Ман ҳамеша ба дарахт меандешам, дарахте, ки маҳзари зебоӣ, доноӣ ва некуӣ аст. Ва ҳамеша ба ин бовар ҳастам, ки инсон шабеҳи дарахт аст ё дарахт монанди инсон. Ҳамин зебоӣ, доноӣ ва некуиро дарахт ҳам дораду одамизода ҳам. Шукр, ки мо ин се асли муҳимро мешиносем ва онҳоро дар вуҷуди худ, дар ҳастии табиат дарк менамоем.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 23-юми декабри соли 2022 ироа шуд, се ҷавҳари муҳим – зебоӣ, доноӣ ва некуиро пайдо кардам.
Сарвари давлат таъкид карданд, ки барои ҳар инсоне ҳосил кардани маърифат хеле муҳим аст. Ин нуктаро он кас хеле равшан баён менамоянд: «Бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад». Илму дониш вақте ёри худшиносӣ мегардад, инсонро ба сӯи камол мебарад. «Дониш андар дил чароғи равшан аст» гуфтани соҳибқирони шоирон Устод Рӯдакӣ низ ба ҳамин маъност. Донише, ки дар баробари ҳар гуна бадиву душманӣ ба инсон мисли ҷавшан хидмат мекунад.
Донишу илмро танҳо дар мактаб ба даст меоранд. Омӯзгоронанд, ки дар бунёди ҷаҳони маънавии толибилмон талош меварзанд. Оид ба нақши мактабу омӯзгор Президенти мамлакат дар Паёмашон ин гуна гуфтаанд: «Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем». Дар ин ҷумла се нуктаи муҳим таъкид гаштааст: боргоҳи илму дониш будани мактаб, шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас будани муаллим ва эҳтиром гузоштан ба дабистону омӯзгор. Чаро мо ин се нуктаи зикршударо бишносем? Чунки асоси фарҳанг, тафаккур ва шинохти башарӣ дар хондану навиштан ва омӯхтану сухан гуфтан нуҳуфта аст. Ҳамин аст, ки дарахти тамаддуни миллатҳо дар давоми асрҳо сабз мешавад, гул мекунад ва бор меоварад. Боғи муаллим ҳам дар як солу ду сол ҳосил намедиҳад. Балки даҳ солу бист сол ва ё бештар аз ин мегузарад, ки нафаре таҳсил кунад, донишманд гардад ва ба камол бирасад.
Муаллими асил касест, ки дар баробари илм одамиятро дар вуҷуди мо бедор месозад, рӯҳи башарии моро ба парвоз меорад, уфуқҳои нав ба нави донишро дар пеши чашмони мо боз мекунад.
Бо дониши худ ҳар замон
Бахшӣ ҳаёти ҷовидон.
Хизрию оби зиндагӣ
Дар соғари мо мекунӣ.
Дар Паёмашон Сарвари давлат ба ҷаҳолату хурофот низ ишора мекунанд: «Бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад». Аз ин рӯ, инсони огоҳ, ки ба доноӣ расидааст, ба худ иҷозат намедиҳад, ки ба ҷаҳолату хурофот гирифтор гардад.
Мо имрӯз шоҳиди он ҳастем, ки дар кишвари ҳамсоя — Афғонистон пеши роҳи духтаронро барои рафтан ба мактаб гирифтаанд. Ин ба он маъност, ки нисфе аз ҷомеа бесавод мемонад. Вақте модар савод надорад, чӣ гуна метавонад фарзандашро тарбия кунад, ӯро ба зиндагӣ раҳнамун созад. Дар чунин ҳолат магар ҷаҳолату хурофот авҷ намегирад? Бинобар ин бо нури илму хирад маҳв кардани неруи сиёҳи ҷаҳолату хурофот муҳим аст.
Албатта, дар кишвари мо занон мақом ва ҷойгоҳи баланд доранд. Онҳо баробари мардон заҳмат мекашанд ва соҳае нест, ки бонувон кору фаъолият нанамоянд. Роҳбари мамлакат ҳам дар Паёмашон дар бораи нақши зан — модар чунин таъкид мекунанд: «Мо, ҳамчунин, ба нақши зан — модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад».
«Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир», — гуфтааст Устод Рӯдакӣ ва ҳушдор медиҳад:
Дар раҳгузари бод чароғе, ки турост
Тарсам, ки бимирад аз фароғе, ки турост.
Инсони донову боҳуш наметавонад дар баробари ҳаводиси номатлуби рӯзгор ва ҷаҳолат фориғбол бошад. Фориғболӣ дар чунин ҳолат инсонро нобуд месозад, ӯро ба самти торикӣ мебарад. Ҳамин ҷо хулосаи қиссаеро аз рӯзгори Сӯфиёни Саврӣ зикр кардан бамаврид аст. Ин орифи бузург як вақт мушоҳида мекунад, ки яке аз шогирдонаш порае аз ҷомаи ӯро мебурад. Сабаб мепурсад. Шогирд мегӯяд, ки онро табаррукан бо худ нигоҳ медорам. Устод он гоҳ ба шогирдаш чунин таълим медиҳад:
Агар тамоми ҷомаи маро пора-пора бурида бигирӣ ва ҳатто пӯсти баданамро низ чунин кунӣ, манфиате намебинӣ. Ту ҳоло дар ҷаҳли мураккаб ва сиёҳии хурофот мондаӣ, бояд худро аз он раҳо кунӣ ва илми маро омӯзӣ, то ба камоли инсонӣ бирасӣ.
Имрӯз низ ин гуна хурофот, ки поя дар ҷаҳли мураккаб дорад, гоҳе ба назар мерасад. Бинобар ҳамин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд, ки «хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад». Бояд гуфт, ки бовар кардан ба хурофот натиҷаи содадилӣ нест, балки ин амали носавоб аз кӯрдилӣ сарчашма мегирад. Доноён таъкид мекунанд, ки дили инсон се гуна мешавад: дили салим (солим), дили бемор ва дили мурда. Бесаводию ҷаҳолат ва хурофот ба осонӣ метавонад дили солимро бемор ва сипас маҳкум ба марг созад. Инсон ҳангоми наврасию ҷавонӣ шабеҳи ниҳол аст, онро каҷ кардан, шикастан, аз байн бурдан ба осонӣ муяссар мегардад. Бинобар ин дар тарбияи онҳо нақши оила, мактаб ва омӯзгор ниҳоят муҳим аст.
Ҷаҳони мо бо ҳама бузургӣ имрӯз хеле танг шудааст. Фарҳангҳои миллатҳои гуногун ба ҳамдигар таъсир мерасонанд, одамони рангу нажоди гуногун аз илми ҳамдигар баҳра мебаранд. Роҳбари мамлакат дар Паёми худ дастур доданд: «…вобаста ба таъсиси донишгоҳҳои муштарак бо давлатҳои пешрафтаи дунё оид ба омӯзиши илмҳои муҳандисиву технологӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд». Омӯхтани илму пешаҳои муосир барои мо ниҳоят муҳим аст. Ин таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он маъност, ки ғафлат накунем, дар омӯхтани дониш танбал набошем, роҳи ягонаи мо барои расидан ба ҳадафҳои олии маънавию иқтисодиамон омӯхтан ва боз ҳам омӯхтан аст. Дар ин замина гузаштагонамон беҳуда нагуфтаанд, ки «аз гаҳвора то гӯр дониш биҷӯ!».
Парвоз ба сӯи зебоӣ, доноӣ ва некуӣ бояд асли зиндагии мо бошад. Хоса ҷавонони кишвари мо тарзи зиндагиро аз занбӯри асал биёмӯзанд. На танҳо парвози ин ору хеле зебост, балки ӯ ҳамеша гулҳои зебову хушбӯро ҷустуҷӯ мекунад, шаҳди онҳоро ба кандуи худ меорад ва асал месозад. Ҷавонон низ бояд ба кишварҳои гуногуни дунё парвоз кунанд, шаҳди илмро аз он мамолик биёранд ва дар Тоҷикистони азиз истифода баранд. Барои фардои дурахшони кишварамон неруи зеҳниашонро сарф созанд. Дар ин бора Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қатъият иброз кардаанд: «Бо дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон кишвари ҷавонон аст».
Ӯ. НАЗАР,
«Садои мардум»