Гумон мекунам, ки танҳо дирӯз буд, ки ман ба саҳнаи бароям муқаддас қадам гузошта, баҳри тамошобинон сурудҳои аввалини худро ҳадя намудаам. Пазироии гарму ҷӯшон, қарсакҳои тамошобинон, дастагулу номаҳои пурмеҳри мухлисон, дӯстдорони санъату эҳтироми волои мухлисони аввалин маро водор намуданд, ки дар пайроҳаи интихобнамудаи хеш ҷиддиву устуворона қадам гузорам.
Ҳамзамон дар он давра барои инкишофи санъати ҳунарварӣ, такмили шуури одамон ва муносибати дилсӯзонаи онҳо имкониятҳои нав фароҳам омаданд, ки хушбахтона, ба олами мураккабу рангоранги санъати овозхонӣ ҳунармандон аз фишори куҳнаву каҷназариҳои афроди куҳнапараст озод гардида, бо ифтихори баланд қадам ба остонаи саҳна бигузоранд. Ман саҳнаро барои худ меҳроби зиндагиву рамзи покизагӣ интихоб намуда будам.
Он рӯзҳое буданд, ки дер меоянд, вале зуд мегузаранд. Мегузаранду меҳре аз оғӯши кушоди ёрон, нуре аз дурахши чашмҳои мухлисон ва бӯйе аз гулзори дӯстон дар қалбу ёди инсон нақш мебанданд. Ин нақши меҳри мухлисон ба ҳар кас ҳам болу пар мебахшад, то ки дар арсаи санъат баландтар ва далертар парвоз намоӣ.
Инак, зиёда аз 55 сол мешавад, ки ман ба мухлисону ҳаводорони сершумори санъати тоҷик суруд мехонаму онҳо бароям дастагули меҳр меоранд.
Дар умри хеш дар аксари кишварҳои олам сафарҳои зиёди ҳунарӣ доштам, ки дар ёд мондааст. Дар байни ду забони маъруфи олам- забонҳои англисӣ ва фаронсавӣ забони тоҷикии мо пешоҳанг ва хушоҳанг садо медоду садои форами ин забони бостонӣ дар саҳнаҳои бузург ба шунавандагон мақбул меомад.
Дар гӯшаю канори олам дар қатори гурӯҳи ҳунармандон банда нахустин нафаре будам, ки бо либоси миллӣ суруди тоҷикиро замзама карда, Тоҷикистону тоҷикистониёнро ба онҳо муаррифӣ намудаам.
Ёд дорам сафари ҳунарии хешро, ки бахшида ба таҷлили 100- солагии давлати Канада – ЭКСПО- 67 дар соҳили уқёнуси Атлантика, дар шаҳри хушманзараи Монреал баргузор гардида буд. Намоишгоҳ дар масофаи 500 гектар, тӯли се сол бо қувваи 10 ҳазор нафар бунёд ёфта буд. Мо аввалин санъаткорони тоҷик будем, ки дар ин сарзамин ҳунарнамоӣ намуда, бо забони ноби тоҷикӣ суруд хондем.
Пас аз намоиш нафарони зиёди ношинос аз мамлакатҳои дигар изҳори сипос намуда, ашк мерехтанд, ки бо забони форсӣ- дарӣ баҳрашон суруд хондам.
Ёд дорам, ки он рӯзҳо Раиси Совети Вазирони РСС Тоҷикистон Абдулаҳад Қаҳҳоров бо устодон Мирзо Турсунзода ва Муҳаммад Осимӣ дар даст рӯзнома маро ҳузури хеш хонда, бо ифтихор дар саҳифаи он акси маро бо матни «Аз сурудҳои ҷаззоби тоҷик бебаҳра намонед» нишон дода, табрик намуданд.
Лаҳзаҳои хотирмону таърихӣ бароям, инчунин аз он рӯзҳое мондаанд, ки дар ҳузури зиёда аз 50 ҳазор нафар халқи гуногунмиллат дар сарзамини Ҳиндустон бо актёр ва режиссёри машҳури ҳинд Раҷ Капур паҳлу ба паҳлу суруд хондам. Сабти навори он солҳо исботи ин гуфтаҳо мебошанд. Чунин вохӯриҳои хотирмону суҳбати дилнишин ба ситорагони санъати ҷаҳон Алла Пугачёва, Филипп Киркоров, Хулио Иглесиас, Иосиф Кобзон, Пӯлод Бул-Бул –уғлӣ, А.Серов, Юрий Антонов, Людмила Зикина, Валерий Леонтев, Саттор, Андӣ, В.Винокуров ва нафарони зиёд баргузор гардидааст, ки ҳамчун тимсоли некӣ дар ёдҳо сахт нақш бастаанд.
Ман мунтазам устодони сухан ва санъат М.Турсунзода, С.Улуғзода, Б.Раҳимзода, Ҷ.Икромӣ, М.Осимӣ, Лоиқ, Б.Исҳоқова, Ш.Муллоҷонова, З.Нозимов, О.Ҳошимов, Б.Ниёзов ва дигар фарзандони фарзонаи миллатро хаёлан ҷустуҷӯ мекунам. Лаҳзаҳои хотирмон, ки шуморашон зиёд буданду безбозгаштанд, ба лавҳи хотир меорам. Афсӯс тезгузарии вақт аст, ки аз ин хирадмандону азизон ҷудо гардидем. Шукри он лаҳзаҳо, ки баҳра аз дидору суҳбатҳои ширинашон бардоштаам. Поянда бод инсоне, ки бо меҳри худ дар дили ҳазорҳо нафар ошёни абадӣ дорад ва ёди чунин чеҳраҳои мунир моро ба кори дигаре низ ҳидоят мекунад. Мо бояд дар зиндагӣ ба қадри якдигар бирасем.
Вақте ки шунаванда як нафар сарояндаро чор соат ё аз ин зиёдтар дар саҳна дида, аз сурудаҳои ӯ дилгир намешавад, баръакс, баробари ӯ ба ҳаяҷон меояду ҳастии хешро фаромӯш мекунад, дар он сурат ҳунарпеша ба қадру манзалати чунин мухлисон мерасад ва месазад, ки баҳри онҳо оҳангу сурудҳои нав ба нав эҷод намояд.
Тӯли 50 сол дар кӯчаву маъракаҳо қабули гарми одамон, эҳтироми пиру барно, ҳамарӯза гирифтани соядаст, аксбардориҳои пайваста ба туфайли ҳунари овозхониам буд. Шукрона дорам аз туҳфаи Худододи тақдир, ки насибам гаштааст. Дар зиндагии мо ҳама касбу ҳунарҳо баробар қадр доранд ва фаъолияти эҷодӣ ба касбҳо ранги нав, эҷоди нав мебахшад. Ҳунари овозхонӣ бароям аз ҳунарҳои зебоест, ки ба дили шунаванда пайки шодӣ ва хушбахтии безбозгашт меорад.
Бархе гумон мекунанд, ки ҳунари овозхонӣ осон асту заҳмати зиёде надорад, вале ҳар як суруд бар ивази ҷустуҷӯйҳои пайваста, бедорхобиву шабзиндадориҳо ва парвози баланди рӯҳӣ тавлид меёбанд. Эҷодиёти ҳақиқӣ ва бозёфти эҷодӣ маҳз дар натиҷаи ба кор андохтани эҳсосоти ботин ва фурӯ нишонидани ҳамаи мушкилиҳо ба даст меоянд.
Хушбахтона, дар баҳри беканори санъати тоҷик дурдонаҳо фаровонанд, аммо интихоби дурдонаҳои асил аз тӯдаи ҷавоҳиротро бояд дастгирӣ намуд. Аниқтараш, бигузор роҳи равшан, аммо пурпечутоби санъат барои ҷавонони овозхон то саҳнаи баланд, то саҳнае, ки аз он ҳунарпеша метавонад на танҳо бо садҳо, балки бо ҳазорон одамон гуфтугӯ намояд, дарси ибрати тамошобинон, шунавандагон ва тамоми инсонҳои равшанфикр гардад.
Агар нури офтоб ҷаҳонро файзу хуррамӣ бахшад, пас суруд бо навозиш ва оҳанги хеш сарчашмаи шодмонӣ ва гармии ҳар як хонавода мебошад.
Солҳои сипаригардида барои ман як фарзанди диёри кӯҳистон чун афсонаҳои ширин гузаштанду ҳар лаҳзаи онро метавон бо ҳарфҳои заррину нигоштаҳои гуворо рӯйи саҳфа овард. Имрӯзҳо мехоҳам бо гузашти умр барои ин қадар меҳрубониву эҳтироми баланд ба пиру барнои халқи сарбаландам ва дӯстони дигар миллатҳои манотиқи дуру наздик арзу сипоси хешро бирасонам:
-ман аз тақдиру ҳастии хеш нахуст ба Худованди меҳрубон сар ба суҷуд меорам, ки бароям ҳунари овозхониро ҳадя намуд;
-сипас, сари таъзим ба рӯҳи мубораки волидонам меоварам, ки маро ҷон офарида, дили нармам ато кардаанду ба роҳи рост ҳидоят намуданд;
-миннатгузорам аз сарварони дирӯзаву имрӯзаи Ватан, роҳбарону устодони фарҳангдӯсти кишварам, ки баҳри ба чунин мартаба расидани ман қадршиносиву қадрдонӣ намудаанд;
-ифтихори баланд дорам, аз зодгоҳам Куруди Тоҷикистон, ки парвозгоҳи олами суруди ман гардидааст;
-шукргузорам, аз халқи ҳимматбаландам, ки ҳунари маро зиёда аз ним аср бо дастфишориву гулфишонӣ қадрдонӣ мекунанд;
-арзи сипос дорам аз дӯстони содиқу вафодорам, ки дар лаҳзаҳои шодиву ғам бари ман буданду ҳастанд;
-дуруди бепоён дорам ба ромишгарони чирадастам, ки солҳои тӯлонӣ ба сурудаҳои ман ҷомаи заррин пӯшонида, оҳанги сурудҳоямро ба дуриҳои дур бурдаанд;
-ташаккури зиёд ба қаламкашони моҳир, ки ин солҳо бо хомаи хеш васфи ҳунари ман мекунанду аз қаъри дил сухан берун меоранд;
-арзу сипос ва эҳтироми зиёди худро ба сарзамини Хуҷанди бостониву мардуми меҳмоннавозу бохирадаш мерасонам, ки як навраси кӯҳистониро ба оғӯш гирифта, соҳиби маълумоту ҳунар гардонида, сипас ба арсаи санъат, ба пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе равон намуд ва бо гузашти айём боз фарзандвор ба оғӯшаш гирифт;
-шукрона дорам аз шаҳри ормону орзуҳоям Душанбеи зебо, ки овози маро ба оламиён расонида, бо ҳазорҳо дӯстони нав қарину шиносам намуд;
-дуогӯям ба аҳли оилаам- ҳамсар ва фарзандони нозпарварам, наберагону аберагони дӯстрӯям, пайвандони азизам, ки маро нури дидаи хеш дониста, хизматгузори мананд.
-ниҳоят, ман аз ҳамаи неъматҳои Худодод, обу хоки Ватани муқаддас шукргузорам ва ҳамеша дар роҳи ибодати Худованд роҳ мепаймоям ва шиори ман дар зиндагӣ: «Бо Худо, бо халқ, бо худ» буда, маҳз ҳамин даъвати қалб роҳнамову роҳкушо ва мушкилкушои мананд.
Орзу дорам, ки дар Ҷумҳурии азизамон Тоҷикистон, дар сарзаминҳои олам ҳамеша сулҳ пойдору садои хандаву нишот ва мусиқии ҷаззоб танинандоз бошад.
Ҷӯрабек МУРОДОВ, Артисти халқии СССР