Зикри хайр

Мо аз ту ҷудоем ба сурат, на ба маънӣ…

№12 (4595) 12.01.2023

МукаррамаДоктори илмҳои филологӣ, профессор, Арбоби илм ва техника, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, нахустин доктори илм байни занон дар риштаи филология Мукаррама Қосимова агар дар қайди ҳаёт мебуданд, 90-сола мешуданд.

Муаллима дар дунёи фонӣ сарбаланд зистанд. Олими пуркор, омӯзгори хушкор ва мураббии ғамхор буданд. Аз ҷумлаи муҳаққиқоне мебошанд, ки барои рушди илми забоншиносии тоҷик хидматҳои мондагор анҷом додаанд.

Фаъолияти илмиро аз таҳқиқи наҳви ҷумлаҳои мураккаби осори адибони муосир оғоз намуда, бо наҳви ҷумлаҳои содаи таърихӣ дар заминаи маводи се асари насрии даврони асримиёнагӣ: «Сафарнома»-и Носири Хусрав, «Сиёсат­нома»-и Низомулмулк ва «Қобуснома»-и Кайковус анҷом доданд ва ба ин восита решаҳои амиқи бостонӣ дош­тани қолабҳои сарфию наҳвии баёнро ошкор карданд. Дар асоси маводи аз се асари охир гирдовардаашон воситаҳои ифодаи муносибатҳои наҳвии вожаҳоро дар таркиби ҷумлаҳои сода нишон дода, ширкати навъҳои робитаи наҳвиро дар васли ҷузъҳои ин гуна ҷумлаҳо, созмонёбии ҷумлаҳои яктаркибаву дутаркибаи хуллас, дутаркибаи тафсилии номиву феълӣ, ифодаи намуди амал дар хабарҳои феълӣ, вижагиҳои хабарҳои номиву феълӣ ва дигар аъзои ҷумла, нақши пешоянду пасояндҳо ва бандакҷонишинҳо ва монанди инҳоро ба риштаи таҳлил кашидаанд. Дар ин самт асару мақолаҳои илмиро перомуни корбурди калимаҳои семантикӣ дар рубоиёти Маҳастӣ, ифодаи тавсиф дар «Хусрав ва Ширин»-и Низомии Ганҷавӣ, хусусиятҳои забонии номҳои Парвардигору пайғамбарон дар ашъори Абдураҳмони Ҷомӣ, маҳбуба ва муродифҳои он дар ғазалиёти Бадриддин Ҳилолӣ, як усули мураккабгардии ҷумла дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, ҷумлаҳои мураккаби тобеи сертаркиб дар рубоиёти Умари Хайём, вижагиҳои сарфию наҳвии ҷумлаҳои мураккаби тобеи сертаркиб дар «Саодатнома»-и Носири Хусрав, ҷумлаҳои мураккаби тобеи якпайрав дар «Сиёсатнома»-и Низомулмулк, як қолаби ҷумлаҳои сода ва қаринаҳои он дар «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, ҷумлаҳои инкорӣ дар ғазалиёти Хоҷа Камол ба табъ расонидааст.

Дониши фарохи Мукаррама Қосимоваро метавон аз ин нукта низ дарк намуд, ки осораш танҳо ба як бахши забоншиносӣ рабт надошта, дар онҳо масоили гуногуни бахшҳои ин риштаи илм арзёбӣ гардидаанд.

Як ҳиссаи таҳқиқоти дар ин самт аҷомдодаи олим ба забонҳои русӣ, англисӣ ва форсӣ интишор шудаанд. Хонандаи гиромӣ аз таълифоти илмии ӯ доир ба имло (баъзе қайдҳо дар бораи имлои чанде аз маҷаллаву рӯзномаҳо), вожашиносии муосиру таърихӣ (тадқиқи яклухти ибораҳои фразеологӣ, ифодаи ном, рамзу аломатҳо ва муқаддасоти дину мазҳабҳо дар забони тоҷикӣ, номҳои муқаддасот дар забони тоҷикӣ, бори маънои иҷтимоӣ кашидани як гурӯҳ вожаҳо дар забони тоҷикӣ, баъзе вижагиҳои истилоҳот дар осори муаллифони қарнҳои ХI-ХII, назаре ба истилоҳоти забоншиносии пешин), калимасозӣ (пасванди –ча), бахши сарфи забони адабии муосири тоҷикӣ (баъзе аз вазифаҳои калимаи «балки», баъзе қайдҳо дар бораи забони ахбори омма), типологияи муқоисавии забонҳои тоҷикиву русӣ (хусусиятҳои лексикӣ-грамматикии зарбулмасал ва мақолҳои ҳамгуни забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, «Краткий таджикско-русский и русско-таджикский учебный словарь, «Луғати мухтасари мавзӯии таълимии тоҷикӣ-русӣ»), усули таълими забони тоҷикӣ ё усули таълифи китобҳои дарсӣ (тавсияҳои методӣ аз забон ва адабиёти тоҷик барои дохилшавандаҳо), баъзе вижагиҳои омӯзиши сарфу наҳви забони тоҷикӣ, таблиғи ғояҳои ватандӯстӣ, сулҳ ва инсонпарварӣ дар дарсҳои таърихи забон, тарбияи зебоипарастӣ ва сухангузинӣ дар ин дарсҳо баъзе андешаҳо дар бораи омода кардани мутахассисон – олимони соҳаи филология барои мактабҳои олӣ, хусусиятҳои таълифи китоби дарсии «Забони тоҷикӣ барои хориҷиён», принсипҳои таълифи китоби дарсии «Наҳви таърихии забони тоҷикӣ» огоҳии хуб доранд.

Мукаррама Қосимова дар навиштани матлабҳои донишномавӣ низ (энсиклопедӣ) фаъол буд. Аз ҷумла, дар ҷилди 8-уми «Энсиклопедияи советии тоҷик», ду ҷилди «Донишномаи Рӯдакӣ» ва дар ҷилди аввали «Энсиклопедияи миллии тоҷик» матлабҳои судманде интишор кардаанд.

Монография ва китобҳои дарсии таълифкардааш низ кам нестанд. «Ҷумлаҳои пайрави шартӣ дар забони адабии тоҷик», «Забон ва муъҷизаи он», «Сухан бояд ба дониш дарҷ кардан», «Чор унсур: маъниофаринӣ, калимасозӣ» (дар асоси маводи «Маснавии маънавӣ»), «Истилоҳоти қадимаи тоҷикӣ», «Вожаи бад: маъно, калимасозӣ, вазифаҳои грамматикӣ (дар асоси осори муаллифони асрҳои IХ-Х), «Очеркҳо оид ба синтаксиси ҷумлаҳои содаи насри асри ХI», «Структура ва семантикаи ҷумлаҳои сода», «Об дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ», «Ганҷи сухан» аз ҷумлаи онҳост.

Барои ба таври дилхоҳ омӯхтани ҳам забони тоҷикӣ, ҳам хатти ниёгон назарияро бе амалия тасаввур кардан амри маҳол аст. Зарурати таҳияи ин гуна роҳнаморо мавсуф ҳамеша таъкид мекард. Ин аст, ки як самти фаъолияти худро профессор Қосимова ба таълифи маҷмӯаи машқҳо, хрестоматияҳо равона карда, танҳоӣ ва ҳаммуаллифӣ китобҳоеро чун «Маҷмӯаи машқҳо аз забони тоҷикӣ» (барои муаллимони мактабҳои миёна), «Маҷмӯаи машқҳо оид ба синтаксиси ҷумлаҳои мураккаб» (дар ҳаммуаллифӣ бо Б. Камоллидинов), «Практикум аз забони адабии ҳозираи тоҷик», «Хрестоматия оид ба матни классикӣ» (бо ҳаммуаллифии С. Ҳалимов) таҳия ва пешкаши толибилмон карданд.

Вақте ки сухан аз боби устод Мукаррама Қосимова меравад, наметавон фаъолияти омӯзгории ӯро сарфи назар кард. Воқеан, дар баробари таҳқиқ ва омӯзиши забони тоҷикӣ, устод дар ин ришта шогирдони зиёдро ба камол расондаанд, ки имрӯз идомабахши фаъолияти ӯ мебошанд. Забони тоҷик­ро меомӯзанд, таҳқиқ мекунанд ва беолиш нигоҳ медоранд.

Гузашта аз ин, устод инсони фозил ва орифи дарёдил буданд. Аз суҳбатҳояшон мо — шогирдон ҳамеша лаззат мебурдем ва ба худ дурдонаҳои тоза ба тоза мечидем.

Агарчи имрӯз муаллимаи азиз паҳлуи мо нестанд, вале кору пайкори некашон дар хотири мо барои ҳамеша нақш бастааст ва он ҳеҷ гоҳ зудуда нахоҳад шуд. Чӣ хуш гуфтааст Соиби Табрезӣ:

Мо аз ту ҷудоем ба сурат, на ба маънӣ,

Чун фосилаи байт бувад фосилаи мо.

С. Собирҷонов,

номзади илмҳои филологӣ, дотсент, ходими калони Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии назди АМИТ,

А. Ҳасанзода,

доктори илмҳои филологӣ, профессори МДТ-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров