Тибқи дастури Пешвои миллат давоми солҳои 2021 — 2022 беш аз 45 километр роҳи маҳаллаҳои аҳолинишини Ҷамоати деҳоти Ворух таъмир ва мумфарш гардид. Бахусус, аз ҷониби Маъмурияти иншооти сохташавандаи назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 километр ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 7 километр роҳи мошингарди ҳудуди деҳот бо сифати баланд таъмиру мумфарш карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки ин ташаббуси ободкорона ва некро соҳибкорони маҳаллӣ ва бурунмарзӣ, шахсони саховатпеша ҷонибдорӣ карданд ва танҳо дар соли равон бо саҳмгузории онҳо беш аз 10,6 километр роҳи маҳаллаҳои Сангтӯда, Гузар, Боғдорӣ, Кӯчаи Қозӣ, Кӯчаи боло, Хушобод ва Сари дашт таъмиру мумфарш гардид.
Бино ба маълумоти раиси Ҷамоати деҳоти Ворух Меҳринисо Раҳматова, алҳол дар ҷамоат, ки дорои беш аз 34 ҳазор аҳолӣ мебошад, корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35 — солагии Истиқлоли давлатӣ вусъати тоза гирифта, тибқи нақша дар ин ҷо якчанд иншооти муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ сохта мешавад.
Суғд: Бунёди 151 коргоҳи нави саноатӣ
Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят давоми соли 2022 дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, таҳкими нуфузи вилоят ҳамчун минтақаи саноатии мамлакат, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти рақобатноку ивазкунандаи воридот тадбирҳои судманд андешида шуд.
Тайи ёздаҳ моҳи соли равон, дар маҷмӯъ, 151 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, 2820 ҷои нави кор муҳайё гардид.
Дар ин раванд ба истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардид. Аз ҷумла, дар корхонаҳои консервабарорӣ, коркард ва банду басти меваи хушки вилоят 6008,6 тонна меваи хушк коркард ва 30106,9 ҳазор қуттии шартӣ консерва истеҳсол гардид.
Дар маҷмӯъ, давоми соли равон ба хориҷи кишвар беш аз 48800 тонна хушкмева ба маблағи 24,6 миллион доллари ИМА содирот шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта наздик ба 10 ҳазор тонна зиёд аст.
Теъдоди бонувони ҳунарманд дар Суғд меафзояд
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо мақсади эҳё кардани ҳунарҳои миллии ниёгон, бо ҷои кор таъмин кардани занону духтарон, дастгирии ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилоят то ин дам 285 маркази таълимӣ ва истеҳсолӣ ташкил карда шудааст, ки 108 – тои онро марказҳои таълимиву истеҳсолии атласу адрасбофӣ ташкил медиҳанд.
Ин тадбирҳо ба амалӣ шудани ҳадафи асосии Ҳукумати мамлакат, пеш аз ҳама, ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, ҳар чӣ бештар бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат ва, дар маҷмӯъ, расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи сокинони мамлакат мусоидат хоҳад кард.
Ҳамчунин, бо иқдом ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба хотири эҳё ва рушди ҳунарҳои миллӣ курсҳои махсуси ҳунаромӯзӣ ва маҳфилҳо, бахусус барои духтарон, ба роҳ монда шудааст.
Мухтори АБДУЛЛО,
«Садои мардум»