Таи ду соли охир дар ноҳияи Ванҷ аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 20 иншооти иҷтимоӣ бунёд гардид, ки ба ҳалли мушкилоти сокинон ва бо кор таъмин кардани онҳо мусоидат намуд. Аз ҷумла, дар Вишхарвак, ки дурдасттарин деҳоти ноҳия аст, бо ташаббуси соҳибкор Муфарраҳ Муҳаббатов маркази сайёҳӣ иборат аз тарабхона, меҳмонхона, ҳавзи шиноварӣ, ошхона ва боғоту гулгаштҳо бунёд ёфта, дар масофаи 500 метр дарёи Ванҷоб соҳилбандӣ гардид.
Ҳамчунин, дар ҳамин деҳа аз тарафи соҳибкори номбурда майдончаи варзишӣ муҷаҳҳаз бо тамоми шароити муосир бунёд ёфт. Он дорои ҳазор ҷои нишаст буда, барои машғулият ва фароғати варзишгарон шароити мусоид фароҳам овардааст.
Бо ташаббуси соҳибкор фермаи чорводорӣ сохта шуда, якуним километр роҳи деҳа шағалпӯш гардид.
Чунин амали нек аз тарафи соҳибкор Розиқ Гиёев низ анҷом дода шуд. Ҳоло дар подомони пиряхи Хирсон тарабхонаи Розиқ барои гузаронидани чорабиниҳо, аз ҷумла тӯю дигар маросим хизмат мекунад.
Дар деҳоти «Техарв» низ чанде пеш тарабхонаи «Нури Зиё» аз тарафи соҳибкор Фаррух Зиёев кушода шуд. Акнун сокинони деҳоти «Техарв» ва «Ҷовидон» метавонанд дар фасли замистон ҳам чорабиниҳоро дар тарабхона гузаронанд.
Дар маркази ноҳия бошад, соҳибкорон Давлатбег Раҳматихудоев ва Зафар Шарипов низ меҳмонхонаҳои замонавӣ бунёд карда, барои қабули мусофирон шароит муҳайё намудаанд.
Инчунин, дар ноҳия корхонаҳои консервакунонӣ, афшураи шарбат, истеҳсоли собун, паниру дигар маҳсулоти хоҷагии қишлоқ фаъолият доранд.
Ба гуфти сармеъмори ноҳия Манучеҳр Иброҳимов, бахшида ба ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия зиёда аз 300 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки дар бунёди онҳо соҳибкорон саҳми арзанда мегузоранд.
Пайшамбӣ ШОҲЗОДА,
«Садои мардум»