Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нусратбахши фардои миллат

№14 (4597) 18.01.2023

52581540253_b36cc663d6_oДар Паёми Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олӣ, ки 23-юми декабри соли 2022 ироа гардид, рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар тӯли панҷ соли охир мавриди таҳлил қарор дода шуд. Роҳбари давлат иброз доштанд, ки дар ин муддат нақшаву барномаҳои тарҳрезишуда дар самти таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ҳадафмандона амалӣ шуданд.

Таъкид гардид, ки солҳои охир бинобар вазъи мураккаби сиёсии ҷаҳон инсоният давраи хеле ҳассос ва душворро аз сар мегузаронад ва  мусаллаҳшавии бошитобу оғози «ҷанги сард», ба вуҷуд омадани таҳримҳо  дар як қатор мамлакатҳо ба иқтисоди ҷаҳон бетаъсир намонда, дар натиҷа занҷири додугирифти молҳои ниёзи мардум канда шуда, болоравии нарх ба назар расид.

Дар Паём зикр гардид, ки ба мушкилоти зикршуда нигоҳ накарда, ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар рушди иқтисоди Тоҷикистон дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард сомонӣ ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт. Дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд. Аз ин лиҳоз, ин пешравиҳо моро водор месозад, ки боз ҳам қавитар дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат сарҷамъ шуда, бо дарки масъулияти баланди ватанпарастӣ дар ободонии кишвар, таҳкими сулҳу ваҳдат ва пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳиб­истиқлолӣ саҳм гузорем. Зеро бо заҳматҳои Сарвари давлат амалӣ гардидани нақшаҳои дурбинона  сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 ба 22,5 фоиз дар соли 2022  коҳиш дода шуд.

Дар Паём оид ба рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ дар панҷ соли охир, бунёди инфрасохтори ин соҳаҳо, таъмини соҳа бо мутахассисон, ба роҳ мондани истифодаи технологияи ҳозиразамон ва рушди илми миллӣ сухан меравад. Таъкид мешавад, ки танҳо дар панҷ соли охир барои ин соҳаҳо 36 миллиард сомонӣ равона гардида, маб­лағгузории соҳаи иҷтимоӣ дар ҳаҷми  умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил медиҳад.

Тибқи моддаи якуми Конс­титутсияи кишвар: «Тоҷикис­тон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии  арзанда ва  инкишофи озодонаро фароҳам меорад». Бинобар он, ғамхорӣ дар ҳаққи ниёзмандон, табақаҳои осебпазири ҷомеа, ятимон, афзун гардидани ҳаҷми маош, кумакпулӣ ва нафақа ғамхории навбатии Роҳбари давлат нисбат ба чунин ашхос аст, зеро тавре ки борҳо таъкид шудааст, мақсаду мароми Ҳукумат баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагонии  аҳолӣ мебошад. Бо ин мақсад то охири соли 2022 барои 475 ҳазор шаҳрванди ниёзманд, аз ҷумла кӯдакони ятим ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ, кумаки яквақтаинаи молиявӣ дар ҳаҷми 600 сомонӣ иловагӣ пардохт гардид, ки дар маҷмӯъ 285 млн. сомониро дар бар мегирад.

Дар таъмини сулҳу субот, садоқатмандӣ ба Ватан, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ҳайати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ нақши арзишманд доранд. Дастур дода шуд, ки аз 1- уми марти соли 2023 музди меҳнати амалкунандаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд гардад. Аз ин меҳрубонӣ кормандони соҳаҳои маориф, илм, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва гирандагони стипендия  ва нафақахӯрон низ баҳраманд гардида, музди маоши онҳо аз 1 — уми июли соли 2023 — юм 20 фоиз, андозаи нафақаи заминавӣ 20 фоиз ва  андозаи нафақаи суғуртавӣ бо назардошти сатҳи таварруми ду соли охир , вале на камтар аз 16 фоиз зиёд карда мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба афзоиш ёфтани аҳолии Тоҷикис­тон назари нек доранд ва бо хушнудӣ зикр карданд, ки дар қиёс ба соли 1991, ки 5 млн. нафар будем, то моҳи июли соли 2022 ба 10 млн. нафар расидем.

Сарвари давлат ҷавононро ояндаи миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа, посдорандаи анъанаи ниёгон, ҳомӣ ва пуштибони давлату миллат арзёбӣ мекунанд.

Ҳамчунин, дар Паём ­масъалаи дастгирӣ ва ҳамовозӣ ёфтани пешниҳоди навбатии  Пешвои миллат  дар Иҷлосияи 77-уми Маҷмаи умумии СММ 14-уми декабри соли 2022 изҳори андеша карда шуд. Дар ин асос  21-уми март «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», таъсиси Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пир­яхҳо дар назди СММ ва соли 2025 доир шудани Конференсияи байналамилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе доир мегардад.

Ин ташаббус идомаи иқдомҳои ҷаҳонии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар доираи  эълон гардидани соли 2003 «Соли оби тоза», солҳои 2005-2015 «Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт», соли 2013 «Соли дипломатияи об ё ҳамкорӣ дар масоили об» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» буда дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шуданд.

Дар маҷмӯъ, Паёми Пешвои миллат масъалаҳои муҳими ҳаёти моро фарогир буда, дар самти рушди сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар арзишманд ба ҳисоб меравад ва он барномаи хуби фаъолият баҳри таъмини пешрафти ҷомеа дар солҳои минбаъда маҳсуб меёбад.

Мурод ШУКУРЗОДА,

узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон