Мулоқоти вакилон бо интихобкунандагон

№11 (4594) 10.01.2023

DSC_2003Дар толори Идораи барқи шаҳри Хуҷанд, Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 — и ба номи Султон Ӯрунов, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 28, Литсейи касбӣ — техникии шаҳр бо кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳр, намояндагони корхонаҳои саноатӣ, барқ, маориф, тандурустӣ ва фаъолони маҳаллаҳои Бофанда, Шарқ, Тути калон, ба номи Содирхон Ҳофиз вохӯриҳои судманд ва хотирмон баргузор шуданд.

Дар вохӯриҳо муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раънохон Бобоҷониён муҳимтарин нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳу тавзеҳ дода, аз таҳкими соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, амалишавии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат ва дастовардҳои мардуми мамлакат дар солҳои соҳибистиқлолӣ маълумот доданд.

Мавриди зикр аст, ки дар ин вохӯриҳо 520 нафар интихобкунанда ширкат варзиданд ва дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд 15 нафар шаҳрванд аз ҷониби вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раънохон Бобоҷониён қабул гардида, дархосту пешниҳоди онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат дар ноҳияи Рӯшон бо интихобкунандагон мулоқот кард.

- Иҷрои босамари бандҳои муҳими Паёми Роҳбари давлат ба ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ, сарфи назар аз касбу кор ва мансабу мақом вобастагии зич дорад. Ҳамбастагӣ, муттаҳидӣ ва ҳамкории судманд миёни сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ба хотири расидан ба ҳадафи ниҳоӣ яке аз дигар омилҳо ба шумор меравад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмашон нақши сокинони мамлакатро дар амалӣ намудани барномаҳои иқтисодию иҷтимоӣ беназир унвон карда, чунин изҳор доштанд: «Маҳз бо шарофати заҳмати содиқонаи мардуми мамлакат раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардош­тани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда мешаванд», — иброз дошт Қодири Қосим.

Номбурда, ҳамчунин, гуфт, ки дар Паёми солона Пешвои миллат ба масъалаи бунёди неругоҳҳои барқи обӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, иброз доштанд, ки «механизми маблағгузории фондҳои махсус дар самти роҳандозии барномаву лоиҳаҳои мақсадноки рушди «иқтисоди сабз», аз ҷумла «энергияи сабз» бояд васеъ ҷорӣ карда шавад. Ҳоло 98 фоизи барқ дар неругоҳҳои барқӣ — обӣ истеҳсол карда мешавад ва аз рӯи ин нишондиҳанда ҷумҳурии мо дар ҷаҳон дар ҷои шашум қарор дорад. Аз рӯи истихроҷи газҳои гулхонаӣ Тоҷикистон дар мақоми баландтарин ҷой гирифтааст».

Бинобар ин, раванди истеҳсол ва тавсеаи «энергияи сабз» минбаъд низ дар мамлакат равнақ меёбад. Ҳоло сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» ба маблағи 612 миллион сомонӣ дар ноҳияи Роштқалъа, неругоҳҳои бодию офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб ба маб­лағи 170 миллион сомонӣ бомаром идома дорад. Бо пайдо гардидани имконоти молӣ бунёди яке аз дигар неругоҳҳои нисбатан бузург бо номи НБО «Санобод» дар ноҳияи Рӯшон оғоз мегардад.

Чоруми январи соли 2023 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан доир ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Паём роҳнамои мост» бо фаъолони шаҳр мулоқот баргузор шуд.

Дар он вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Умарзода ва Муҷибахон Ҷавҳарӣ ширкат варзида, нишондодҳои Паёми Президенти мамлакатро барои иштирокчиён таҳлил карданд.

- Паёми Роҳбари давлат фарогири самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат буда, ҳуҷҷати муҳим ва роҳнамои зиндагии ҳар фарди кишвар ба ҳисоб меравад. Бо ёдоварӣ аз нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба вазъи мураккаби ҷаҳон дар соли 2022 дар Тоҷикистон соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ рушд намуда, дастовардҳо афзун гардиданд, — зикр кард Муҷибахон Ҷавҳарӣ.

Панҷуми январи соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Қурбонзода бо омӯзгорон, кормандон, донишҷӯён ва сокинони ноҳия баргузор шуд.

Номбурда доир ба Паёми Пешвои миллат муфассал суханронӣ карда, аз ҷумла, гуфт, ки барои муайян сохтани дурнамои рушд ва инкишофи бахшҳои гуногуни хоҷагии мамлакат дар Паёми Пешвои миллат таҳия ва қабулу татбиқи якчанд ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ, аз қабили консепсия, стратегия ва беш аз панҷ барномаи давлатӣ пешбинӣ гардидааст.

- Пешвои миллат иброз намуданд, ки бо шуғли пурмаҳсул таъмин кардани аҳолӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ба ҳисоб рафта, барои татбиқи он қабули барномаҳои соҳавию минтақавӣ зарур аст, — ёдовар шуд вакил.

Вохӯрии Маҳмадалӣ Қурбонзода бо интихобкунандагон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон низ сурат гирифт.

Соли 2022 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 707 миллион сомонӣ зиёд буда, қариб 19 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад, — ёдовар шуд вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Зиёӣ панҷуми январи соли равон зимни вохӯрӣ бо интихобкунандагон дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36-и шаҳри Хуҷанд.

Вакил, ҳамчунин, иброз дошт, ки бо истифода аз имкониятҳое, ки Давлат ва Ҳукумати мамлакат фароҳам оварда истодааст, муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олӣ бояд бо роҳи анҷом додани кашфиёту ихтироот, ҷорӣ кардани усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва техникаву технологияҳои муосир дар рушди минбаъдаи иқтисоди миллиамон саҳми фаъолтар гузоранд.

Номбурда ба интихобкунандагон паҳлуҳои дигари Паёми Президенти мамлакатро тавзеҳ дода, аз ҷумла дар хусуси сол аз сол беҳтар шудани сатҳи зиндагии сокинони кишвар маълумот дод.

Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Фаизобод №11 Файзулло Наҷмидиниён ва Саодатшо Матробиён панҷуми январи соли равон дар толори Кохи фарҳанги деҳоти «Меҳробод»-и ноҳияи Нуробод сурат гирифт.

Вакилони Маҷлиси намояндагон доир ба муҳтавои Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, онро дастури раҳнамунсоз барои пешбурди ҳама соҳаи хоҷагии халқи мамлакат маънидод карданд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ, инчунин риоя кардани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» яке аз дастурҳои муҳимест, ки сокинон бояд ба назар гиранд.

Вохӯриву суҳбатҳо доир ба Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дигар ташкилоту муассиса ва деҳаҳои ноҳия низ бо интихобкунандагон баргузор шуд.

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и деҳаи Басмандаи деҳоти «Ваҳдат»-и ноҳияи Деваштич вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Деваштич №24 Комрон Исмоилиён бо интихобкунандагон вохӯрӣ доир карда, нуктаҳои Паёми Роҳбари давлатро шарҳу тавзеҳ дод.

Номбурда, аз ҷумла, оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, ҳадафҳои стратегии мамлакат, зери таваҷҷуҳи хосаи Президенти мамлакат қарор доштани соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, инчунин оид ба баланд бардоштани мақоми занон ва ҷавонон дар ҷомеа, тарбияи дурусти насли наврас, ҷалби ҷавонон ба касбу ҳунар суханронӣ кард.

Сипас, иштирокчиён бо дархосту саволҳо муроҷиат карда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 Панҷуми январи соли ҷорӣ вакили Маҷлиси намояндагон Парвиз Шодизода бо интихобкунандагон дар шаҳри Панҷакент ҷиҳати шарҳи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд.

- Дар ин ҳуҷҷати роҳнамо вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеа дар соли 2022 амиқ таҳлил шуда, зикр шудааст, ки ба рағми равандҳо ва мушкилоти гуногуни сиёсӣ иқтисоди Тоҷикистон рушд карда, сатҳи некуаҳволии мардум баланд гашта, бо пазируфта шудани ташаббуси панҷуми Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ обрӯ ва нуфузи мамлакати мо дар арсаи ҷаҳонӣ боло рафта, он чун кишвари амн ва ташаббускор шинохта шудааст, — гуфт вакил зимни баромад.

Мулоқот бо интихобкунандагон дар дигар деҳоти ноҳия низ идома ёфт.

Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Исфара мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҷибахон Ҷавҳарӣ ва Мавзуна Шамсиддинзода бо интихобкунандагон ва устодону донишҷӯёни муассисаи таълимӣ доир гардид.

Вакилон нуктаҳои муҳими Паёми Президенти мамлакатро шарҳу тавзеҳ дода, аз дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ дар солҳои охир, бахусус аз беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, рушди саноат ва таъмини амнияти озуқаворӣ, маълумот доданд.

Дар мулоқот, аз ҷумла, зикр гардид, ки дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳар сол ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Вохӯрии вакилони мардумӣ бо интихобкунандагон дар Ҷамоати деҳоти «Навгилем» ва «Зумрад», коргоҳи дӯзандагии «Салимабону» — и маркази шаҳр низ баргузор шуд.

Дар Ҷамоати шаҳраки Консойи шаҳри Гулис­тон ҷиҳати шарҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон Раънохон Бобоҷониён бо иштироки 355 нафар сокинони шаҳрак доир гардид.

Вакили мардумӣ роҷеъ ба амалишавии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ, боло рафтани сатҳи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, соҳаи маориф, зан ва ҷомеа, аз ҷумла оид ба дастовардҳои даврони истиқлолият, ҳифзи оромӣ ва осудагии кишвар, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ва дигар нуктаҳои Паём, суханронӣ кард.

 Интихобкунандагон зикр карданд, ки дастурҳои Паёми Роҳбари давлатро дар фаъолият ва зиндагиашон ҳамчун роҳнамои рӯзгори нек сармашқи кор хоҳанд кард.

Мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Кӯшониён №27 Шодиён Муҳаммад бо фаъолон ва сокинон дар Ҷамоати деҳоти «Меҳнатобод»-и ноҳияи Кӯшониён шашуми январи соли равон доир гардид.

Зимни баромад номбурда зикр кард, ки ҳадафи олии Давлат ва Ҳукумати мамлакат мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аст. Инчунин, гуфт, ки вазъи ҳассоси ҷаҳон, бахусус ба танқисии шадиди озуқаворӣ дучор гардидани чоряки кишварҳои дунё, моро водор месозад, ки ҷиҳати таъмини ҳадафи стратегиамон – таъмини амнияти озуқаворӣ тадбирҳои иловагӣ андешем.

- Солҳои охир, бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои берунӣ, пайи ҳам омадани хушксолӣ ва маҳдудсозии содироти озуқаворӣ аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон, маҳз бо заҳмати шабонарӯзии кишоварзони мамлакат амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин карда шуд, — гуфт вакил.

 Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода ва Музаффар Маҳмудзода бо аҳолии деҳоти «Навобод», «Пахтаобод» ва «10-солагии Истиқлолият», деҳоти ба номи Турсун Тӯйчиев, «Регар» ва «Работ»-и шаҳр нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллатро шарҳу тавзеҳ доданд.

Зикр гардид, ки масъалаҳои вобаста ба мактабу маориф, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ҳифзи муқаддасоти миллӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор доранд. Пешвои миллат бо эътимод ба халқи заҳматпешаи Тоҷикистон иброз доштанд, ки мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем ва барномаҳои созандаву бунёдкоронаи барои рушди давлат ва ободии Ватан тарҳрезикардаро сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонем.

- Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад, — таъкид карданд вакилон зимни баромад.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳам­мадраҳим Юсуфӣ, Файзалӣ Идизода ва Хайрулло Амонулло зимни мулоқот бо интихобкунандагон дар маҷлисгоҳи Гимназияи ба номи Б. Ғафурови ноҳияи Рӯдакӣ нуктаҳои асосии Паёми Президенти мамлакатро таҳлил карда, дастурҳоеро, ки дар он зикр шуданд, бори дигар ба ҳозирин расонданд.

Онҳо аз ҷумла доир ба масъалаҳои ҷараёни сохтмони муассисаҳои таълимӣ, ба роҳ мондани робитаи зичи волидайн бо омӯзгорон дар раванди таълиму тадрис, истифодаи мақсадноки шабакаҳои интернетӣ аз ҷониби ҷавонону наврасон, пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, даъват ва ихтиёран сафарбаркунии онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ суҳбат оростанд.

Иштирокдорони вохӯрӣ низ дар доираи муҳокимаву музокираҳо иброз доштанд, ки дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ ва мардуми шарифи Тоҷикистон бармеояд, сармашқи кор қарор медиҳанд.

 Дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Латифзода ва Зайниддин Сафарзода бо намояндагони касбу кори гуногун сурат гирифт.

Гуфта шуд, ки Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба беҳбуд бахшидани сатҳу сифати зиндагии мардум, таваҷҷуҳ ба табақаи ниёзманди ҷомеа, роҳандозӣ гардидани ташаббусу иқдомҳои наҷиб, баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва стипендияи донишҷӯён равона гардид. Ҳамчунин, вакилони Маҷлиси намояндагон аз қабул гардидани ташаббуси панҷуми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳифзи байналмилалии пиряхҳо ва муқаррар кардани рӯзи махсус барои ҳифзи пиряхҳо маълумот доданд.

Ҳафтуми январи соли равон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Хоруғ рақами 41 Гиёзода Азиз Қодир бо мақсади шарҳу таҳлили нуктаҳои Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо аҳли ҷамоатчигии шаҳри Хоруғ мулоқот кард.

Ҳини вохӯрӣ таъкид шуд, ки дар баробари дигар масоили муҳим дар Паём ба бунёди иншооти саноатию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ – фарҳангӣ диққати хоса зоҳир шудааст. Яъне, бо дарназардошти афзоиш ёфтани аҳолӣ, инчунин, зиёд шудани талабот ба бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва манзилҳои истиқоматӣ Сарвари давлат бори дигар таъкид карданд, ки роҳбарону мутахассисони Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти марбутаро мебояд, ҳангоми бунёди иншооту биноҳо ба риояи ҳатмии қоидаву меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сохтмон эътибори аввалиндараҷа зоҳир намоянд.

Вохӯрии вакил бо интихобкунандагон дар ­ноҳияи Ишкошим низ баргузор шуд.

- Ба туфайли раванди созандагиву ободкорӣ дар сартосари кишвар нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандони мамлакат ҳадафмандона амалӣ шуда, пешравиҳо дар ҳамаи самтҳо ба назар мерасанд. Паёми навбатӣ роҳнамои ояндаи дурахшони кишвар буда, дар ҳаёти сиёсӣ — иҷтимоӣ, мудофиавию маърифатӣ ва иқтисодӣ — маънавӣ нақши муҳим хоҳад гузошт, — иброз намуд Гиёзода Азиз Қодир.

Паёми Пешвои миллат ҳадафҳои воқеии иҷтимоӣ, вазифаҳои нави стратегӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқиро фаро гирифта, барои ноил шудан ба татбиқи онҳо аз парлумон кори касбӣ ва масъулиятнокро тақозо мекунад, — иброз дошт вакили Маҷлиси намояндагон Ғиёсиддин Шарифзода зимни шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба интихобкунандагон дар ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакент.

Номбурда афзуд, ки зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ Президенти кишвар муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳар сол ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт.

Ғиёсиддин Шарифзода изҳори умед намуд, ки минбаъд низ мардуми заҳматкаши ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакент дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо масъулияти баланд иҷро хоҳанд кард.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Мухтори Абдулло,

Исломи РАҶАБАЛӢ,

М. ИМОМНАЗАР,

 «Садои мардум»