Муовини якуми раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахон Ғиёсов зикр намуд, ки айни ҳол дар мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин як Маркази исломӣ, 49 масҷиди марказӣ, 371 масҷиди ҷомеъ, 3591 масҷиди панҷвақта, 65 мадрасаи мутавассита, 72 иттиҳодияи динии ғайриисломӣ, як ҷамоатхона, як ҷамоаи динии ғайриисломӣ ва дар маҷмӯъ 4092 иттиҳодияи динӣ ба қайд гирифта шудааст.
Кумита ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани ташкил ва баргузории мавсими ҳаҷи соли 2014 як силсила корҳои мушаххасро ба анҷом расонд. Озмуни роҳбаладони мавсими «Ҳаҷ-2014»-ро дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Хуҷанд ва Душанбе доир намуд. Нархномаи роҳкиро, манзил, хароҷоти шабонарӯзӣ ва хизматрасонӣ дар мавсими «Ҳаҷ-2014» бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шуд ва маблағи он 18 ҳазору 164 сомониву 92 дирам муқаррар гардид.
Дар шашмоҳаи авввали соли 2014 аз ҷониби комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо 341 адад парванда оид ба вайрон намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тартиб дода, ҷиҳати чораандешӣ ба судҳо ирсол гардид, ки 336 адади он баррасӣ ва 5-тои он дар истеҳсолот қатъ карда шуд. Маблағи умумиии ҷаримаҳо 1 миллиону 182 300 сомониро ташкил медиҳад.
Кумита бо мақсади ҳифзи беолоишии фазои андешаи динӣ дар кишвар, инчунин инъикоси дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи дин, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ба даст омадаанд, маҷаллаи «Дин ва ҷомеа»-ро шурӯъ аз моҳи май аз чоп баровард.
А. МӮСОЕВ, «Садои мардум»