Тибқи дастуру супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» навсозӣ мегардад.
Дар асоси лоиҳа деворҳои куҳандиз эҳё гардида, бинои маъмурӣ, иншооти намодӣ иборат аз хонаву ҳавлиҳои қадимаи шаҳри Хуҷанд, меҳмонхонаву осорхона, чойхона, нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти ёрирасон бунёд меёбанд. Бино ба иттилои масъулин, ба таъмиру навсозии маҷмаа сохтмончиёни даҳ ширкати бинокории маҳаллӣ ва ҳунармандон аз ноҳияи Риштони вилояти Фарғона сафарбар шудаанд.
Чанде қабл раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳо шинос гардида, ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонидан дастур дод.
Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» яке аз мавзеъҳои таърихиву сайёҳии вилояти Суғд маҳсуб ёфта, дар соҳили рости дарёи Сир ҷойгир шуда, ба асри VII тааллуқ дорад. Он аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат ба рӯйхати даҳ мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон дохил гардидааст.
Мухтори АБДУЛЛО,
«Садои мардум»