Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳкушо ба фардои дурахшон

№15 (4598) 20.01.2023

Паёмҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ барои ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ҳамчун роҳнамо арзёбӣ мешаванд, ки ба татбиқи тадриҷии ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла беҳтар кардани шароити иқтисодиву иҷтимоӣ, маърифатнокии ҷомеа, таҳкими ғоя­ҳои сулҳу субот ва истиқлолияти давлатӣ, равона шудаанд.

Ҳамчунин, паёмҳои Пешвои миллат фарогири масъалаҳои банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатии соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ ва сиёсати хориҷӣ мебошанд.

Сарвари давлат дар Паёмашон, ки 23-юми декабри соли 2022 пешниҳод гардид, банақшагирии самти иқтисоди миллиро мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор дода, чунин таъкид карданд: «Дар шароити таҳаввулоти босуръату пешгӯинашавандаи иқтисоди ҷаҳонӣ, рақобати шадид барои дастрасӣ ба захираҳо ва пайомадҳои тағйирёбии иқлим бояд дар кишвар тамоми воситаҳои муосири ­фаъо­л­гардонии сармоягузорӣ ба таври васеъ истифода бурда шаванд».

Пешвои миллат ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони мамлакат таваҷҷуҳ намуда, қайд карданд, ки дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид.

Ҳамзамон, музди миёнаи меҳнат дар кишвар якуним баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,3 баробар афзоиш ёфт. Дар натиҷа, сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд. Дар ин давра беш аз 900 ҳазор ҷойи кори нав, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 ҳазор, таъсис дода шуд, ки ба беҳтар гардидани вазъи шуғли аҳолӣ дар кишвар мусоидат кард.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба тамоюли афзуншавии аҳолии мамлакат дар қиёс ба соли 1991, ки 5 миллион нафар ва то моҳи июли соли 2022-юм 10 миллион нафарро ташкил дод, таъкид доштанд, ки барои беҳтар кардани сатҳу сифати хизмат­расонии тиббӣ ва дастрасии аҳолӣ ба он бунёди муассисаҳои нав, навсозии муассисаҳои мавҷуда ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонидани онҳо зарур аст. Дар ин замина, тайи ду соли охир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба муассисаҳои тандурустии кишвар ба маблағи зиёда аз 1 миллиард сомонӣ беш аз 200 номгӯй таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир дастрас карда шудаанд.

Сиёсати давлатии кор бо ҷавонон аз оғози давлатдории миллии мо мавриди таваҷҷуҳи хоси Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, дар ин самт марҳила ба марҳила тадбирҳои судманд рӯйи кор оварда мешаванд, зеро ба таъкиди Сарвари давлат: «Ҷавонон ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии Давлату Ҳукумати мамлакат мебошанд».

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём оид ба нақши зан — модар бо рӯҳияи баланд иброз намуданд: «Мо тасмим гирифтаем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем. Мо ҳамчунин, ба нақши зан — модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад».

Занони Тоҷикистон дар ҳама соҳаи ҳаёти хоҷагии халқ баробари мардон фаъолият менамоянд. Чунон ки дар паёмҳои қаблӣ зикр шуда буд, занон 49,3 фоизи аҳолии мамлакатро ташкил медиҳанд. Имрӯз дар ҷумҳурӣ соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд.

Зикр шуд, ки солҳои охир вазъи сиё­сиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охир қарор дорад. Аз ҷумла, дар панҷ соли охир таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инчунин, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон шиддат ёфта, яроқнокшавии бошитоб ва оғози марҳилаи «ҷанги сард» боиси халалдор шудани низоми муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни давлатҳо ва ба вуқӯъ омадани буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ гардид.

Президенти мамлакат дар Паём таъкид карданд, ки Тоҷикистон бо мақсади таъмини манфиатҳои миллӣ ва ҳимояи арзишҳои анъанавӣ татбиқи сиёсати мутавозинро идома медиҳад: «Дар ин раванд давлати мо дар заминаи сиёсати берунии «дарҳои кушода»-и худ ният дорад муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо тамоми кишварҳои ҷаҳон густариш ва рушд диҳад».

Соли 2022 Тоҷикистон 30-солагии барқарор намудани робитаҳои дипломатиашро бо аксар давлатҳои ҷаҳон таҷлил намуд. Бино ба таъкиди Президенти мамлакат, идомаи робитаҳои фаъол ва рушду таҳкими маҷмӯи муносибатҳо бо шарикони стратегӣ, анъанавӣ ва боэътимод самти муҳими сиёсати хориҷии кишварро ташкил медиҳад.

Пешвои миллат зикр карданд, ки: «Мо саъю талошро ҷиҳати таъмин намудани рушди устувор ва тақвияти рӯҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ, эътимод ва дӯстии пойдор дар минтақаи Осиёи Марказӣ идома медиҳем». Тоҷикистон ҳамкории худро бо шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба ҳамчун узви фаъол идома хоҳад дод.

Хулоса, дар масири рушду пешрафти бемайлони кишвар, ки аз ҳар сокини худогоҳу ватандӯсти кишвар меҳнату заҳмати огоҳона, зиракии сиёсӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ, кору пайкори якдилонаву дастаҷамъона ва иззату шарафи фаъолияти фидокорона баҳри ояндаи дурахшони давлат ва сарбаландии наслҳои миллатро тақозо мекунад, моро зарур аст, ки суханҳои илҳомбахш ва дастуру супоришҳои Сарвари давлатамонро, ки роҳкушои мо ба фардои дурахшон мебошанд, сармашқи фаъолият ва кору зиндагӣ қарор диҳем.

Муҳаммад АКРАМЗОДА,

судяи Суди ноҳияи Рӯдакӣ