«Ҳукумати Тоҷикистон дар раванди татбиқи сиёсати давлатии кадрҳо ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону ҷавонон, фаъол гардонидани нақши онҳо дар ҳаёти ҷомеа ва ҷавонгардонии синну соли ҳайати кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти давлатӣ диққати ҷиддӣ медиҳад» — омадааст дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2014.
Дар робита ба ин нуктаи Паёми Сардори давлат мудири бахши кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор Кибриё Тошева дар суҳбат бо хабарнигорамон чунин ибрози назар кард:
-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари таҳкиму дастовардҳои соҳаҳои гуногун, инчунин роҷеъ ба тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд ва эҷодкор низ сухан ронд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди татбиқи сиёсати давлатии кадрҳо ва масъалаи баланд бардоштани мақоми зан эътибори асосӣ медод ва минбаъд низ эътибор хоҳад дод. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор низ дастурҳои Сардори давлатро сармашқи кори худ намуда, кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки ҷиҳати татбиқи «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон ва духтарони болаёқат барои солҳои 2007-2016» пайваста кор барад.
Ҳоло дар ноҳияи Ҳисор нуҳ нафар духтарону занон дар вазифаҳои масъули мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, 19 нафар дар мақомоти худидораи шаҳраку деҳот, 13 нафар ба ҳайси масъули идораҳои давлатӣ, 2342 нафар дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1053 нафар дар соҳаи тандурустӣ фаъолият доранд, ки 20 фоизи занони қобили меҳнати ноҳияро ташкил медиҳанд.
Бахши кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тадриҷан амалӣ намуда, барои ҷалби бештари занону ҷавонон ба вазифаҳои роҳбарӣ, баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбӣ ва қобилияти ташкилотчигии онҳо диққати махсус медиҳанд.
Яке аз роҳҳои паст намудани шиддати бекорӣ дар ҷумҳурӣ эҳёи ҳунарҳои дастӣ ва дигар намудҳои косибӣ барои занону духтарони хонашин мебошад, ки ин нукта низ дар Паём зикр шудааст. Дар робита ба ин масъала ҳамсуҳбати мо гуфт, ки давоми як соли охир шумораи корхонаю муассисаҳо дар ноҳия зиёд гашта, духтарон имконият пайдо карданд, ки ба касбомӯзӣ машғул шаванд. Аз ҷумла ҳудуди 485 нафар дар курсҳои кӯтоҳмуддат таҳсил намуда, соҳиби ҷойи кор гаштанд.
Инчунин К. Тошева илова кард, ки моҳи декабри соли 2013 то марти соли 2014 дар Ҷамоати деҳоти «Навобод»-и ноҳияи Ҳисор курси кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ таъсис дода шуд, ки 18 нафар духтарон соҳиби шаҳодатнома гардиданд. Моҳи январи соли равон дар деҳаи Ҳисори деҳоти «Ҳисор» ба 27 нафар занону духтарон касби зардӯзӣ омӯзонида шуд ва онҳо моҳе то 1000 сомонӣ даромади соф ба даст меоранд. Бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар деҳаи Қарамқули деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода 20 нафар занону духтарони хонанишин дӯхтани тоқиҳои чустиро омӯхтанд, ки моҳонаашон 600 сомониро ташкил медиҳад.
Дар Паёми Сардори давлат таъкид шудааст, ки «…солҳои охир нуфузи занон дар самти соҳибкорӣ бештар гардида, имрӯз онҳо беш аз 30 фоизи соҳибкорони мамлакатро ташкил медиҳанд».
Дар ин росто, К.Тошева афзуд, ки дар бахши соҳибкорӣ дар ноҳияи Ҳисор занон баробари мардон фаъолият мекунанд, ки мисоли инро метавон дар симои соҳибкорзан Мавҷуда Ҳакимова дид. Ин зани саховатпеша муддати 15 соли фаъолияташ сари чандин бепарасторонро сила карда, ба муҳтоҷони зиёд дасти ёрӣ дароз намудааст. Ӯ соли 2013 як кӯдакистонро барои 72 нафар ба истифода дод, ки дар ин замина 15 нафар занон соҳиби ҷойи кор гардиданд.
Мавсуф дар идома зикр намуд, ки нақши занон дар рушди соҳаи кишоварзии ноҳия низ арзанда аст. Айни замон 680 нафар занон сарварии хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ҳисорро бар уҳда доранд.
-Мо аз Паёми Президенти мамлакат рӯҳу илҳоми тоза гирифта, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки боз ҳам хубтару беҳтар кор карда, баҳри ободии диёри азизамон саҳми босазо гузорем, — изҳор дошт дар поёни суҳбат К.Тошева.
Хайруллои АБДУВАҲҲОБ, «Садои мардум»