Муқаррароти қонун ҳоло ҳам татбиқ намешавад

№159 (4579) 27.12.2022

Ё ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот»

АзиззодаТартиби ташкил, ваколат ва фаъолияти Ҷамоати шаҳрак ва деҳотро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» танзим менамояд, ки соли 1994 қабул гардида, соли 2009 дар таҳрири нав қабул шуд ва вобаста ба талаботи рӯз панҷ маротиба ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ 430 Ҷамоати шаҳрак ва деҳот фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 61 шаҳрак ва 369 деҳот буда, зиёда аз 70 дарсади аҳолӣ дар онҳо зиндагӣ менамоянд.

Худидоракунии маҳаллӣ дар ҳама давру замон ҳамчун омили пайвандгари халқ бо ҳокимияти давлатӣ мақоми хосаеро доро буд. Дар даврони истиқлолияти давлатӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ худидоракунии маҳаллӣ эҳё гардид, ки он дар банди 6 моддаи 78 Конститутсия бо таври возеҳ баён шудааст.

Мақомоти худидоракунии маҳаллӣ Ҷамоат мебошад. Ҷамоат мақомоти ҳокимияти маҳаллиест, ки ба аҳолӣ нисбатан наздик ва дастрас аст ва маҳз Ҷамоат дар бартарафсозиҳои мушкилот ба аҳолӣ сари вақт ёрӣ мерасонад, дар дастрасӣ ба хизматҳои коммуналӣ, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, нигоҳдорӣ ва ободонии роҳу кӯчаҳо, тоза кардани маҳаллаҳо аз партовҳо масъулият дорад.

Бо мақсади муайян кардани мушкилиҳо дар татбиқи қонуни мазкур Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ солҳои гузашта ба раисони Ҷамоатҳо якчанд вохӯрӣ баргузор намуда, зиёда аз 200 пурсиш гузаронид, вале мутаассифона, то ҳол муқаррароти моддаҳои 27 ва 45-и қонун ба таври шоиста таъмин намегардад. Вобаста ба ин, муқаррароти моддаҳои номбурдаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» — ро ёдрас менамоям.

Моддаи 27 қонун аз 6 қисм иборат буда, меъёрҳоро вобаста ба буҷети шаҳрак ва деҳот муайян кардааст. Тибқи он, лоиҳаи буҷети шаҳрак ва деҳот бо тартиби муқарраркардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, аз ҷониби Ҷамоат баррасӣ ва дар шакли қарор қабул карда мешавад.

Қисми даромади буҷет аз ҳисоби даромадҳои андозӣ ва ғайриандозӣ ташаккул дода шуда, ба даромади буҷети шаҳрак ва деҳот маблағҳо аз ҳисоби андозҳо аз молу мулки ғайриманқули шахсони воқеӣ дохил мешаванд. Даромадҳои ғайриандозӣ аз мусоидати молиявӣ (субвенсия), пардохтҳои ихтиёрӣ, даромадҳои хизматрасонии пулакӣ ва даромадҳо аз ҳисоби амалисозии ваколатҳои алоҳидаи давлатӣ, ки ба зиммаи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вогузор шудаанд, инчунин аз дигар манбаъҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ манъ накардаанд, иборат мебошанд.

Хароҷоти буҷети шаҳрак ва деҳот бо мақсади рушди вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳрак ва деҳот аз ҷониби Ҷамоат амалӣ карда шуда, ба буҷети шаҳрак ва деҳот бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ бо қарори Ҷамоат тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд. Моддаи 45 — муқаррароти интиқолӣ буда, дар он муайян гардидааст, ки қабули буҷети шаҳрак ва деҳот аз соли 2011 оғоз меёбад.

Бояд зикр кард, ки Ҷамоати деҳоти «Сучон»-и ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳис­тони Бадахшон, Ҷамоати шаҳраки «Ёвон»-и ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, Ҷамоати шаҳраки Б. Ғафурови ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд ва Ҷамоати деҳоти ба номи К. Исмоилови шаҳри Ваҳдат ҳамчун Ҷамоатҳои пилотӣ вобаста ба ташкили буҷети мустақил муайян гардидаанд.

Дар натиҷаи омӯзиши масъала дар Ҷамоатҳои пилотӣ муайян гардид, ки вобаста ба татбиқи моддаҳои 27 ва 45 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» як қатор мушкилиҳо ҷой доранд. Ҳангоми суҳбатҳои телефонӣ бо баъзе аз раисони Ҷамоатҳои пилотӣ маълум гардид, ки ташкили буҷети мустақил то ҳол дар амал татбиқ нагаштааст.

 Яке аз манбаъҳои молиявӣ барои Ҷамоатҳо хизматрасонии пулакӣ мебошад, ки мутаассифона, Ҷамоатҳо аз он самаранок истифода намебаранд. Хушбахтона, таҷрибаи пешқадам дар ин самт вуҷуд дорад. Масалан, дар Ҷамоати деҳоти «Исфисор»-и ноҳияи Б. Ғафуров аз ташкили хизматрасонии пулакии коммуналӣ ва бо об таъмин кардани аҳолӣ Ҷамоат маблағи муайян ба даст меорад, вале, мутаассифона, на ҳамаи Ҷамоати шаҳраку деҳот дар бораи ин таҷрибаи пешқадам маълумот доранд ва аз он самаранок истифода мебаранд. Хуб мебуд, ассотсиатсияҳои обрасонии оби нӯшокӣ ва оби полезӣ, ки дар деҳаҳо ташкил гардидаанд, бо раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҳамкории зич дошта бошанд. Дар натиҷаи хуб ба роҳ мондани ҳамкориҳо, сифати хизматрасониҳо баланд ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш меёбад.

Бо ин мақсад ба Ҷамоати шаҳраку деҳот тавсия дода мешавад, ки усулҳои самараноки хизматрасониро истифода бурда, ҷиҳати ташаккул ва рушди устувори буҷети шаҳраку деҳот тадбирҳо андешанд.

 Яке аз мушкилиҳо дар фаъолияти Ҷамоати шаҳрак ва деҳот нокифоя будани бастҳои корӣ мебошад. Вазифаву ваколатҳои Ҷамоат мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» хеле зиёд буда, танҳо ҷиҳати таъмини қисми камтарини онҳо бастҳои корӣ ҷудо карда шудааст.

Ҳамин тариқ, вобаста ба татбиқи бандҳои алоҳидаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» то ҳол мушкилоти зиёд ҷой доранд ва боварӣ дорем, ки дар оянда ҷиҳати амалишавии онҳо тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

Ғайрат АЗИЗЗОДА,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон