Илм собит намудааст, ки дар манзумаи офтобӣ аввалин нишонаҳои ҳаёт пас аз таркиши нахустин дар коинот 13,7 миллиард сол қабл ба вуҷуд омада буд, ки ин рақамро донишмандон «умри коинот» таъбир кардаанд. Аз ҷумла, яке аз унсурҳои асосии ҳаёт – об дар сайёраи Замин тақрибан 4-4,5 миллиард сол пеш аз ин дар натиҷаи бархӯрди Замин бо сайёраи дигар пайдо шудааст, ки феълан 71 дарсади онро об ташкил медиҳад.
Агар мо маҷмӯи обҳои Заминро ба ҳиссаҳо ҷудо кунем, онҳо дар чор бахш маҳфузанд: 1) уқёнусҳо, 2) пиряхҳо, 3) обанборҳо, 4) обҳои зеризаминӣ. Тибқи ҳисоби муҳаққиқон, обҳои шӯри уқёнусӣ 96,4 дарсад, обҳои гидросфера, пиряхҳо – 1,86, обҳои зеризаминӣ — 1,68 ва обҳои рӯизаминӣ ва обанборҳо 0,02 дарсадро ташкил медиҳанд. Ҳамзамон бо ин, обҳо дар гидросфера, асосан дар шакли моеъ 98 дарсад, сахтӣ (пирях ва барф) — тақрибан 2 ва дар шакли буғӣ 0,001 дарсад мавҷуданд. Вале, бо вуҷуди ҳамаи ин, дар сайёраи мо танҳо 2,5-3 дарсадро оби тоза, яъне обе, ки намаки он аз – 0,5 зиёд нест, ташкил медиҳад. Мусаллам аст, ки пиряхҳо 90 дарсади оби тозаи сайёраи моро таъмин мекунанд ва бахши боқимондаи он дар дарёҳо, кӯлҳо, чашмаҳо ва абрҳо маҳфузанд.
Феълан зиёда аз 3 миллиард сокини сайёра аз норасоии оби тоза танқисӣ мекашанд ва тибқи пешгӯиҳои олимон ин шумора то соли 2025 қариб ба 4 миллиард нафар мерасад. Ҳар рӯз, бино ба нарасидани оби тоза дар кураи Замин, аз 800 то 1000 кӯдаки то 5-сола мефавтанд. Бояд гуфт, ки яке аз сабабҳои асосии зудтар об шудани пиряхҳо тағйирёбии бесобиқаи иқлим ва баландшавии ҳарорати миёнаи ҳаво буда, инчунин, бо сабаби истифодаи ғайриоқилонаи оби тоза, хусусан дар кишоварзӣ (то 78 дарсад оби тоза барои кишоварзӣ сарф мешавад) миқдори оби тоза коҳиш ёфта истодааст.
Мақсад аз зикри ин нуктаҳои муҳим равшан шудани моҳияти ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои марбут ба об, оби тоза, сарчашмаҳои обӣ, ҳифзи пиряхҳо, дипломатияи об, истифодаи муассиру оқилонаи он буда, ҳадафи калидии онҳо, ба андешаи ман, ҳалли яке аз мушкилоти умдаи башарият, яъне раҳоӣ аз буҳрони обӣ, ба ҳисоб меравад.
Тавре ки шумо огоҳ ҳастед, 14-уми декабри соли равон Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-ум қатъномаи соли 2025 — «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 154 кишвари аъзои СММ пазируфта шуд.
Қабули чунин қатъномаи муфид боиси ифтихору сарфарозии ҳамаи мо — олимони тоҷик ва аҳли ҷомеа маҳсуб мешавад. Дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои ироашудаи Президенти кишвар аз ҷониби кишварҳои аъзои СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:
- эълон гардидани 21-уми март ҳамчун «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»;
- эълон шудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»;
- дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;
- дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе.
Афзун ба ин, бо ҳамоҳангии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар доираи муқаррароти қатъномаи мазкур Хазинаи байналмилалии мақсадноки эътимод ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо таъсис дода мешавад, ки ҳадафи усулии он таҳқиқоти бунёдӣ оид ба масоили омӯзиши пиряхҳо мебошад. Бидуни шубҳа, қабули ин гуна қатънома ба вуҷуд омадани платформаеро замина мегузорад, ки олимон, сиёсатмадорон ва аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонанд масъалаи роҳҳои омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳоро коркард ва онҳоро татбиқ намоянд.
Мусаллам аст, ки яке аз масъалаҳои ҳалталаб ва мубрам, ки аҳли сайёраро ба ташвиш овардааст, таъсири тағйирёбии глобалии иқлим ба захираҳои обӣ ва ҳолати зудобшавии пиряхҳо мебошад. Бояд зикр кард, ки масъалаи мазкур ҳамеша дар мадди назари Пешвои миллат қарор дошта, оид ба ҳалли ин масоил аз минбарҳои бонуфузи дунё пешниҳодоти наҷибро ироа карданд ва ин ташаббусҳо аз ҷониби мамолики ҷаҳон дастгирӣ ёфтанд. Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки масъалаҳои вобаста ба мушкилоти об дар қатори дигар таҳдиду хатарҳо, ки ҳоло ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст, яке аз масъалаҳои умдаи башарият мебошад. Чунончи, бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи умумии СММ (1-уми октябри 1999) дар саросари ҷаҳон соли 2003 — «Соли оби тоза» эълон шуд. Соли 2023 аз ташаббуси якуми ҷониби Тоҷикистон 20 сол сипарӣ мегардад, вале масъалаи бо оби тоза таъмин намудани аҳолии сайёра рӯз ба рӯз муҳим арзёбӣ мегардад.
Сипас, 23-юми декабри соли 2003 бо ташаббуси дигари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи умумии СММ дар асоси Эъломияи Душанбе қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2005-2015 — ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои ҳаёт» эълон кард. Дар раванди татбиқи даҳсолаи мазкур, ҷониби Тоҷикистон мизбони якчанд ҳамоишҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ гашт.
Масъалаи тақсимоти захираҳои обӣ байни кишварҳои олам дар баъзе ҳолатҳо ба сар задани муноқишаҳо таҳдид менамуд. Вобаста ба он ки дар миқёси ҷаҳон беш аз 240 дарёи байнидавлатӣ мавҷуд аст, ки аз онҳо зиёда аз 170 кишвари гуногуни дунё истифода менамоянд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи мазкурро дарк намуда, 21-уми июни соли 2012 дар шаҳри Рио-де-Жанейро (Бразилия) дар чорабинии муштараки ЮНЕСКО ва механизми «СММ — об» оид ба масоили истифодаи оқилона ва самараноки об суханронии пурмуҳтаво намуда, оид ба эълон намудани соли 2013 ҳамчун «Соли дипломатияи об»-ро пешниҳод намуданд. Маҳз, ҳамин пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба назар гирифта, Маҷмааи умумии СММ 20-уми декабри 2010 соли 2013-ро «Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об» эълон кард, ки он аз ҷониби 190 кишвари олам дастгирӣ ва пуштибонӣ ёфт.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама кӯшишу ғайратро баҳри ҳалли на танҳо мушкилоти кишвар, балки проблемаҳои минтақавию ҷаҳонӣ сафарбар намуда, ҳамеша тадбирҳои судманд меандешанд. Таҳлили натиҷаҳои амалишавии ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон собит намуданд, ки оид ба ҳалли мушкилоти об барои ҳар чӣ дастаҷамъона сафарбар намудани ҷомеаи ҷаҳонӣ иқдомоти дигаре зарур аст.
Пешниҳоди навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 21-уми декабри соли 2016 зимни ҷаласаи пленарии Маҷмааи умумии СММ бо ҳаммуаллифи 177 кишвари аъзои он таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» қабул гардид, нишонаи бебаҳси ин гуфтаҳост.
Ҳамчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси мушоҳидаю омӯзишҳои ҳамаҷонибаи масоили марбут ба иқлим ва захираҳои обии Осиёи Марказӣ — таъмин кардани мамолики Осиёи Миёна бо оби тоза тавассути таъсис додани Консортсиуми байналхалқӣ доир ба истифодаи оби кӯли Сарез ва Бунёди байналмилалии ҳифзи паряхҳоро пешниҳод намуданд, ки ташаббусҳои мазкур ба ҳалли мушкилоти минтақавӣ равона шудаанд. Масъалаи таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, 31-уми август — 4-уми сентябри соли 2009 дар Форуми сеюми ҷаҳонӣ оид ба иқлим (ш. Женева) ва 7-ум — 8-уми декабри соли 2009 дар конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим (шаҳри Копенгаген) пешниҳод гардид. Тоҷикистон аз ҷумлаи он кишварҳоест, ки бинобар ифлосшавии атмосфера ва дигаргун гаштани иқлим аз солҳои шастуми асри гузашта бо суръати баланди обшавии пиряхҳо дар ҳудуди худ мувоҷеҳ аст. Албатта, ин маънои онро надорад, ки обшавии пиряхҳо танҳо манфиат ё зарари Тоҷикистон аст. Имрӯз дар ҷаҳон ин раванд суръати бесобиқа дорад ва бетафовутӣ нисбат ба он барои оянда даҳшатбор хоҳад буд. Аз рӯи ҳисоби мутахассисон, агар тамоми пиряхҳои ҷаҳон об шаванд, сатҳи об дар рӯи Замин 64 метр баланд мешавад, ки ин ба фано гаштани ҳаёт дар як қисмати аъзами сайёраи мо оварда мерасонад.
Ба ин мушкилот Пешвои миллат ҳанӯз дар интиҳои солҳои 90-уми асри ХХ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, паҳлуҳои гуногуни онро дар мақолаи хеш — «Тоҷикистон дар остонаи асри XXI» (рӯзномаи «Независимая газета»-и Федератсияи Россия, аз 7-уми декабри соли 2000) мавриди тадқиқи ҳамаҷониба қарор додаанд. Дар мақолаи мазкур Президенти ҷумҳурӣ сатҳи экологии Осиёи Марказиро дар мисоли Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода, навиштаанд, ки дар натиҷаи гармшавии ҳарорати сатҳи сайёра дар 50 соли охир 1/3 ҳиссаи захираи оби яке аз пиряхҳои калонтарини Осиёи Миёна — Федченко кам шудааст. Илова бар ин, Пешвои миллат дар мақолаи таҳлилиашон чунин таъкид намудаанд: «Табиати сайёра силсилаҳои зиёди гарму сардшавии иқлимро медонад, вале мо алҳол давраи гармшавиро аз cap мегузаронем ва агар ин тамоюл идома ёбад, гумон аст, ки дар сад соли наздик аз пиряхи Федченко чизе боқӣ хоҳад монд.
Боиси ифтихору сарфарозии ҳар як тоҷику тоҷикистонист, ки 14-уми декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми ҷониби Тоҷикистон дар бораи эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» қабул гардид.
Бояд зикр намуд, ки ин ташаббус аҳамияти махсуси таърихӣ дошта, нисбат ба дигар иқдомҳо ҳамчун ташаббуси нодир арзёбӣ мегардад, чунки дар қатори эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», инчунин аз соли 2025 сар карда, ҳар сол дар саросари олам санаи 21-уми март – «Рӯзи байнамилалии ҳифзи пиряхҳо» ҷашн гирифта мешавад. Барои маблағгузории ҳифзи пиряхҳо дар сохтори Созмони Милали Муттаҳид фонди махсус таъсис дода шуд. Ҳамзамон, барои натиҷагирии ташаббуси мазкур соли 2025 дар пойтахти кишварамон — шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор хоҳад гардид.
Бояд зикр кард, ки дар асоси иқдомоти Пешвои миллат дар сохтори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, инчунин Муассисаи давлатии «Маркази омӯзиши пиряхҳо» таъсис дода шуд, ки таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ дар самти идораю истифода ва ҳифзи манобеи обӣ, инчунин ҳолати обшавии пиряхҳо гузаронида мешаванд.
Дар ҳақиқат, манобеи обӣ, хусусан пиряхҳои Тоҷикистон як мавзеи нотакрор ва майдони нодире ҳастанд, ки таҳқиқоти муштараки байналмилалиро тақозо доранд.
Феълан барои ҳалли мушкилоти вобаста ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар якчанд асноди меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, дар ҷараёни татбиқ қарор доранд, аз ҷумла:
- Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав соли 2020;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини оби ошомиданӣ ва рафъи обҳои партов» (соли 2019);
- «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои давраи то соли 2030»;
- «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030»;
- «Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025» (35 чорабинӣ);
- «Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030»;
- «Барномаи беҳтар намудани таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи ошомиданӣ барои солҳои 2008-2020».
Соли 2020 дар доираи беш аз 28 лоиҳаи сармоягузорӣ корҳои барқарорсозӣ ва сохтмони иншооти хоҷагии об ба маблағи қариб 351 млн. доллари ИМА амалӣ гардидааст.
Айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ, кишвар ва роҳбари ташаббускоре эътироф гардидаанд, ки масъалаҳои марбут ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо танҳо бо иштироки ҷониби Тоҷикистон қабул хоҳанд гардид.
Даҳсолаи охир дар 150 соли охир гармтарин дар мизони ҷаҳонӣ буд ва ҳарорати рӯи сайёраи мо қариб 1°С афзуд. Тибқи арзёбии Панели бонуфузи байниҳукуматӣ оид ба тағйирёбии иқлим (IPCC), агар чунин раванд идома ёбад, ҳолати ояндаи ҷаҳон метавонад боз ҳам бадтар шавад,
Таъсири манфии тағйирёбии иқлим то кунун ба бисёр минтақаҳои сайёраи мо, аз қабили Арктика, Антарктика ва Осиёи Марказӣ ба таври қобили мулоҳиза эҳсос мешавад. Тибқи андозагирии моҳвораӣ, қабати ях дар уқёнуси Арктика пайваста коҳиш меёбад ва дар солҳои 2019-2021 ба ҳадди ақали рекордӣ расидааст.
Чунин тамоюл дар дигар минтақаҳои ба Тоҷикистон наздиктар дар Осиёи Марказӣ низ мушоҳида мешавад. Дар шимоли баҳри Хазар дар даҳсолаи охир кам шудани яхбандии зимистона мушоҳида мешавад.
Пиряхҳо дар кӯҳҳои Осиёи Миёна ва дигар манотиқи ҷаҳон хеле кам гардида, босуръат об мешаванд. Дар натиҷа, нигарониҳо зиёд мешаванд, ки тағйирёбии иқлим метавонад норасоии обро афзоиш диҳад ва ба экосистемаҳо, истеҳсоли ғизо ва саломатӣ таъсири манфӣ расонад.
Мувофиқи моделҳои ҳозира то солҳои 2030-2050 пиряхҳои майда, ки то 1 км2 масоҳат доранд, тамоман аз байн рафтанашон эҳтимол дорад. Сатҳи ин гуна пиряхҳо ҳамин ҳоло пур аз кафидагиҳо ва кӯлҳост ва ин ҳолат далели костагию деградатсияи он ба шумор меравад.
Пажӯҳишҳои экспедитсионии саҳроӣ, моҳвораӣ, истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишини Маркази омӯзиши пиряҳои АМИТ нишон доданд, ки суръати зуд коҳиш ёфтани пиряҳои Тоҷикистон нисбат ба солҳои қаблӣ ба мушоҳида мерасанд. Тамоюли суръати коҳишёбии пиряхҳо дар болооби Зарафшон ва Кофарниҳон нисбат ба дигар минтақаҳо зиёдтар аст, чунки суръати обшавии миқёси пиряхҳои аз як километри квадратӣ хурд нисбатан зиёд буда, сатҳи ҷойгиршавии онҳо дар муқоиса бо пиряхҳои Помири Шарқӣ поёнтар аст.
Мутахассисони Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар муддати моҳҳои июн-августи соли равон ҷиҳати таҳқиқу омӯзиши пиряхҳои Федченко, Хирсон, РГО ва пиряхҳои ҳавзаи кӯлҳои Қароқӯл ва Искандаркӯл корҳои муҳими пажӯҳишӣ анҷом доданд. Аз ҷумла, аз ҷониби Маркази омӯзиши пиряхҳо дар доираи «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон» экспедитсияҳои муштарак ташкил намуданд, ки дар он мутахассисони пажӯҳишгоҳҳои Швейтсария низ ширкат варзиданд.
Мувофиқи маълумоти метеостансияи назди пиряхи №139-и ҳавзаи Қароқӯл, ки аз ҷониби МДИ «Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ» насб шуда буд, ҳарорати ҳавои максималии минтақа соли 2020 -14°С, соли 2021 — 16°С ва соли 2022 — 18°С-ро ташкил намуд. Ин нишондиҳанда далели он аст, ки соли 2022 ҳарорати ҳаво дар ин минтақа нисбат ба соли пешин 2°С зиёд шуда, сабаби аз ҳад зиёд об шудани барфи болои пирях гаштааст.
Дар сатҳи ҷаҳонӣ барномаҳои тадқиқоти илмӣ, тадбирҳои сиёсӣ ва техникӣ оид ба мубориза бо тағйирёбии иқлим таҳия шудаанд ва амал мекунанд. Дар ин бахш чор пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба об назаррас мебошанд. Бо вуҷуди ин, саҳмгузории бештар талаб карда мешавад. Зарур аст, ки ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон ба муҳофизати пиряхҳо ва сайёра саҳмгузор бошанд.
Бояд гуфт, ки ҳанӯз соли 2009 дар Копенгаген дар ҷаласаи тарафҳо оид ба тағйирёбии иқлим, инчунин дар ҷаласаҳои сатҳи баланд дар Фаронса, Швейтсария, Амрико ва баъдан моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи роҳбарони Эътилофи обу иқлим Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз карда буданд, ки об шудани босуръати пиряхҳо дар канори истеъмоли аз меъёр зиёди об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Аз ҷумла, таъсири гармшавии глобалӣ боиси коҳиши пиряхҳо ва қабати барф дар сатҳи ҷаҳонӣ, хусусан дар манотиқи кӯҳсор, мебошад.
Аз ин лиҳоз, ташаббуси навбатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миқёси сайёра ва дар сатҳи ҷаҳонӣ эълон шудани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21-уми ҳар сол таҷлили «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», инчунин, таъсиси Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки барои наҷоти башар нигаронида шудаанд, роҳ ба сӯи ояндаи дурахшони сайёра аст.
Фарҳод РАҲИМӢ,
академик, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон,
ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ