинад, бо сухани қабеҳ дилашро озорад. Бинобар ин, ҳар як мусулмон вазифадор аст, ки он чизеро ба худ раво намебинад, ба дигарон низ раво набинад.
Ҳар сол дар моҳи шарифи Рамазон хариду фурӯш дар бозору марказҳои савдо авҷ мегирад. Шахсони боимон дар ин айём ба хотири моҳи шарифи Рамазон ва рӯза кӯшиш менамоянд, ки моли хушсифатро бо нархи арзонтар пешкаши харидорон намоянд, муомилаашонро накутар созанд. Дар баробари худдорӣ аз хӯрдану нӯшидан, риояи адлу инсоф дар ин моҳ барои тоҷирону соҳибкорон хеле муҳиму саривақтист. Ин нуктаро дар табрикоти ҳарсолаи хеш ба муносибати фарорасии моҳи Рамазон ва иди Фитр Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид месозад. Рамазон лаҳзаҳоест, ки шахсони сарватманду доро бо дастгирии ҳамаҷонибаи камбизоатон метавонанд савоби зиёде ҳосил кунанду файзу баракат дар кору фаъолияташон афзун гардад. Дар ҳаққи чунин саховатмандон шайх Аттор фармудааст:
Ҳақ таъоло бар дари Ҷаннат навишт,
Ҷои мардони сахӣ бошад Биҳишт.
Итминони комил дорем, ки моҳи шарифи Рамазон ба таҳкими сулҳу ваҳдат, афзоиши файзу баракат ва дӯстиву меҳрубонӣ мусоидат менамояд.
Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»