Таъиноти кадрӣ

№77 (3223) 15.07.2014

12 июли соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як зумра кадрҳои ба вазифаҳои нав дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, як зумра корхонаҳои калони саноатӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба кору хизмати содиқонаю бенуқсон, иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ, ҳифзи шоистаи манфиатҳои давлату миллат ва тарбияи кадрҳои ҷавони ояндадор ҳидоят намуд.

Ҳамин тариқ, Талбидагӣ Давлатов, Фозил Раҳимов ва Қиёмиддин Самарзода ба вазифаҳои муовинони фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд.

Се нафари дигар ба вазифаҳои гуногуни сохторҳои махсуси ҳамин мақомот таъин гардиданд.

Бояд таъкид дошт, ки ҳамаи кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъиншуда дорои тахассуси олии ҳарбӣ ва хатмкардагони донишгоҳу академияҳои бонуфузи кишварҳои хориҷӣ мебошанд.

Муртазо Ҳайдарзода ба вазифаи сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шуд.

Дар доираи тағйироти кадрӣ дар соҳаи саноат Заробиддин Файзуллоев муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нав таъин гардида, роҳбарони се корхонаи калони саноатӣ – КВД «Коргоҳи мошинасозӣ», ҶСК «Трансформатор» ва КВД «Ҷамаст» иваз карда шуданд.

Эмомиддин Аслов муовини вазири энергетика ва захираҳои об таъин гардид.

Як қатор тағйироти кадрӣ дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуд. Аз ҷумла Мавсумахон Муинова муовини якуми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қиёмиддин Миралиев муовини раиси ҳамин кумита таъин карда шуданд.

Ду нафар кормандони ҳамин кумита, аз ҷумла муовини якуми раиси кумита Кабирҷон Ҷӯраев ва сардори раёсати кумита Носир Буриев ба вазифаҳои мушовирони бахшҳои ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Ҳамчунин аъзои нави Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ва ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Тавре аён гардид, қисми зиёди нафарони имрӯз ба вазифаҳои роҳбарӣ таъингардида кадрҳои ҷавону ояндадор мебошанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки минбаъд низ ба таълиму тарбияи кадрҳои ҷавони болаёқат ва пешниҳоди онҳо ба вазифаҳои пурмасъулият бояд кӯшиш ба харҷ дод, то ки насли ояндаи соҳаҳои гуногуни идораи давлатӣ бо сифати баланд омода карда шавад.

www.president.tj