Дар Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Масъалаҳо ҷиҳати дастгирӣ ба Иҷлосия пешниҳод шуданд

№75 (3221) 10.07.2014

Гулмахмадов

8 июли соли 2014 ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология баргузор шуд.

Ба рӯзномаи ҷаласа ду масъала — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шикор ва хоҷагии шикор» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ»  ворид гардида буд.

Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология  Давлатшо Гулмаҳмадов  масъалаҳои мазкурро таври муфассал шарҳ дод. Сипас, аъзои кумита фикру мулоҳизаҳои худро  баён карданд.

Баъди андешарониҳо оид ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа хулосаҳо қабул ва ба Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум пешниҳод карда шуд.

Б.КАРИМЗОДА, «Садои мардум»

Суратгир А.ИСОЕВ