Парламентаризм низоми ҳукуматдориест, ки дар он давлат аз ҷониби парламент назорат карда шуда, вазифаҳои ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия ба таври возеҳ ҷудо карда шудаанд. Дар шароити парламентаризм ҳукуматро вакилон аз ҳисоби аъзои ҳизбе, ки дар парламент аксариятро ба даст овардаанд, ташкил медиҳанд ва дар назди он масъул мебошанд.
Дар шароити муосир парламентаризм ҳам дар ҷумҳуриҳои парламентӣ ва ҳам дар монархияи парламентӣ имконпазир аст. Чунин мешуморанд, ки шарти сиёсии таъсиси чунин низоми давлатдорӣ мавҷудияти низоми устувори сиёсии дуҳизбӣ мебошад. Чунин вазифаҳои асосии парламентро қайд кардан мумкин аст:
- ифодаи афкори ҷамъиятӣ (баён кардани ниёзҳо, умедҳо, интизориҳои одамон, табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ, иттиҳодияҳои сиёсӣ), таъсир ба интихобкунандагон, иштирок дар тарбияи сиёсии мардум;
- намояндагӣ, ҳимояи муҳимтарин манфиатҳои ҷамъиятӣ, муайян кардани афзалиятҳои эҳтиёҷоту манфиатҳо ва ҳифзи онҳо дар сатҳи олии ҳокимияти давлатӣ;
- қонунгузорӣ, нашри санадҳои ҳуқуқӣ (пешгӯӣ, моделсозии муносибатҳо, равандҳо дар ҷомеа);
- ташаккул, тасдиқи буҷет, муайян намудани сиёсати молиявии давлат;
- ташкил ва тасдиқ (пурра ё қисман)-и Ҳукумат, Суди Олӣ, Прокуратура ва дигар мақомоти давлатӣ.
Таъмини масъулияти сиёсии Ҳукумат, шахсони мансабдор барои риояи Конститутсия ва қонунҳо, иҷрои буҷет, амалӣ кардани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон (тавассути ҳисоботи ҳукумат дар бораи иҷрои буҷет, дархости вакилҳо, ба ҷавобгарӣ кашидан-импичмент), баҳодиҳии сиёсӣ ва айбдоркунии сиёсӣ).
Ба мақсади ташаккул додани сохтори идоравии давлатӣ, бо дарназардошти ниҳодҳои муҳимтарини демократӣ ва наздиксозӣ ба идоракунии давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон зарурати ташкили парламенти сифатан навро ҳамчун ҷузъи муҳими сохтори сиёсӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён гузошт. Вобаста ба ин, дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ 26-уми сентябри соли 1999 оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳи парламенти думаҷлиса қабул гардид, ки боби сеюми он аз моддаи 48 то 63 ба Маҷлиси Олӣ бахшида шудааст. Мутобиқи он, Маҷлиси Олӣ, ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ду маҷлис — Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст, ки ин барои дар сатҳу сифати баланд, мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ қабул гардидани қонунҳо ва асноди ҳуқуқӣ-меъёрӣ шароит фароҳам овард.
Таъсис додани Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳамчун қисми таркибии Маҷлиси Олӣ гувоҳи он буд, ки Сарвари давлат ба принсипҳои давлати демократӣ, иштироки баробари ҳизбҳои сиёсӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳаёти сиёсии кишвар ва умури давлатдорӣ арҷ мегузорад.
Дар Тоҷикистон халқ барандаи соҳибихтиёрӣ ва ягона манбаи ҳокимияти давлатӣ мебошад, ки онро бевосита ва инчунин ба воситаи намояндагони худ амалӣ мегардонад. Сарвари давлат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ аз 26-уми январи соли 2021 зарурати тақвияти фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии мақомоти олии қонунгузори мамлакатро барои рушди иқтисоди миллӣ ва беҳтар шудани вазъи иҷтимоии ҷомеа, афзоиши ҳисси боварии сармоягузорони хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар, содаву бемамониат амалӣ шудани принсипҳои муносибатҳои бозорӣ, дастгирии фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва бахши кишоварзӣ таъкид намуданд.
Маҷлиси намояндагон дар талаботи давру замон мутобиқ будани таъсиси парламенти касбиро собит намуд. Фаъолияти Маҷлиси намояндагон яке аз омилҳои муҳими эъмори ҷомеаи дунявиву демократӣ ва ҳуқуқбунёду ягона ба шумор рафтани қонун ва волоияти онро собит намуд.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти парламенти касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари намояндагию қонунгузорӣ равобити байнипарламентию муносибатҳои хориҷӣ мебошад, ки ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо парламентҳои кишварҳои хориҷӣ ва созмону ташкилотҳои бузурги ҷаҳонӣ марбут аст. Аз ин рӯ, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тақвияти ҳамкориҳои судманди байнипарламентӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Маҷлиси намояндагон ҳамчун мақоми олии қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон узви фаъоли Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи парламентии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Иттиҳоди байнипарламентии ҷаҳон, Иттиҳоди парламентҳои Осиё барои сулҳ ва Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мебошад. Ҷиҳати тақвият ва рушди муносибатҳо бо ин созмонҳои бонуфузи олам гурӯҳҳои миллии парламентии Маҷлиси намояндагон таъсис ва ҳамкориҳои лозима ба роҳ монда шудаанд.
Дар давоми 22 соли фаъолият Маҷлиси намояндагон бо чандин парламентҳои кишварҳои дунё ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ робитаҳои кории мустаҳкам барқарор намуд. Бо мақсади таҳкими муносиботи дуҷонибаи парламентӣ гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон ва комиссияҳои парламентӣ бо як зумра парламентҳои ҷаҳон, аз ҷумла бо кишварҳои Россия, Хитой, Япония, Индонезия, Малайзия, Сингапур, Шри — Ланка, Ветнам, Венгрия, Покистон, Эрон, Туркия, Ҳиндустон, Куба, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Урдун, Марокаш, Беларус, Арманистон, Руминия, Словакия, Олмон, Корея, Озарбойҷон ва дигар кишварҳои олам таъсис дода шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба фаъолияти парламенти кишвар чунин қайд намуданд: «Онҳо (аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон) бояд қонунҳоеро таҳия ва пешниҳод намоянд, ки ба таҳкими истиқлолияти давлатӣ, рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва густариши муносибатҳои бозорӣ, аз ҷумла пешрафти соҳибкорӣ, беҳдошти соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, истифодаи самараноку сарфакоронаи замин ва дигар боигариҳои табиӣ, таъмини волоияти қонун, пешгирии ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум равона шуда бошанд».
Амоншо ПАҲЛАВОНОВ,
референти муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон