Лахш — диёри муъҷизаҳо

№153 (4573) 14.12.2022

DAzAUAFXUAA6IMvХабарнигори рӯзнома бо муовини раиси ноҳияи Лахш Муқим Ҷобирзода дар мавзӯи туризм

суҳбат орост, ки фишурдаи онро манзури хонандагони рӯзнома мегардонем.

- Лахш яке аз ноҳияҳои зебоманзари Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар баландии  зиёда аз 1700 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад ва беш аз 95 фоизи ҳудуди онро қаторкӯҳҳо ташкил медиҳанд. Ноҳия барои рушди  соҳаи туризм, махсусан туризми экологӣ ва кӯҳию варзишӣ,  хеле мусоид мебошад, — гуфт М. Ҷобирзода ва суханашро идома дод:

 - Бинобар ин, дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019 -2020 ва таъмини рушди сайёҳӣ дар ноҳия аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш чораҳои амалӣ роҳандозӣ гардидааст.

Дар бораи имконият ва мавзеъҳои сайёҳии ноҳия аз тарафи масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия маълумотнома таҳия гардида, дар сомонаи расмии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҷойгир шудааст.

Аз тарафи ҳайати эҷодии ҳафтаномаи ноҳиявии «Паёми Ориён» китоби махсус бо номи «Лахши неъматбахш» ба чоп расид, ки дар он мавзеъҳои сайёҳию таърихии ноҳия боз­гӯӣ шудааст.

Ҳамин гуна маълумот дар бораи осоишгоҳи «Тандиқул», ки 26 километр дуртар аз маркази ноҳия дар яке аз дараҳои хушманзара ҷойгир буда, бо оби гармчашмаи шифобахшаш дар ҷумҳурӣ ва берун аз он машҳур аст, дар сомонаи алоҳида ҷойгир гардидааст.

Дар ноҳия 7 меҳмонхона, ки дар умум дорои 162 ҷои хоб мебошанд ва 5 ошхонаи миллӣ ташкил шуда, дар баробари ба сайёҳони хориҷию дохилӣ хизмат расонидан, инчунин барои таъсиси ҷойҳои нави кор мусоидат намуд.

Илова бар ин, дар мағозаҳои маркази ноҳия гӯшаҳои намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ташкил шудааст, ки меҳмонони дохилию хориҷӣ метавонанд маҳсулоти омодакардаи ҳунармандони ноҳияро харидорӣ намоянд.

Дар ноҳия ду ширкати сайёҳӣ — «Алтин-мазор» самти фаъолияташ — ташкили саёҳати шикорӣ ва «Арча — сайр» самти фаъолият — ташкили шикор, лижаронӣ, велосипедронӣ ба қайд гирифта шуданд.

Дар деҳоти ноҳия 38 бунгоҳи тиббӣ мавҷуданд, ки аз ин 5 адад дар маҳалҳои дар канори хатсайри барои сайёҳони дохилию хориҷӣ пешбинигардида ҷойгиранд. Инчунин, дар канори хатсайри барои сайёҳони дохилию хориҷӣ пешбинигардида банкомат, 9 нуқтаи пардохти ҳаққи хизмати алоқаи мобилӣ мавҷуд буда, 4 маркази хизматрасонии автомобилии сарироҳӣ фаъолият доранд, ки сайёҳон метавонанд аз онҳо истифода намоянд.

Инчунин, дар ноҳия якчанд оила дастаҷамъона ба намад­резӣ машғуланд, ки маҳсулоти тайёрнамудаи онҳоро сайёҳон бо шавқу рағбат харидорӣ менамоянд.

Бо мақсади  шинос шудан аз мавзеъҳои сайёҳии ноҳия  солҳои 2009-2019 аз Россия, Украина, Чехия, Эрон, Булғористон, Франсия, Олмон, Туркия  ва дигар кишварҳо беш аз 2000 сайёҳ ташриф оварданд.

Аз соли 2010 то соли 2019, ҳамасола аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии «Шӯрои рушди туризм» Экспедитсияҳои байналмилалии куҳнавардӣ барои фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ доир шуданд, ки тавассути ҳудуди ноҳияи Лахш сурат гирифта буд. Мутаассифона, аз соли 2019 инҷониб экспедитсияи мазкур доир нагардид.

Боиси зикр аст, ки  дар наздикии қуллаи Исмоили Сомонӣ (собиқ Коммунизм – баландиаш 7495 метр) майдончаи Москвина мавҷуд аст, ки макони асосии куҳнавардон буда, барои фатҳ намудани қуллаи Исмоили Сомонӣ, қуллаи Корженевская, дидани пиряхи Федченко ташриф меоранд.

Биноан, аз тарафи ширкати «Қуллаҳои тоҷик» дар мавзеи Москвина боз як адад бошишгоҳи дорои шароити замонавӣ барои куҳнавардону сайёҳон бунёд гардид.

Тавре зикр шуд, дар ноҳия мавзеи табобатии Тандиқул ҷойгир аст, ки бо оби шифобахш машҳур аст. Оби он барои бемориҳои ҷигар, пӯст, асаб, ревматизм ва дигар касалиҳо даво мебошад. Илова бар ин, барои бемориҳои занона, махсусан безурётӣ ва бисёр бемориҳои дигар, фоидаовар аст. Оби ин сарчашма аз зери замин фаввора зада, 950 С  гармӣ дорад.

Дар ноҳия, ҳамчунин ёдгориҳои таърихӣ петроглифҳо мавҷуданд. Яке аз онҳо дар деҳаи Себистони деҳоти «Сайлиобод» ҷойгир буда, Ғори Сиёҳ ном дорад. Таърихшиносон муайян кардаанд, ки он ба давраи то милод мансуб буда, дар сангҳояш акси одамони қадим, ҳайвонот ва дигар расмҳои диданиву тамошобоб нақш бастаанд.  Чунин навиштаҷоту аксҳо дар наздикии деҳаи Бушолони деҳоти «Сурхоб», мавзеи Тандиқули деҳоти «Нурафшон» низ мавҷуд мебошанд.

- Онҳоеро, ки муъҷизаҳои табиатро дидан мехоҳанд, даъват менамоям, ки биёянду аз тамошо лаззат баранд, — гуфт дар охир М. Ҷобирзода.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»