27 декабри соли 2022 дар толори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ суҳбати мизи мудаввар дар мавзӯи «Арзишҳои моддию маънавии фарҳангӣ: аз ҳифз то феҳристҳои ЮНЕСКО» баргузор гардид. Онро бо сухани ифтитоҳӣ директори пажӯҳишгоҳ, номзади илмҳои филологӣ Абдуфаттоҳ Аминов ҳусни оғоз бахшида, гуфт, ки Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, ки 23 декабри соли 2022 манзур гардид, назди кормандони соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат вазифаҳои нав гузошта, пажӯҳишгарон, кормандони соҳаҳои илму фарҳангро низ вазифадор менамояд, ҷиҳати рушди фарҳанги ҷумҳурӣ бештару беҳтар саҳмгузор бошанд.
Мудири Маркази мероси фарҳангии тоҷикони пажӯҳишгоҳ, номзади илмҳои филологӣ Дилшод Раҳимӣ дар мавзӯи «Талаботи Конвенсияи ЮНЕСКО ҷиҳати сабти номинатсияҳои унсурҳои фарҳанги ғайримоддӣ» суханронӣ кард. Зикр гардид, ки Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба ҳифзи фарҳанги ғайримоддӣ соли 2003 қабул шуда, ба феҳристи он унсурҳое ворид мегарданд, ки ба талаботи хеле зиёд ҷавобгӯ бошанд. Масалан, моҳи ноябри соли 2021 дар шаҳри Работи Марокаш унсури «Шаби ялдо» бо пешниҳоди кишварҳои Эрону Афғонистон сабти ном гардид. Сабаби ба ин пешниҳод ҳамроҳ нагардидани ҷониби Тоҷикистонро Дилшод Раҳимӣ ба он марбут донист, ки ин унсур ҳанӯз дар кишвари мо оммавӣ нагардидааст.
Суханронии директори Ташкилоти ҷамъиятии аз ҷониби ЮНЕСКО аккредитатсияшудаи «Кӯҳҳои Помир», номзади илмҳои таърих Қурбон Аламшоев ба мавзӯи «Фарҳанги чид – хонаҳои урфии Бадахшон» бахшида шуд. Қ. Аламшоев изҳор дошт, ки хонаҳои урфии Бадахшон хеле мураккаб буда, барои зисту зиндагӣ, гузаронидани чорабиниҳои гуногун басо мувофиқанд. Дар чунин манзил ҳар кас ва ҳар чизе ҷои худро дошта, киштии Нӯҳро мемонад, ки дар ҳолати зарурӣ ҳам сокинонаш, ҳам ҳайвоноту набототи минтақаро ҳифз намояд. Дар он барои бузу гов ва ҳатто асп низ ҷой ҷудо кардан мумкин аст. Ҷои махсус барои нигоҳ доштани тухмии зироатҳо ҷудо гардидааст. Хонаҳо аз масолеҳи табиӣ бунёд ёфта, ба ҳама офатҳо, аз ҷумла заминларзаҳо, низ тобоваранд.
- Намунаҳои чунин хонаҳо дар Панҷакенту Муъминобод ва Афғонистон низ пайдо гардидаанд,- зикр кард Қ. Аламшоев.
Аз ҷониби иштирокчиён илова гардид, ки чунин меъморӣ дар ноҳияи Масчоҳ ва кишвари Қатар низ мушоҳида шудааст.
-Беҳтар мебуд, ки мо минбаъд чунин меъмориро на помириву бадахшӣ, балки ориёӣ биномем, — изҳор дошт Қ. Аламшоев.
Н. НИЗОМӢ,
«Садои мардум»