Мавзӯи руз

Дар Рамазон нархҳо бояд арзон шаванд, на баръакс

№75 (3221) 10.07.2014

Моҳи шарифи Рамазон қариб нисф шуд. Мардуми мусулмони кишвар бо шукргузорӣ аз тинҷию осудагӣ  озодона фаризаҳои динии хешро ба ҷо оварда истодаанд. Дар ин миён, ҳар сол бо фарорасии ин моҳи муборак рафтори баъзе аз афрод, ки ба тиҷорат машғуланд, боиси ташвиши умум мегардад. Имсол низ ин ҳолат ба мушоҳида расид ва барои пешгирии баландшавии нархи маҳсулоти аввалия, танзими фаъолият дар бозорҳо ва марказҳои савдо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои фаврӣ ва саривақтӣ андешид. Аз ҷумла дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 30 июни соли ҷорӣ таҳти раёсати Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид, Сарвари давлат аз болоравии сунъии нархи маводи ғизоӣ, хусусан гӯшт, изҳори нигаронӣ карда, барои муайян намудани сабабҳои асосии ин раванд ва бартарафсозии ин падидаи номатлуб ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки дар моҳи шарифи Рамазон, мувофиқи расму оин ва суннатҳои мусулмонӣ, нархҳо бояд арзон карда шаванд, на баръакс.

Мо дар ҷараёни пайгирии масъалаи мазкур бо вазъи бозорҳои пойтахт шинос шуда, дар ин замина бо масъулин ва мардум суҳбатҳо анҷом додем. Ҳамзамон аз хабарнигорони дар маҳалҳо будаамон хоҳиш намудем, ки доир ба нархи бозорҳои шаҳру навоҳии кишвар хабар диҳанд. Дар натиҷаи пурсиш ва мушоҳидаҳои бевоситаи мо маълум гардид, ки айни ҳол арзиши баъзе маҳсулоти талаботи ҳаррӯза чунин аст:

Дар бозорҳои шаҳри Душанбе гӯшти гов- 36 сомонӣ, картошка аз 1 сомонию 80 дирам то 3 сомонӣ, шакар -5-5,5 сомонӣ, шаҳри Кӯлоб гӯшти гов- 36 сомонӣ, шакар-5 сомонӣ, картошка 2,5 сомонӣ, шаҳри Хоруғ гӯшти гов-29 сомонӣ, картошка 4,5-5 сомонӣ, шаҳри Хуҷанд гӯшти гов аз 30 то 32 сомонӣ, картошка -2,5 сомонӣ, шакар-6 сомонӣ, шаҳри Истаравшан гӯшти гов аз 35 то 38 сомонӣ, шаҳри Қӯрғонтеппа гӯшти гов-33-37 сомонӣ, картошка -2 сомонию 30 дирам.

Бояд гуфт, ки то моҳи шарифи Рамазон дар шаҳри Душанбе нархи як килограмм гӯшт аз 33 то 35 сомониро ташкил медод, аммо он якбора то 40 сомонӣ боло рафт. Ба ҷуз дар Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Деҳқон», ки бино ба гуфти муовини директори он Ҳақдод Сафаров ҳанӯз пеш аз моҳи Рамазон  болоравии нархи гӯшт пешгирӣ шудааст. Мавсуф изҳор дошт, ки  дар се дӯкон болоравии сунъии нархи гӯшт ба назар расид, ки сари вақт аз ҷониби маъмурияти бозор чораандешӣ шуд. Яъне, бо соҳибони дӯконҳои зикршуда шартнома қатъ карда шуд.

Таври интихобӣ мо аз Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори  Саховат» ва «Бозори Сафариён» (бозори назди Автовокзал)  дидан карда, мушоҳида намудем, ки дар назди дӯконҳои гӯшт ва растаҳои сабзавоту меваҷот нархнома навишта шудааст. Агар имрӯз нархи гӯшт ва сабзавот ба танзим даромада бошад, нархи меваҷот ҳамоно баланд аст. Барои мисол, як килограмм гелос аз 13 то 20 сомонӣ нархгузорӣ шудааст, ки ба андешаи мо, аз рӯйи инсоф нест. Зеро, ин намуди маҳсулот дар кишвари азизамон -Тоҷикистон парвариш меёбад ва барои  бо ин нарх пешниҳод шуданаш дар дохили ҷумҳурӣ омилеро ҷуз беинсофӣ дар гаронии нархи он намебинем. Илова бар ин, тавре аз суҳбат бо харидорон дар бозорҳо маълум гашт, баъзе фурӯшандаҳо тавассути тарозу мардумро фиреб медиҳанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати ғанӣ гардонидани бозори истеъмолии пойтахт, таъмини сокинон ва меҳмонони он бо маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон тадбирҳои мушаххас андешидааст. Дар ин бора зимни суҳбат бо мо сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти мазкур Сайфулло Амонов чунин ибрози назар кард:

- Бо дарназардошти он ки нархи намуди баъзе маҳсулот, бахусус гӯшт аз тарафи соҳибкорон ва фурӯшандаҳо беасос якбора баланд бардошта шуд,  роҳбарияти шаҳр зарур шуморид, ки сохторҳои дахлдор барои танзими нархи бозорҳои шаҳри Душанбе чораҳои мушаххас андешанд. Ба ҳамаи роҳбарони бозорҳои шаҳри Душанбе дастур дода шуд, ки дар моҳи шарифи Рамазон бо сафари корӣ ба минтақаҳои ҷумҳурӣ баромада, маҳсулоти ниёзи аввалия ва кишоварзиро харидорӣ карда, бо нархи дастрас ба мардум пешкаш намоянд. Илова бар ин, ба соҳибкорон ва фурӯшандагони шаҳри Душанбе пешниҳод шуд, ки дар вақти зарурат онҳо метавонанд аз буҷети шаҳри Душанбе маблағҳои қарзии бефоиз гирифта, барои фаъолияти худ истифода баранд. Ҳамчунин ба маъмурияти бозорҳои коммуналии шаҳри Душанбе дастур  ва ба бозорҳои хусусӣ тавсия дода шуд, ки тамоми фурӯшандагони дӯконҳои гӯштфурӯширо дар давраи моҳи шарифи Рамазон аз пардохти ҳаққи хизматрасониҳои коммуналӣ озод намоянд. Дар натиҷа, мувофиқа шуд, ки нархи гӯштро дар моҳи шарифи Рамазон то 36 сомонӣ ба фурӯш гузоранд. Дар ин замина миёни роҳбарони бозорҳои коммуналии шаҳри Душанбе ва соҳибкорону фурӯшандаҳо шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расида, аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе тасдиқ гардид. Тибқи муқаррароти шартномаҳо соҳибкорону тоҷирон вазифадоранд, ки дар моҳи шарифи Рамазон, рӯзҳои пеш аз идҳои Рамазон, Қурбон ва дигар ҷашнҳо ҳаҷми маҳсулотро ду баробар зиёд намоянд, вале нархи маҳсулотро беасос баланд накунанд. Дар ҳолати риоя нашудани ин талабот маъмурияти бозорҳо метавонанд таври яктарафа шартномаҳоро бекор ва  соҳибкор ё фурӯшандаро аз ҷойи кораш маҳрум созанд.

Риоя накардани шартномае, ки байни фурӯшандаҳо ва маъмурияти бозор баста шуда буд, дар корхонаҳои воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур» ва «Бозори Саховат»  ба қайд гирифта шуд, яъне баъзеҳо нархро баланд бардоштанд, баъзеҳо хостанд дар ин моҳ фаъолият накарда, баъдан корашонро идома диҳанд. Бинобар ин, дар КВД «Бозори Шоҳмансур» шаш ва дар КВД «Бозори Саховат» ҳашт дӯкони гӯштфурӯшӣ баста шуд.

Бояд тазаккур дод, ки ҳангоми намози ҷумъаи гузашта низ аксар имом-хатибон аз рафтори нодурусти баъзе мусулмонон, сустимонию худонотарсии онҳо, ки дар моҳи шарифи Рамазон ба соҳибкорию тоҷирӣ машғуланд, изҳори ташвиш карданд. Мо шоҳиди суҳбатҳои мардум атрофи амалҳои мусулмонон дар моҳи шарифи Рамазон шудем, ки овардани хулосаи чанде аз онҳо айни муддао мебошад. Дар як маъракаи ифтор нафари муътабаре гуфт:

-Мо дар яке аз моҳҳои шарифи Рамазон дар Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара будем. Он ҷо пеш ва баъд аз адои намози шом мардуми зиёде намозгузоронро хоҳишу илтимос мекарданд, ки аз нӯшокӣ ва хӯроки онҳо омодакарда истеъмол кунанд, то савоб гиранд.

Шахси дигаре дар тақвияти сухани вай иброз намуд:

-Он ҷо кишварҳои исломист ва ин гуна амалҳо амри воқеист, аммо ман дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Халқии Хитой будам. Дар ин шаҳр, баъд аз намози шом, савдогарон дар гирду атрофи масҷидҳои мусулмонӣ дари дӯкончаҳои худро боз намуда, шарбат ва обҳои гуногунро ба мардум пешкаш мекунанд.

Ислом дини поку боадолат аст ва мусулмон бояд қонунҳои шариат, фармудаҳои китоби муқаддаси Қуръон, дастуроти Муҳаммад(с)-ро ҳатман риоя кунад. Дар яке аз ҳадисҳои Расули акрам (с) зикр шудааст: «Ҳар кӣ харидуфурӯш кунад, аз чаҳор чиз дурӣ кунад, вагарна даст аз муомила бикашад: рибо гирифтан, қасам хӯрдан, пӯшонидани айби ҷинс дар вақти фурӯш ва мазаммат дар вақти харид».

Пайғамбар Муҳаммад(с) ҳамзамон таъкид кардаанд: «Тоҷир дар интизори рӯзист ва ҳаннот дар интизори лаънат».

Яъне, машғул шудан ба корҳои тиҷорат талқин шудааст, зеро дар он баракати зиёд аст, вале ҳамзамон таъкид гардида, ки чунин ашхос фаъолияти хешро бояд дар доираи адлу инсоф ба роҳ монанд, то ки соҳиби савоб ва баракат гарданд. Пас тоҷир бояд буд, на ҳаннот!

Б.КАРИМЗОДА, Ш.АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»