Сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳар сол ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт. Аз ҷумла, соли 2022 корҳо ҷиҳати устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ тақвият пайдо карда, рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 фоиз таъмин карда шуд.
Дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард.
Дар давраи зикршуда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда, сохта ба истифода дода шудааст.
Ҳамзамон бо ин, ба маълумоти вакилони муҳтарам ва ҳамватанони азиз расонида мешавад, ки дар 31 соли истиқлолияти давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта ба истифода дода шуд.
Дар соли 2022 маблағи имтиёзҳои андозиву гумрукии истифодагардида зиёда аз 12 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, аз ҳисоби паст ва бекор кардани меъёрҳои панҷ намуди андоз зиёда аз 1,5 миллиард сомонӣ ҳамчун дастгирӣ дар ихтиёри субъектҳои соҳибкорӣ боқӣ мемонад.
Дар натиҷа, соли 2022 шумораи субъектҳои соҳибкорӣ ба 339 ҳазор расид, ки нисбат ба соли 2018 беш аз 76 ҳазор зиёд мебошад.
Бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки ҷиҳати аз 1-уми июли соли 2023 то соли 2025 ҳар сол зиёд кардани андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат, яъне аз 512 сомонии амалкунанда то 836 сомонӣ ва иловатан барои ҳар як кӯдаки оилаҳои мазкур мутобиқан ба ин давра аз 34 сомонӣ то 152 сомонӣ ҷудо кардани маблағҳо чораҷӯӣ намояд.
Илова бар ин, бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод менамоям:
- аз 1-уми марти соли 2023 музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад;
- аз 1-уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд;
Ҳамчунин, пешниҳод менамоям, ки аз 1-уми июли соли 2023:
- андозаи нафақаи заминавӣ 20 фоиз зиёд карда шавад;
- нафақаҳои суғуртавие, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин ва пардохт мегарданд, ба андозаи сатҳи таварруми ду соли охир, вале на кам аз 16 фоиз индексатсия, яъне зиёд карда шаванд;
Дигар нафақаҳои амалкунанда ба андозаи 20 фоиз аз меъёри нафақаи заминавӣ зиёд карда шаванд.
Тайи бист соли охир ба кишвар беш аз 152 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 60 миллиард сомонӣ сармояи мустақим, ҷалб карда шудааст. Аз маблағи зикршудаи сармояи мустақим зиёда аз 36 миллиард сомонии он танҳо барои рушди соҳаи саноат ҷалб гардидааст.
Дар шароити таҳаввулоти босуръату пешгӯинашавандаи иқтисоди ҷаҳонӣ рақобатҳои шадид барои дастрасӣ ба захираҳо ва пайомадҳои тағйирёбии иқлим бояд дар кишвар тамоми воситаҳои муосири фаъолгардонии сармоягузорӣ ба таври васеъ истифода бурда шаванд. Аз ин лиҳоз, механизми маблағгузории фондҳои махсус дар самти татбиқи «лоиҳаҳои сабз», хусусан, барои роҳандозии барномаву лоиҳаҳои мақсадноки рушди «иқтисоди сабз», аз ҷумла «энергияи сабз», бояд васеъ ҷорӣ карда шавад.
Тадбирҳои дар самти рушди саноат ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа андешидашуда имкон фароҳам оварданд, ки дар панҷ соли охир афзоиши номгӯи маҳсулоти саноатии истеҳсоли ватанӣ ба зиёда аз 40 фоиз расонида шавад.
Дар ин давра 1382 коргоҳу корхонаи саноатӣ бо таъсиси 15 ҳазор ҷойи кории нав сохта, мавриди истифода қарор дода шуд.
Умуман, агар соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷои корӣ фаъолият дошта бошад, пас дар замони соҳибистиқлолӣ 2500 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, соли 2022-юм 2800 корхонаи саноатӣ бо 85 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият карда истодаанд.
Танҳо соли 2022 беш аз 500 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бо 6 ҳазор ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз карданд ва барои то 43 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2022 мусоидат намуданд.
Бо мақсади расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ дар идомаи корҳои дар солҳои соҳибистиқлолӣ баанҷомрасида ҳоло татбиқи боз 20 лоиҳа ба маблағи 17 миллиард сомонӣ идома дорад. Аз ҷумла, имсол таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» бо тавоноии 270 мегаватт ба маблағи 1 миллиарду 360 миллион сомонӣ пурра ба охир расида, таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Норак» ба маблағи 7 миллиард сомонӣ ва «Қайроққум» ба маблағи умумии 2 миллиард сомонӣ, инчунин, сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» ба маблағи 612 миллион сомонӣ дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва неругоҳҳои бодиву офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб ба маблағи умумии 170 миллион сомонӣ бомаром идома дорад.
Бо мақсади беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон дар панҷ соли охир дар соҳаи нақлиёт 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 5 миллиарду 130 миллион сомонӣ амалӣ гардида, дар натиҷа 250 километр роҳҳои мошингард, 42 пул, 4 долон ва якчанд эстакада бунёд карда шуданд.
Ҳоло дар соҳа боз 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст.
Дар се соли оянда 6 лоиҳа ба маблағи 7,4 миллиард сомонӣ ба анҷом расида, 317 километр роҳи байналмилалии мошингард, 32 пул, 5 нақб бо дарозии 11,2 километр ва 7 долон ба истифода дода мешавад.
Солҳои охир, бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои берунӣ, паи ҳам омадани хушксолӣ ва маҳдудсозии содироти озуқаворӣ аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон, маҳз бо заҳмати шабонарӯзии кишоварзони мамлакат амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин карда шуд. Аз ҷумла, соли 2022 истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 1 миллиону 600 ҳазор тонна, картошка ба 1 миллион ва меваю сабзавот ба 3 миллиону 200 ҳазор тонна расонида шуд.
Дар натиҷа, тайи панҷ соли охир суръати рушди солонаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз нигоҳ дошта шуда, 1,4 баробар афзоиш ёфт.
Истеҳсоли гӯшти паранда дар ин давра 8 баробар зиёд шуда, ҳаҷми воридоти он 11 баробар кам гардид.
Ҳукумати мамлакат то соли 2026 бо истифода аз тамоми имкониятҳо дар бобати ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб кардани шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки касбу ҳунар надоранд ва саросар соҳибкасб гардонидани аҳолӣ чораҷӯӣ намояд.
Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа — ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд.
Ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро бонувону занон ташкил медиҳанд. Инчунин, бонувону занон дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ — 71, фарҳанг — 47, бонкдорӣ — 39, алоқа — 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоиз мебошанд.