Сарфаи вақт ва роҳи осони истеҳсол кардани маҳсулот на ҳама вақт ба фоидаи мост. Дар баъзе ҳолат он метавонад зараровар бошад. Бахусус, омода кардани маҳсулоти нонӣ ба воситаи хамиртуруши сунъӣ, ки онро дар як муддати кӯтоҳ барои истеъмол омода мекунад, аз зарар холӣ нест. Хамиртуруши нонпазиро олимон аз замбурӯғи сунъӣ, ки дар табиат вуҷуд надорад, таҳия мекунанд.
Хамиртуруши сунъӣ дар давраи Ҷанги якуми ҷаҳонӣ пайдо шуда, мувофиқи баъзе маъхазҳо, онро олимони олмонӣ бо мақсади эҷоди силоҳи биологӣ таҳия кардаанд. Тибқи идеяи лоиҳаи онҳо «Der kleine Morder» («қотилони хурдакак»), хамиртуруше, ки ба бадани инсон ворид мешавад, бояд онро аз ҳисоби маҳсулоти мубодилаи моддаҳо (кислотаҳои паралитикӣ) заҳролуд кунад. Ин намуди хамиртурушро, хамиртуруши термофилӣ низ меноманд. Зарари он дар таркиби нон мавзӯи баҳси олимон ва нонпазҳост. Онҳо муътақиданд, ки хамиртуруш ҳангоми истеъмоли тару тоза метавонад ба бадан зараровар бошад. Аммо ҳангоми пухтани нон ҳарорати дохили он ба 98 дараҷа мерасад. Дар чунин шароит хамиртуруши термофилӣ мемирад. Олимон исбот кардаанд, ки хамиртуруши дар шароити муосир тавлидшуда метавонад ҳатто дар 500 дараҷа гармӣ инкишоф ёбад. Он дар баробари нон ба организм дохил шуда, микрофлораи рӯда ва кори дигар узвҳоро вайрон мекунанд.
Тасодуфӣ нест, ки дар Конгресси дуюми умумиҷаҳонии тибби гиёҳӣ дар Прага соли 1990 профессор Ларберт доир ба таъсири нони аз хамиртуруши сунъӣ омодашуда сухан ронда, қайд намуд, ки истеъмоли тӯлонии ин гуна нон боиси як қатор бемориҳо, аз ҷумла бемории гемоглиоз, мегардад. Ин беморӣ бо дарди сар, хоболудӣ, асабоният, сустшавии хотира, афзоиши часпакии хун ва мушкилоти ҳозима зоҳир мешавад. Ларберт бар ин назар аст, ки гемоглиоз аз бемории сил бештар маъмул ва хатарноктар аст.
Инчунин, таъсири манфии хамиртурушро ба организм бисёр олимони ҷаҳон ошкор кардаанд. Аз ҷумла, Росини Ҷанфранко («Мавҷудияти хусусияти кушандаи хамиртуруш»), Г. Басси ва Д. Шерман («Омили куштор – биохимия, биофизика», 1973, саҳ. 13–14), профессори франсуз Этен Волф ва дигарон.
Дар бораи зарари хамиртуруш ба организми инсон доктори илмҳои тиб, профессор Ҷаҳон Азонов чунин ибрози ақида намуд:
- Вақте ки хамиртуруш ба бадан ворид мешавад, он дар раванди таҷдиди фаъол, дар баробари карбогидратҳо ҳама витамин ва минералҳои муфидро, ки бо ғизо меоянд, истеъмол мекунад. Дар натиҷа шахс аз онҳо камтар қабул мекунад, ки минбаъд боиси беқувватии организм мегардад. Дар байни навъҳои хамиртуруш ба организм аз ҳама зараровараш хамиртуруши хушки нонпазӣ мебошад. Хамиртуруш ба бемориҳои зерин оварда мерасонад: гастрит ва захми меъда, осебпазирии системаи ҳозима, пайдоиши равандҳои ферментатсия, норасоии микроэлементҳои муҳим вайрон шудани мувозинати табиии микрофлораи рӯда, бад шудани фаъолияти майна, бемориҳои онкологӣ, бадшавии ҳолати пӯст ва пайдоиши доғҳои пӯст ва суръат гирифтани раванди пиршавӣ.
Олимон исбот кардаанд, ки хамиртуруш ба бемориҳои ниқрис, дисбактериоз ва гурда таъсири манфӣ мерасонад. Ғайр аз ин метавонад занҳоро мубталои бемории кандидоз (молочница) гардонад.
Дар ИМА, Шветсия ва дигар давлатҳо истеъмоли нони бе хамиртурушро роҳандозӣ кардаанд, ки бемории саратонро пешгирӣ мекунад.
Технологияи истеҳсоли хамиртуруши хушки нонпазӣ зиёда аз панҷоҳ иловаро дар бар мегирад. Танҳо даҳтои онҳоро бидуни зарар ба саломатӣ истеъмол кардан мумкин асту халос. Алтернативаи хамиртуруши термофилӣ хамирмояи хонагӣ мебошад. Муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ғизо» Орзу Раҳмоналиев низ истифода аз хамирмояро тавсия медиҳад.
- Истифодаи хамиртурушҳои хушк барои корхонаҳои нонбарорӣ ва нонвойхонаҳо аз нигоҳи сарфаи вақт басо мувофиқанд, зеро хамирро дар муддати ду соат мерасонад. Хамиртуруши урфӣ бошад, хамирро дар панҷ-шаш соат омода мекунад. Гарчанде ки хамирмояи урфӣ вақти зиёдтарро мегирад, истифодаи он ба организм безарар аст.
Зарари нони бо хамиртуруши хушк омодашударо нафароне низ мушоҳида мекунанд, ки аз истеъмоли он даст кашидаанд. Пеш аз ҳама, зардаҷӯш аз байн рафта, равандҳои ферментатсия низ он қадар фаъол намешавад. Бо истинод ба ин далелҳо мо бояд хулосаи худро дошта бошем ва навъи хамиртуруш истифода бурданро интихоб кунем.
Мафтунаи ҲИСОРӢ,
«Садои мардум»