Дар партави Паёми Президент

Хизматчиёни давлатии арзандаро тарбия намоем

№77 (3223) 15.07.2014

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» доир ба хизмати давлатии сиёсию маъмурӣ муқаррар гардидааст, ки он аз фаъолияти касбии хизматчиёни давлатӣ иборат буда, ба таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори ҳокимияи давлатӣ ва амалӣ намудани салоҳияти ин мақомот нигаронида шудааст.

Хизматчиёни давлатӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мансаби давлатии хизмати давлатии музднокро ишғол менамоянд ва намояндаи ваколатдор дар бахшҳои алоҳида ба ҳисоб мераванд.

Аз фаъолияти босамари ҳар як хизматчии давлатӣ натиҷаҳои ниҳоии иҷрои ваколатҳои мақомоти гуногуни ҳокимияти давлатӣ вобастагӣ дорад. Бинобар ин, Сардори давлат мунтазам ба онҳо муроҷиат карда, иҷрои содиқонаю ватанпарастонаи вазифаҳои хизматиашонро талаб менамояд. Чунонки Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «хизматчиёни давлатӣ неруи пешбарандаю таҳкимбахши давлату давлатдорӣ маҳсуб меёбанд. Аз ин рӯ, онҳо бояд намунаи интизоми олию меҳнати фидокорона ва содиқона бошанд».

Тӯли зиёда аз 42 соли фаъолияти меҳнатии хеш, аз ҷумла собиқаи 33-солаи хизматчии давлатӣ, шоҳиди бисёр ҳолатҳое шудаам, ки шаҳрвандон ба ҳар як мансабдори давлатӣ вобаста ба сатҳи дониш, қобилияти ташкилотчигӣ, боадолатию ҳалолкорӣ ва хоксорию боинсофиашон баҳо медиҳанд.

Дар қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипҳои асосӣ, талаботи тахассусӣ, одоб, вазъи ҳуқуқӣ, кафолатҳо ва ҳавасмандгардонии хизматчиёни давлатӣ муқаррар карда шудааст. Бо дарназардошти раванди ҷаҳонишавӣ боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати дониши хизматчиёни давлатӣ, ба кор ҷалб намудани мутахассисони варзида, зарурати такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба хизмати давлатӣ пеш омадааст.

Таваҷҷуҳи Роҳбари давлат дар мулоқоту вохӯрӣ ҳангоми сафарҳои кориашон ба минтақаҳои кишвар бо шахсони боистеъдод ва ҷавонони ояндадор аз он шаҳодат медиҳад, ки роҳбарияти ҷумҳурӣ ба дарёфти чеҳраҳои нави барои халқу давлат ҷонфидою қобилиятнок ҳавасманд буда, камбудиҳои дар ин самтҳо мавҷударо бартараф кардан мехоҳад.

«Ҳукумати Тоҷикистон дар раванди татбиқи сиёсати давлатии кадрҳо ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону ҷавонон, фаъол гардонидани нақши онҳо дар ҳаёти ҷомеа ва ҷавонгардонии синну соли ҳайати кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти давлатӣ диққати ҷиддӣ медиҳад»,- омадааст дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар самти тарбияи кадрҳои ҷавон, чуноне дар Паёми имсолаи Сардори давлат зикр гардид, насли калонсол бояд саҳми арзандаи хешро гузоранд. Ин талабот хеле бамаврид аст, зеро ҳар як инсон, бинобар фарорасии синни нафақа, ё худ дигар омилҳои ҳаёт, аз вазифаи ишғолкардааш меравад ва агар шогирде дошта бошад, номи ӯ солҳои сол вирди забон хоҳад монд.

Дар ин маврид гуфтани онро ҷоиз медонам, ки солҳои 70-уми асри гузашта дар синни 24-солагиам маро сардори шуъбаи молияи шаҳри Ӯротеппа (алҳол Истаравшан) таъин карда буданд. Аз оғози фаъолияти роҳбарии хеш дар ин мақомот бисёр шогирдонро тарбия намудам ва баъзеи онҳо то ба сатҳи вазирию роҳбарии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят расидаанд, ки боиси ифтихори ман аст.

Дар робита ба ин масъала, ба мақсад мувофиқ мебуд, агар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои васеъ намудани сатҳи донишу ҷаҳонбинии хизматчиёни давлатии ҷавон эътибори махсус дода, дар вилоятҳо ё худ минтақаҳои алоҳидаи кишвар курсҳои доимоамалкунандаи такмили ихтисосро ташкил диҳанд ва ба ҳайси омӯзгорони ин курсҳо собиқадорони соҳаи хизмати давлатиро низ истифода баранд.

Кафолатҳои иҷтимоие, ки барои хизматчиёни давлатӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» пешбинӣ шудаанд ва баъзеи онҳо бинобар нокифоягии имкониятҳои молиявии Буҷети давлатӣ боздошта шудаанд, бояд таҷдиди назар шаванд. Зеро, тибқи муқаррароти алҳол амалкунанда, ба хизматчиёни давлатии собиқаи зиёди коридошта, гарчанде нафақаашон ба андозаи 80-90 фоизи музди меҳнаташон таъин гардида бошад ҳам, на бештар аз ҳадди болоии нафақаи умумӣ (яъне, 624 сомонӣ) пардохта мешавад. Аз ин низом, аксари нафақахӯрони солҳои тӯлонӣ дар хизмати давлатӣ содиқонаю бенуқсон хизматкарда изҳори нигаронӣ менамоянд.

Бар замми ин, як қатор шахсиятҳои шинохтаи ҷумҳурӣ, ки даврони Иттиҳоди Шӯравӣ дар мансабҳои давлатию ҳизбӣ фаъолона хизмат карда буданд, алҳол нафақаи хеле ночиз мегиранд ва интизоранд, ки кай Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мониторинги чунин категорияҳои нафақахӯронро гузаронида, бо роҳи азнавҳисобкунӣ (индексатсия) нафақаи онҳоро нисбатан зиёдтар менамояд.

Дастгириҳои давлатии иҷтимоию маънавӣ нисбати собиқадорони меҳнат кадрҳои ҷавонро ба меҳнати содиқонаю ватанпарастона, ҳалолкорию боинсофӣ ва адолатпешагӣ ҳидоят менамояд.

 

Карамулло ОДИЛОВ, Корманди шоистаи Тоҷикистон