Чанде қабл дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Муқовимат ба таҳдидҳо ва хатарҳои муосир дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ: дастовардҳо ва дурнамои Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм, экстремизм ва коррупсия» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гашт. Дар ин ҳамоиш роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, вазорату ташкилотҳои давлатӣ, намояндагони корпусҳои дипломатӣ иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов дар маърӯзааш, аз ҷумла таъкид дошт, ки таҳти пӯшиши созмонҳои ғайриҳукуматӣ гоҳҳо усулҳоеро истифода мекунанд, ки Тоҷикистон қабул надорад ва он ба амният халал мерасонад. Шарикони мо нақши Тоҷикистонро бояд дарк намоянд ва онро ба ҳеҷ кишвари дигар омехта накунанд. Инчунин нақши Тоҷикистонро дар амнияти минтақа ба эътибор гиранд.
-Тоҷикистон шаш пул болои дарё бо Афғонистон боз кард. Дигар кадоме аз кишварҳои Осиёи Марказӣ чунин амалро ба ҷо овард? Ин корро ба хотири дасти якдигарро гирифтан кардем. Дар ин самт нақши Тоҷикистон бояд эътирофшуда бошад. Мо ҷомеаи шаҳрвандиро эҳтиром менамоем, аммо бояд бодиққат бошем, — афзуд С. Ятимов.
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода мавзӯи ин ҳамоишро аз масоили доғи рӯз унвон намуд. Мавсуф изҳор дошт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳаёти инсонҳоро терроризму экстремизм зери хатар гузоштааст. Рамазон Раҳимзода бо нигаронӣ изҳор дошт, ки чанде аз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамчун зархарид дар амалиётҳои ҳарбии кишварҳои хориҷӣ иштирок менамоянд.
- Дар олами имрӯза хатару таҳдидҳое пайдо шудаанд, ки ба сулҳу суботи ҷомеа халал ворид менамоянд ва баъзан осоиштагиро барҳам мезананд, ба ҳаёт, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон зарар мерасонанд. Инҳо, пеш аз ҳама, терроризм, экстремизм, коррупсия, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадору силоҳ ва ҳоказо мебошанд, — гуфт дар ин ҳамоиш прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Шерхони Одина.
Мубориза бо терроризм, экстремизм ва коррупсия самти афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат эътироф шудааст, ки дар ин бора Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора кардаанд.
Дар кишвари мо заминаҳои кофии ҳуқуқӣ бобати муқовимат кардан бо терроризм, экстремизм ва коррупсия фароҳам оварда шудаанд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» (соли 1999), «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» (соли 2003), «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» қабул ва ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳои ҷиддӣ ворид карда шудаанд.
- Моро чунин зуҳурот ба ташвиш овардааст, — идома дод Салимзода Шерхони Одина, -ки шаҳрвандони кишварамон ба низоъҳои мусаллаҳона ва амалиёти ҳарбӣ дар қаламрави давлатҳои дигар ҷалб шуда, дар онҳо иштирок мекунанд. Аз ин лиҳоз, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид ва ба Кодекси ҷиноятӣ моддаи 4011 илова шуд, ки тибқи он ҷалбкунӣ ва иштирок дар низоъҳои мусаллаҳ ва амалиёти ҳарбӣ дар қаламрави давлатҳои дигар ҷиноят дониста мешавад.
Бо ибтикори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, якҷоя бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои зиёде дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон террористӣ ва экстремистӣ эътироф гардидаанд. Аз ҷумла фаъолияти Ташкилоти «Ал-Қоида», Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ, Ҳизби исломии Туркистон (қаблан Ҳаракати исломии Ӯзбекистон), Ҳаракати Толибон, Ҷамъияти «Ансоруллоҳ», ҷамъ 12 ҳаракату ташкилот қатъ карда шуд.
Солҳои охир бо ҳамкории муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварамон ошкор намудани чунин ҳаракату ташкилот, аъзои фаъоли онҳо ва ба ҷавобгарӣ кашиданашон бештар ба назар мерасад.
Тайи панҷуним соли охир дар ҷумҳурӣ 39 ҷинояти дорои хусусияти террористӣ ва 233 ҷинояти дорои хусусияти экстремистӣ ошкор ва мувофиқан нисбати 183 ва 827 нафар парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Танҳо дар панҷ моҳи соли равон вобаста ба ду ҷинояти террористӣ ва 50 ҷинояти машғул шудан ба фаъолияти экстремистӣ мувофиқан нисбати 8 ва 78 нафар парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардид. Ин гурӯҳҳо барҳам зада, аъзои онҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.
Дар ҷараёни мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм мо корҳои фаҳмондадиҳиро байни аҳолӣ, бахусус ҷавонон, ҳаматарафа ба роҳ мондаем. Бо ин мақсад аз собиқадорони меҳнат, шахсони обрӯманди маҳал, кормандони соҳибтаҷрибаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ истифода мебарем.
Бо ташаббуси Президенти кишвар ва фаъолона сурат гирифтани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ солҳои охир аз муассисаҳои таълимии динии шубҳанок 2724 нафар ҷавонписарон ба Ватан баргардонида шуданд, вале тахминан 150 нафари дигар, аз рӯйи маълумоти мо, ҳанӯз баргардонида нашудаанд.
- Акнун мехоҳам андешаи худро дар бораи маҳдуд кардани ҳуқуқҳои ноболиғон бобати иштирок дар иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла адои намоз дар масоҷид, иброз намоям, — гуфт Салимзода Шерхони Одина. — Ноболиғон бар асари инкишофи равонӣ, ахлоқӣ ва ҷисмонии худ табақаи махсус маҳсуб меёбанд. Онҳо дар иртибот ба шуур ва ҷаҳонбинии на чандон кофии ташаккулёфтаашон воқеот ва падидаҳои ҷамъиятиро бо диди худ дарк мекунанд ва баҳогузорӣ менамоянд.
Бештари онҳо ҳама гуна ғоя ва афкорро ба он тарзе, ки барояшон пешниҳод мегардад, қабул мекунанд. Аз ин ҷост, ки худро ба осонӣ мутеи ғояҳои ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ месозанд. Бештари ҷавонони ба фаъолияти террористӣ машғулшуда ва ё дар марказҳои террористии кишварҳои хориҷӣ таълимгирифта эътироф менамоянд, ки онҳо тавассути иттиҳодияҳои динӣ (масҷидҳо) дар синни ноболиғӣ ба ин роҳ рафтаанд. Аз ин хотир, чунин маҳдудиятҳо ба қонун ворид карда шудаанд.
Ҳоло гурӯҳ ва ҳаракатҳои экстремистӣ фаъол гаштаанд, ки ғараз ва мақсади тахрибкоронаи худро зери пардаи ислом амалӣ кардан мехоҳанд. Онҳо сабабгори бисёр ихтилоф ва ноамнӣ дар баъзе манотиқи олам гардида, исломро бадном мекунанд. Дар ин робита муовини раиси Маркази исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳусейнҷон Мӯсозода таъкид намуд, ки ҷараёни салафия аз ҷумлаи ин гуна гурӯҳҳо мебошад, ки дар ибодату ақоид мардумро ба ихтилоф андохтаанд. Пеши роҳи чунин амали нодуруст ва гумроҳкунанда бояд гирифта шавад.
Дар ҳамоиш инчунин доир ба стратегияи сиёсати давлатӣ ва чораҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ табодули назар карда шуд.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»