Суғд: Эътибор ба ободонии роҳҳо ва эҳёи ҳунарҳои миллӣ
Дар нишасти матбуотии раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, ки ба натиҷаҳои вазъи иҷтимоию иқтисодии вилоят дар нимсолаи аввали соли 2014 бахшида шуда буд, 65 нафар намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд. Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар робита ба натиҷаҳои вазъи иҷтимоию иқтисодии вилоят таъкид намуд, ки нақшаи даромади Буҷети давлатӣ бо баҳисобгирии андозҳои иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 104,8 фоиз иҷро гардида, 790 миллион сомонӣ андоз ҷамъоварӣ карда шуд. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи саноат назар ба 1 июли соли 2013 ҳамагӣ 124 фоиз ва дар моҳи июн бошад, 1,6 маротиба афзоиш ёфта, дар маҷмӯъ ба ҳаҷми 1,6 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд.
Ҳамзамон Абдураҳмон Қодирӣ аз амалишавии иқдомоти роҳбарияти вилоят дар соли ҷорӣ, аз ҷумла ислоҳоти кишоварзӣ, эёҳи ҳунарҳои мардумӣ ва ободонии роҳҳо ёдовар шуда, изҳор дошт, ки дар асоси қарори раиси вилоят аз 9 декабри соли 2013 №287 то имрӯз аз 2991 адад хоҷагиҳои калонҳаҷми ҷамоавию деҳқонӣ 2577 ададашон таҳти таҷдиди сохтор қарор гирифта, дар асоси онҳо 26 500 хоҷагии деҳқонии нави оилавӣ ва инфиродӣ таъсис ёфтанд.
Ба 19 600 хоҷагии деҳқонии навтаъсис сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин ба таври ройгон супорида шуд, ки арзиши он зиёда аз 10 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Ҷиҳати эҳёи ҳунарҳои қадимаи мардумии қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ ва адрасбофӣ бошад, дар назди ҶДММ «Зинат» моҳи март Маркази таълимӣ — истеҳсолии «Шероз» ба фаъолият оғоз намуд, ки он ҷо ба бонувон касби қолинбофии тарзи эронӣ омӯзонида мешавад. Ба иттилои раиси вилоят алҳол чунин марказҳо дар 17 шаҳру ноҳияҳои вилоят таъсис ёфта, 618 нафар дар онҳо машғули қолинбофӣ мебошанд.
Раиси вилоят ба ободонии роҳҳо низ таваҷҷуҳ намуда, зикр кард, ки то имрӯз тибқи маълумотҳои фаврӣ нишондиҳандаи барномавӣ 74 фоиз иҷро гардида, аз 2350 километри дар нақшабуда, ҳолати 1740 километр роҳҳо беҳтар гардонида шудааст.
Сипас Абдураҳмон Қодирӣ ба суолҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма доир ба ободонии роҳҳо, рушди шаҳру ноҳияҳо, содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар, таҷдиди хоҷагиҳои кишоварзӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташкили маҳфилҳои рӯзгордорӣ дар макотиби миёна ва ғайра посух гардонид.
Мухтори Абдулло, «Садои мардум»
Бо истифода аз усулҳои муосир 786 амалиёти ҷарроҳии дилу рагҳо гузаронида шудааст
-Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Нусратулло Файзулло зимни нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти соҳа дар нимсолаи аввали соли 2014-ум маълумот дода, гуфт, ки мутахассисони мо дар муассисаҳои соҳаи тибби мамлакат амалӣ намудани усулҳои муосири ташхису табобатро идома дода, тайи ин муддат дар Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо, Маркази вилоятии ҷарроҳии дилу рагҳои шаҳри Хуҷанд, Маркази тибби хусусии «Ибни Сино» 786 амалиёти ҷарроҳии дилу рагҳо, 470 ангиография, 147 ангиопластика ва стенгузаронӣ, 58 амалиёти ҷарроҳии нуқси модарзодии дил ва 74 ҷарроҳии иваз намудани рон ва буғуми сунъӣ гузарониданд. Ҳамагӣ аз соли 2010 — ум то имрӯз ба се нафар кӯдак ва ба 92 нафар беморони калонсол амалиёти пайвандсозии гурда анҷом дода шудааст, ки шаш нафари онҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон мебошанд.
Мавсуф ҳамчунин зикр намуд, ки аз аввали бақайдгирии сирояти вируси норасоии масунияти одам (ВНМО), яъне аз соли 1991 то 1 июни соли равон, дар ҷумҳурӣ 5843 ҳодисаи сирояти ВНМО ба қайд гирифта шудааст. Дар ин давра сифати 9168 адад маводи дорувориро санҷида, ба 8849 адади онҳо сертификати мутобиқат ва шаҳодатномаи таҳлилӣ дода, 48 адади боқимонда, бо сабаби ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ набудан аз муомилот гирифта шуд. Инчунин ҳангоми санҷиш дар муассисаҳои фарматсевтии ҷумҳурӣ фурӯш ва истифодаи 203 номгӯи маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба миқдори 98726 адад ва аз нуқтаҳои савдои маводи ороишию гигиенӣ дар ҷумҳурӣ 229 номгӯй, 7761 адад маводи муҳлати истифодабариашон гузашта, қалбакӣ, бе сертификати мутобиқат манъ карда шуд. Ба изофа, дар ин муддат бо иштироки комиссияи махсус ба миқдори 962 кг маводи доруворӣ ва молҳои тиббии қалбакӣ, пастсифат, ба таври қочоқ воридшуда, муҳлати истифодабариашон гузашта бо роҳи сӯзонидан несту нобуд намудем.
М. МИРЗОЕВА, «Садои мардум»
Оё манзил дар пойтахт дастрас аст?
Дар шароити иқтисоди бозорӣ, ки нархгузорӣ озод аст, давлат танҳо шароити мусоиди рақобатро фароҳам оварда, бо ин роҳ нархро ба танзим медарорад. Мақомоти давлатӣ низ бевосита бо ташкили корхонаҳои гуногун дар раванди батанзимдарории нарх иштирок менамоянд.
Намунаи гуфтаҳои боло Корхонаи воҳиди давлатии «Манзили дастрас»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мебошад. Аз суҳбат бо директори КВД «Манзили дастрас» Нурулло Наимов маълум шуд, ки ин корхона аввали соли 2012 бо қарори раиси шаҳри Душанбе таъсис ёфта, мақсади асосии он бо нархи дастрас таъмин намудани сокинони пойтахт, хусусан оилаҳои ниёзманд бо манзил мебошад. Корхонаи мазкур давоми фаъолияташ бинои нуҳошёнаи дорои 88 ҳуҷраро дар кӯчаи Ҳувайдуллоеви ноҳияи Сино ва ду бинои 12-ошёнаи 134-ҳуҷрадорро дар кӯчаи Соҳилии ноҳияи Фирдавсӣ сохта, ба истифода додааст. Алҳол сохтмони ду бинои нуҳошёнаи дигар дар маҳаллаи Муҳандис давом дошта, дар назар аст, ки то моҳи сентябри соли ҷорӣ ба истифода дода шавад. Н.Наимов изҳор дошт, ки КВД «Манзили дастрас» имсол ба сохтмони даҳ бинои 16-18 ошёна дар кӯчаи Сино оғоз кардааст, ки то охири соли 2015 ба истифода дода мешавад. Аз номбурда доир ба хусусиятҳои фарқкунандаи КВД «Манзили дастрас» аз дигар ширкатҳои сохтмонӣ пурсон шудем. Мавсуф дар ҷавоб изҳор дошт, «имтиёзи аввал ин ки мо нархи аслии хонаро ба харидор пешниҳод мекунем, яъне, фоида дар назар гирифта намешавад. Харидор ҳангоме бо мо шартнома мебандад, 50 фоизи маблағро пешпардохт ва панҷоҳ фоизи боқимондаро то ба итмом расидани сохтмон моҳ ба моҳ пардохт менамояд.
Дар нархгузории хонаҳо аз ҷониби КВД «Манзили дастрас» манфиати сокинон ба инобат гирифта шуда, дар ин самт ширкат назир надорад. Масалан, нархи як метри мураббаи манзил дар кӯчаи Соҳилӣ аз 308 то 508 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ё ин ки дар биноҳои навсохти кӯчаи Ҳувайдуллоев ва маҳаллаи Муҳандис низ нархи як метри мураббаъ аз 469 то 608 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Дар дигар ширкатҳои сохтмонӣ нархи миёна аз 700-750 доллар кам нест.
Тавре мушоҳида кардем, нархгузорӣ дар биноҳои аз ҷониби КВД «Манзили дастрас» сохташуда низ якранг нест. Аз ин рӯ, аз мавсуф пурсидем, ки тафовути нархгузорӣ дар чист? Номбурда изҳор дошт, ки КВД «Манзили дастрас» танҳо мувофиқи хароҷот нархгузорӣ карда, ба арзиши хонаҳо зиёдии ошёнаҳо ва хатҳои муҳандисӣ таъсиргузоранд.
-Масалан,- мегӯяд Н.Наимов, — хати канализатсияи бинои дар кӯчаи Сино воқеъбуда то наздикии фабрикаи «Ширин» тӯл мекашад. Он кори зиёд дорад. Роҳҳоро кандану боз таъмир кардан маблағи зиёдро талаб менамояд. Омили дигари баландшавии нарх он аст, ки ғайр аз қуму семент дигар ҳамаи маводи сохтмонӣ аз хориҷи кишвар ворид мешавад. Аз ин рӯ ба қурби асъор низ вобастагӣ дорад.
Доир ба сифати корҳои сохтмонӣ ҳамсуҳбатам мегӯяд, ки ширкати онҳо бо ҶСК «Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашиву ҷустуҷӯйии САНИИОСП» шартнома дорад ва ҳамарӯза мутахассисон маводи сохтмониро месанҷанду пас иҷозати сохтмон медиҳанд.
-То имрӯз қариб 250 хонаро барои истифода супоридем ва ягон шикояте аз ҷониби соҳибмулкон нест, баръакс қаноатманданд ва нисбати корхонаи мо таваҷҷуҳ доранд. Дар таҳхона ва ошёнаҳои поёнии даҳ бинои 16-18 ошёнае, ки сохта истодаем, корҳо идома доранд ва аллакай 852 ҳуҷрае, ки дар ин биноҳо ҳаст, ба фурӯш рафт. Вобаста ба талаботи сокинони пойтахт ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муроҷиат кардем, ки замин ҷудо кунанд, то хона созем. Талабот беҳад зиёд аст.
Аз суҳбат пай бурдем, ки ҳоло нафарони зиёде тавассути ин корхона соҳиби манзили истиқоматӣ шудан мехоҳанд, лекин шумораи сохтмонҳояш кофӣ нест. Н.Наимов мегӯяд, ки КВД «Манзили дастрас» корхонаи тозатаъсис буда, дар оянда доираи фаъолияташро васеъ менамояд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»
Инъикоси масъалаҳои мубрами кишвар вазифаи аввалиндараҷаи мост
- Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» дар нимсолаи якуми соли 2014 дар жанрҳои гуногун бо диду назари нав ва ҷавобгӯ ба талаботи бинандагон силсилаи лоиҳа ва намоишҳои нави телевизиониро, ба монанди «Панҷаи шаб дар тори шеър», «Шаҳрофар», «Шитоб», «Андеша», «Саманди роҳ» ва ғайра таҳия ва пахш намуд, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ директори муассисаи мазкур Лутфулло Давлатов.
- Тӯли шаш моҳи соли 2014 тариқи барномаҳои иттилоотӣ -таҳлилӣ муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Барои инъикоси суннатҳои наврӯзӣ ва таҷлили Иди байналмилалии «Наврӯз- 2014» барномаҳои «Дар ватани Наврӯз», «Бадеҳа дар деҳа», «Наврӯзи Сафина» ва ғайра, гузоришҳо бобати иҷрои нишондодҳои Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барномаи «Навид» бо забонҳои тоҷикию русӣ ва англисӣ, дар самти инъикоси амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» барномаҳои «Ҳукм», «Хонадон» ва ғайра, бахшида ба 20-солагии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои «Артиш», «Марз» таҳия ва пахш гардиданд. Бо мақсади тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ дар ҳамкорӣ бо телевизиони «Тулуъ» — и Ҷумҳурии Исломии Афғонистон лоиҳаи «JILO» — Маросими байналмилалии ҷоизасупорӣ барои саҳмгузорӣ дар рушди фарҳанг ва санъати форсизабонони дунё амалӣ гардид.
Ҳамчунин дар нимсола бештар аз 30 маводи таҳлилӣ, интиқодӣ тариқи барномаи «Ҷамъбасти ҳафта» пешкаши бинандагон карда шуд. Дар нақша аст, ки барномаҳои таҳлилӣ- маърифатӣ бо иштироки олимони соҳаи ҳуқуқ, маориф ва забоншиносон, нахустбарномаи «Ахтари адаб», «Равзани нур», лоиҳаҳои «Дил дар кафи даст», «Ману миллат», «Дар суҳбати адиб» таҳия гардида, ба эфир пахш карда шаванд, - гуфт дар охир Л. Давлатов.
Дилором ШЕРАЛИЕВА, «Садои мардум»
Палата фаъолияти соҳибкоронро ривоҷ медиҳад
Саҳми Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун пайвандгари соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар, ривоҷи фаъолияти соҳибкорону тоҷирон, ҷалби сармояҳо ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат назаррас аст. Дар ин бобат кори зиёд анҷом дода шуд.
- Зимни суҳбату мулоқотҳои сершуморе, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ баргузор гардид, мо таваҷҷуҳи намояндаҳои сафоратхонаҳо, меҳмонони хориҷӣ, сармоягузорон, соҳибкорону тоҷиронро ба захираҳои истифоданашуда, табиати нотакрор ва боигариҳои Тоҷикистон ҷалб намудем. Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани мақому манзалати ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ диққати зиёд медиҳад. Ба ин мақсад ҳар сол СД-диски «Раҳнамои тиҷоратии Тоҷикистон»-ро омода мекунем. Ин маълумотнома махсусан барои сармоягузорони хориҷӣ зимни ба роҳ мондани робитаҳо бо доираҳои тиҷоратии ватанӣ аҳамияти хос дорад. Дар СД-диски навбатӣ доир ба тамоми масоили сиёсати сармоягузорӣ, аз ҷумла роҷеъ ба 450 лоиҳаи миллии сармоягузорӣ, 600 муассисаи мамлакат ва ғайра маълумот мавҷуд аст, — иброз дошт раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид ба хабарнигорон.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки ба вуҷуд овардани шароити мусоид барои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, танзими муносибатҳои соҳибкорон бо ҳамкасбони хориҷӣ низ аз ҷумлаи вазифаҳои Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон унвонии доираҳои тиҷоратӣ ва палатаҳои кишварҳои ҷаҳон перомуни роҳандозии ҳамкории судманд дар бахшҳои афзалиятноки саноату иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Пешниҳоди ҳамкориҳо» ирсол шудааст.
Тазаккур бояд дод, ки имрӯз бо мусоидати Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкатҳои сармоягузории хориҷӣ дар самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишварамон самаранок фаъолият доранд. Сармоягузорони хориҷӣ ба азхудкунии муштараки иқтидори гидроэнергетикии кишвари мо, инчунин соҳаҳои коркарди маъдани кӯҳӣ, кимиё, нассоҷӣ, саноати хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмон, нақлиёту коммуникатсия, обёрикунонии заминҳо, кишоварзӣ, савдо, дорусозӣ ва туризм таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.
Айни замон теъдоди аъзои Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб ба 700 нафар расидааст.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»
Масъалаи норасоии омӯзгорон бартараф хоҳад шуд
Муовини ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Бобоҷон Самиев зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки то 30 июни соли 2014 дар шуъбаи рӯзонаи донишгоҳ 4952 нафар ва дар шуъбаи ғоибона 5246 нафар, ҷамъ 10198 нафар донишҷӯ ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин дар нишаст зикр гардид, ки дар соли таҳсили 2013- 2014 донишгоҳро 852 нафар бо ихтисоси омӯзгорӣ хатм менамоянд.
Муддати шаш моҳи сипаришуда дар курси аввал 179, дар курси дуюм 123 нафар ва аз шаҳрвандони хориҷӣ бошад, 24 нафар дар магистратураи донишгоҳ таҳсил карданд. Дар таълимгоҳи мазкур шумораи аспирантони ватанӣ 128 нафар, аспирантони хориҷӣ 35 нафар, унвонҷӯён 184 нафар, докторон 7 нафар буда, таҳсилашон тариқи буҷетӣ сурат мегирад ва аз ин шумора 3 нафарашон зан мебошад. Дар шашмоҳаи аввали соли 2014 ду нафар рисолаи докторӣ ва 4 нафар унвонҷӯ рисолаҳои номзадии худро дифоъ намуданд. Инчунин дар Шӯрои ҳимояи педагогика бошад, 18 нафар рисолаҳои худро ҳимоя карданд. Беш аз 40 нафар аспиранту унвонҷӯ дар навбати дифои рисолаҳои номзадӣ ва 8 нафари дигар бояд рисолаи доктории худро ҳимоя намоянд. Дар нимсолаи аввали соли 2014 аз ҷониби устодони донишгоҳ 2 монография, 10 китоби дарсӣ, 37 дастури илмӣ- методӣ ва 565 мақолаи илмӣ ба нашр расонида шуд. Дар ин давра донишгоҳ 15 конференсияи илмӣ- амалии сатҳи ҷумҳуриявӣ, 2 анҷуман, 4 семинари илмии сатҳи ҷумҳуриявидошта баргузор намуд.
Ҳамзамон дар шаш моҳи сипаришуда барӯйхатгирии тамоми биноҳои таълимӣ, хобгоҳҳо ва молу амволи донишгоҳ амалӣ гардид. Ду лабораторияи факултети химия пурра таъмир ва бо таҷҳизоти нав муҷаҳҳаз гардонида шуд.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»
Техникаҳои куҳнаю фарсуда иваз мегарданд
Тавре директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Алимурод Тағоймуродов зикр намуд, дар нимаи аввали соли 2014 ба истифодабарандагон ба маблағи 59 млн. 476,1 ҳазор сомонӣ хизматҳои гуногуни коммуналӣ расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013-ум 113,9 фоизро ташкил медиҳад. Маблағи фоида аз ҳисоби хизматрасониҳои соҳа 1 млн. 291,9 ҳазор сомониро ташкил намуд.
Бояд зикр кард, ки дар ҷумҳурӣ аз 65 адад партовгоҳҳои мавҷуда танҳо дар чор партовгоҳ, аз ҷумла дар шаҳрҳои Душанбе, Ёвон, Хуҷанд ва Чкалов безараргардонии партовҳо пурра ба роҳ монда шуда, дар дигар шаҳру ноҳияҳо ин кор қисман ташкил карда шудааст. Баҳри зарурияти ободонии партовгоҳҳо ва ташкили коркарди партовҳои сахти маишӣ КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» лоиҳаҳои инвеститсионӣ таҳия ва барои маблағгузорӣ пешниҳод карда буд, ки дар натиҷа маблағгузории лоиҳаҳои мазкур аз тарафи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дастгирӣ ёфт. Бонки номбурда барои сохтмони иншооти коркарди партовҳои сахти маишӣ ва ободонии партовгоҳҳои шаҳри Хуҷанд 5,0 миллион доллари ИМА, шаҳрҳои Турсунзода ва Қӯрғонтеппа мутаносибан 4,0 миллион доллари ИМА пешбинӣ кардааст, ки ин корҳо соли равон шурӯъ мешаванд.
Камбудиҳои асосии соҳа ҳанӯз ҳам ҳолати ташвишовари техникаҳои махсуси корхонаҳои коммуналӣ мебошад. Ба санаи 1 июли соли 2014 аз 951 адад шумораи техникаҳои махсуси коммуналӣ, ки дар мувозинаи корхонаҳои соҳаи манзилию коммуналӣ қарор доранд, 585 адад коршоям ва 366 ададашон корношоям мебошанд, аз шумораи умумӣ 380 адад (42 фоиз) муҳлати ду ва сеюми хизматрасониро иҷро карда истодаанд. Бо дарназардошти рафъи камбудии мазкур дар нимсолаи якуми соли 2014 аз тарафи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» 21 адад техникаҳои махсус харидорӣ карда шуд.
Дар корхонаҳои тобеи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ба ҳолати то 1 июли соли 2014-ум 6167 нафар кормандони маъмуриву идорӣ ва муҳандисию техникӣ фаъолият доранд. Музди миёнаи маоши кормандон 690 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013-ум 145 сомонӣ афзудааст.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»