Машварати корӣ

№77 (3223) 15.07.2014

барк

12 июли соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони соҳаи энергетика ва олимону коршиносон доир ба омодасозии шабакаҳои энергетикӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015 машварати корӣ доир намуд.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба таъмиру тармим ва нигоҳубини дурусту саривақтии воситаҳои техникии шабакаҳои барқӣ, захираи фаровони маводи сӯхт, аз ҷумла мазут, ангишт ва гази моеъ зоҳир карда шуд.

Баррасии рафти иҷрои Стратегияи таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар, истифодаи технологияҳои каммасрафи барқӣ ва роҳҳои паст кардани талафоти технологии неруи барқ низ аз мавзӯъҳои асосии машварат буд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди масъулин доир ба ҷоннок намудани корҳо ва бартарафсозии камбудиҳои мавҷуда вазифаҳои мушаххас гузошт.

www.president.tj