Ҳафтуми декабри соли 2022 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
РАИС: — Муҳтарам вакилон!
Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.
Ҳоло дар толор аксари вакилон ҳузур доранд.
Имкон шуд, ки ба кори ҷаласа шурӯъ намоем.
Чӣ гуна андешаҳо ҳаст? Нест.
Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.
Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Дар ҷаласаи имрӯза Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каъбатулло Меликзода ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.
Вакилони арҷманд!
Ба рӯзномаи ҷаласа ду масъала пешниҳод шудааст. Доир ба он таклифу пешниҳоди дигар нест?
Хоҳишмандам нисбати рӯзнома мавқеатонро муайян намоед.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:
1. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ ва моликияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
2. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон».
РАИС: - Ба баррасии масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Аз рӯи масъалаи якум сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода дода мешавад. Марҳамат.
Равшан Раҷабзода:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ ва моликияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи талаботи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Ватанзода, Р. Шоҳмурод, М. Мирзозода, Т. Азимзода ва Р. Раҷабзода таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми октябри соли 2020 таҳти № 373 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми майи соли 2021 таҳти №188 «Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ ва моликияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба лоиҳаи қонуни мазкур як қатор таклиф ва пешниҳод манзур шуд. Бо назардошти таклиф ва пешниҳоди манзургардида, бинобар зарурати омӯзиши ҷанбаҳои сиёсӣ ва иқтисодии лоиҳа ба мақсад мувофиқ дониста шуд, ки аз ҳисоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти судӣ, мутахассисони соҳа ва сохторҳои дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ таъсис дода, бори дигар лоиҳаи қонуни мазкур бозбинӣ карда шавад.
Бо мақсади такмили лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ ва моликияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо дастури муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми июни соли 2021 таҳти №2/ВМ-1096 гурӯҳи корӣ аз ҳисоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалҳои ҳуқуқӣ, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои адлия ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Гурӯҳи корӣ бо назардошти хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро такмил дода, амалияи муосири татбиқи масунияти юрисдиксиониро ҳаматарафа омӯхт.
Мақсади асосии қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ ва моликияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ҷумҳурӣ мебошад, ки дар муносибатҳои маданӣ, иқтисодӣ ё тиҷоратӣ бо давлатҳои хориҷӣ иштирок менамоянд.
Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарҳуқуқии субъектони муносибатҳои ҳуқуқии маданӣ, аз ҷумла давлатро (моддаҳои 1 ва 135) мустаҳкам менамояд.
Дар баробари ин, мутобиқи қисми 3 моддаи 2 ва моддаи 1323 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати хориҷӣ низ ба сифати субъекти ҳуқуқи моликият эътироф мегардад ва мувофиқан дар муносибатҳои ҳуқуқии маданӣ, иқтисодӣ ё тиҷоратӣ метавонад иштирок намояд.
Мутобиқи моддаи 390 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 230 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб кардани давлати хориҷӣ барои иштирок дар парванда ба сифати ҷавобгар ё шахси сеюм, гузоштани ҳабс ба молу мулки ба давлати хориҷӣ тааллуқдошта, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир мебошад ва нисбат ба он аз ҷониби суд татбиқ кардани чораҳо оид ба таъмини даъво, ситониш аз ин молу мулк бо тартиби иҷрои маҷбурии санади судӣ танҳо бо розигии мақомоти ваколатдори давлати дахлдор мумкин аст, агар бо қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад.
Тартиби махсуси даст кашидани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масунияти соҳибихтиёрӣ дар моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаҳои сармоягузорӣ» муқаррар гардидааст.
Аз таҳлили қонунгузории амалкунанда маълум мегардад, ки имкониятҳои ҳифзи субъектони муносибатҳои маданӣ, иқтисодӣ ё тиҷоратии ҷумҳурӣ, ки дар муносибатҳои ҳуқуқӣ бо иштироки давлатҳои хориҷӣ қарор доранд, хеле маҳдуд мебошанд, чунки баррасии баҳсҳо ба розигии давлати хориҷӣ барои амалигардонии юрисдиксияи Тоҷикистон вобаста аст.
Бинобар ин, боби 5 моддаҳои 132-135 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, ки «Хусусиятҳои масъулияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои бо қонунҳои маданӣ танзимшаванда бо иштироки шахси ҳуқуқӣ, шаҳрвандон ва давлатҳои хориҷӣ мутобиқи қонун дар бораи масунияти (иммунитети) давлат ва моликияти он муайян карда мешаванд».
Ҳамин тариқ, яке аз масъалаҳои ҳалталаб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардани нақши давлати хориҷӣ ҳангоми амалигардонии фаъолияти ҳуқуқии хусусӣ (маданӣ, иқтисодӣ ё тиҷоратӣ) дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва ба замони муосир мутобиқ кардани қонунгузории ҷумҳурӣ дар бораи масунияти давлати хориҷӣ ба ҳисоб меравад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадди масунияти давлати хориҷӣ бо назардошти Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва Эъломия оид ба асосҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ки ба риояи соҳибистиқлолии давлат асос меёбад, метавонад муайян карда шавад.
Масунияти давлат дар ҳуқуқи байналмилалӣ принсипе мебошад, ки мутобиқи он давлати соҳибихтиёр ба мақомоти идоракунии ҳокимияти давлатҳои дигар тобеъ нест.
Аз ин принсипи умумӣ истисно низ мавҷуд аст. Чун қоида, давлат масунияти давлатиро дар аҳдҳои маданӣ, иқтисодӣ ё тиҷоратӣ бо шахси воқеӣ ё ҳуқуқии хориҷӣ истифода бурда наметавонад, агар тарафҳои чунин муносибатҳо ба созиши дигар наомада бошанд.
Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид бо мақсади муайян кардани қоидаҳои дақиқ ва якхела оид ба масунияти юрисдиксионии давлат 2-юми декабри соли 2004 «Конвенсия дар бораи масунияти юрисдиксионии давлатҳо ва моликияти онҳо»-ро қабул кард, ки он ба консепсияи масунияти функсионалии давлати хориҷӣ асос меёбад.
Конвенсияи мазкур ҳоло қувваи қонунӣ пайдо накардааст. Бо вуҷуди ин, айни ҳол татбиқи масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ бо қонунҳо ва ё амалияи судии давлатҳои ҷудогона сурат мегирад.
Дар баъзе аз давлатҳо ин масъала бо қонунҳо танзим мешаванд, аз ҷумла дар Австралия, Британияи Кабир, Канада, Покистон, Сингапур, ИМА, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, як қатор кишварҳои Аврупо, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон қонунҳое қабул карда шудаанд, ки тартиби татбиқи масунияти юрисдиксионии давлати хориҷиро муайян менамоянд.
Амалияи судии давлатҳои дигаре, ки низоми ҳуқуқии баъзе аз онҳо ба амсолияи ҳуқуқ асос меёбад ва дигаре дар баробари санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалияи судиро низ ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқ эътироф менамоянд, консепсияи масунияти юрисдиксионии давлат ба инобат гирифта мешавад. Масалан, дар Австрия, Белгия, Юнон, Дания, Норвегия, Финляндия, Ҷумҳурии Федеролии Олмон, Фаронса ва Швейтсария. Яъне, давлати хориҷӣ дар муносибатҳои маданӣ, иқтисодӣ ё тиҷоратӣ бо субъектҳои давлати дигар бояд дар шартҳои баробар қарор дошта бошад. Ҳамин тариқ, агар асоси даъвои судӣ нисбат ба давлати хориҷӣ фаъолияти маданӣ, иқтисодӣ ё тиҷоратии он бошад, чунин давлати хориҷӣ набояд аз масунияти юрисдиксионӣ бархӯрдор шавад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ ва моликияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо назардошти Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи масунияти юрисдиксионии давлатҳо ва моликияти онҳо, амалияи муосир таҳия гаштааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ ва моликияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 6 боб ва 21 модда иборат мебошад.
Боби якуми лоиҳаи қонун ба муқаррароти умумӣ бахшида шуда, дар он мафҳумҳои асосӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ ва моликияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ, имтиёз ва масуниятҳое, ки қонуни мазкур маҳдуд намекунад ва принсипи мутақобила оид ба масъалаҳои татбиқи масунияти юрисдиксионӣ, мустаҳкам шудааст.
Боби дуюми лоиҳаи қонун масъалаҳои розигии давлати хориҷӣ барои амалисозии юрисдиксия аз ҷониби суди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва даст кашидан аз масунияти судиро танзим менамояд.
Дар боби сеюми лоиҳаи қонун, ки моддаҳои 8-13-ро дар бар мегирад, ҳолатҳои ҷудогонаи татбиқ нагардидани масунияти судӣ муайян шудаанд.
Дар боби чоруми лоиҳаи қонун хусусиятҳои татбиқи масуният нисбат ба чораҳои таъмини даъво ва иҷрои ҳалномаи суд бо моддаҳои 14-15 танзим карда шудааст.
Боби панҷуми лоиҳаи қонун ба хусусиятҳои мурофиаи судӣ оид ба парвандаҳо бо иштироки давлатӣ бахшида шуда, дар он масъалаҳои мурофиаи судӣ оид ба парвандаҳо бо иштироки давлати хориҷӣ, ба давлати хориҷӣ супоридани огоҳнома оид ба муҳокимаи судӣ ва ҳалномаи ғоибонаро танзим менамояд.
Боби шашуми лоиҳаи қонун ба муқаррароти хотимавӣ бахшида шуда, дар он масъалаҳои татбиқ намудани қонун нисбат ба муносибатҳои ҳуқуқии то мавриди амал қарор дода шудани он пайдошуда, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонун ва тартиби мавриди амал қарор додани қонун меъёрҳои дахлдор мустаҳкам шудааст.
Ҳамин тариқ, қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ ва моликияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи масунияти юрисдиксионии давлатҳо ва моликияти онҳо, инчунин амалияи муосири давлатҳои хориҷӣ созгор аст.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ ва моликияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад ва ба талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мувофиқ мебошад.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ба тарафдории лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ ва моликияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» овоз диҳед.
РАИС: — Ба маърӯзачӣ ягон савол ҳаст? Нест.
Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.
Лоиҳаи қонун мукаммал аст, мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон боб ба боб, модда ба модда баррасӣ шавад ё яклухт қабул карда шавад?
Пешниҳод аст, ки яклухт қабул карда шавад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ ва моликияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро яклухт ба овоз мемонам.
Хоҳишмандам, мавқеатонро муайян намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ ва моликияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» яклухт ба овоз монда шуда, қабул шуд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ ва моликияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.
РАИС: -Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ мекунем.
Сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дода мешавад. Марҳамат.
Файзиддин Қаҳҳорзода:
-Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии шумо, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо мақсади дастгирии давлатии авиатсияи гражданӣ, солимгардонии вазъи корхонаҳои соҳаи мазкур, инчунин мутобиқ кардани муқаррароти моддаҳои дахлдори Кодекси андоз ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар таҳия карда шудааст, пешниҳод гардидааст.
Дар раванди таҳияи он муқаррароти «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ба назар гирифта шудааст. Тибқи санадҳои мазкур, рушди нақлиёти ҳавоӣ ва васеъ кардани паркҳои ҳавопаймоӣ, баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонӣ дар онҳо, инчунин тақвият бахшидани фаъолияти ширкатҳои миллии ҳавопаймоӣ ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ, зиёд кардани хатсайрҳои ҳавоӣ ҳамчун ҳадафи асосӣ муайян шудааст.
Мутобиқи лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда, даромадҳои ғайрирезидент аз лизинги амалиётӣ (иҷора) барои киштиҳои ҳавоӣ (ҳавопаймо, чархбол) ва муҳаррикҳо, хизматрасонӣ ва таъмири киштиҳои ҳавоӣ (ҳавопаймо, чархбол) аз пардохти андози даромад, инчунин воридоти сӯзишворию моеъҳои кимиёвӣ ва равғанҳои молиданӣ барои киштиҳои ҳавоӣ (ҳавопаймо, чархбол) бевосита аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ, ҳамзамон, воридоти киштиҳои ҳавоӣ (ҳавопаймо, чархбол), муҳаррикҳо бевосита аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ва хизматрасониҳои лизинги амалиётӣ (иҷора)-и ширкатҳои ғайрирезидентӣ ба ширкати ватании ҳавопаймоӣ аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад.
Муҳлати татбиқи имтиёзҳои зикршуда панҷ сол, яъне то соли 2027, пешбинӣ мегардад.
Дар лоиҳа, инчунин ба қисми 12 моддаи 21 Кодекси андоз бо дарназардошти мафҳуми гуногун доштани калимаҳои «молу мулк» ва бо тартиби алоҳида ба иҷора дода шудани объектҳои ғайриманқули давлатӣ калимаҳои «молу мулки давлатӣ» ба калимаҳои «объектҳое, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ тибқи тартиби муқарраргардида ба иҷора дода мешаванд» иваз карда шудааст.
Ҳадаф аз тағйироти мазкур муқаррар кардани ҳадди ақали маблағи иҷора барои объектҳои ғайриманқул ва замин, дуруст муайян кардани манбаъҳои андозбандишаванда мебошад.
Қабули лоиҳаи қонуни мазкур барои иҷрои ҳадафҳои дар стратегия ва барномаҳои давлатӣ, вобаста ба рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ пешбинишуда, инчунин аз байн бурдани ихтилофи назар дар татбиқи Кодекси андоз, мусоидат менамояд.
Бо таваҷҷуҳ ба нуктаҳои қайдгардида, аз Шумо, муҳтарам Раис ва вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухани навбатӣ ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Маҳмадалӣ Қурбонзода дода мешавад.
Маҳмадалӣ Қурбонзода:
-Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия барои баррасӣ супорида шуд.
Бо назардошти вазъи ҷуғрофии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамлу нақли ҳавопаймоӣ, пеш аз ҳама, ҳамлу нақли ҳавопаймоии байналмилалӣ дар рушди иҷтимоиву иқтисодӣ аҳамияти калон дорад. Самтҳои асосии нақлиёти ҳавоӣ дар стратегия ва барномаҳои давлатӣ низ мушаххас пешбинӣ шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки хароҷоти бахши нақлиёт, аз ҷумла нақлиёти ҳавоӣ, қисми зиёди хароҷоти соҳаи сайёҳиро ташкил медиҳад.
Вобаста ба ин, афзоиши миқдори ҳар чӣ бештари парки ҳавопаймоҳои ширкатҳои ватанӣ, кушодани хатсайрҳои нав барои пайваст кардани Тоҷикистон бо мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ ва минтақаи уқёнуси Ором бе дастгирии фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ имконнопазир арзёбӣ мегардад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки номукаммалии хизматрасонӣ дар хатсайрҳои ҳавоии мавҷуда, кам будани шумораи ҳавопаймоҳо, гарон будани арзиши чиптаҳо барои рушди сайёҳӣ таъсири манфӣ расонида истодааст.
Қабули лоиҳаи қонуни зикршуда барои баланд бардоштани устувории хатсайрҳои ҳавопаймоӣ, идоракунии беҳтари паркҳои ҳавопаймоӣ, зиёд шудани интихоби хатсайрҳои ҳавопаймоӣ аз ҷониби мусофирон, коҳиши арзиши хизматҳо ва чиптаҳои ҳавопаймоӣ, ҳамчунин аз байн бурдани ихтилофи назар дар татбиқи муқаррароти Кодекси андоз, мусоидат менамояд.
Лоиҳаи қонуни зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон ҷонибдорӣ карданд ва аз ҷониби Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон як таклиф пешниҳод гардид, ки он ба назар гирифта шуд.
Лоиҳаи қонун дар кумита бо тартиби муқарраргардидаи Дастури Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардида, расмиёти дохилиро гузашта, ба моддаи 60-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба талаботи дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.
Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Ба маърӯзачӣ ягон савол ҳаст? Нест.
Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул шуд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.
РАИС: — Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!
Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа пешбинӣ гардида буданд, баррасӣ шуданд. Барои иштироки фаъолонаатон изҳори миннатдорӣ намуда, ҷаласаи имрӯзаро пӯшида эълон менамоям.
Хӯҷаназари АМИНИЁН,
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ