Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» 2-юми ноябри соли 2022 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва 24-уми декабри соли гузашта аз ҷониби Президенти кишвар ба имзо расида, он дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир, ки равандҳои гуногуни геополитикӣ ба манфиатҳои давлатҳои миллӣ хатар эҷод мекунанд, саривақтист.
Қонуни мавриди назар аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳия ва пешниҳод гардида, аз 5 боб ва 21 модда иборат аст. Самти амали он дар муқаддимааш чунин нишон дода шудааст: «Қонуни мазкур ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд».
Боби 1-уми қонун «Муқаррароти умумӣ» ном дошта, моддаҳои 1-2-ро дар бар мегирад. Моддаи 1 мафҳумҳои асосии дар қонун истифодашударо шарҳ дода, моддаи 2 қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро мушаххас нишон додааст.
Боби 2 «Сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ном дорад ва дар 10 модда (моддаҳои 3-12) мақсад ва вазифаҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, принсипҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, танзими ҳуқуқии муносибатҳо дар соҳа, низоми тарбияи ватандӯстӣ, мақсад ва вазифаҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро танзим менамояд.
Моддаи 4 муқаррар кардааст, ки сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ба принсипҳои муносибати мураттаби ташкилӣ асос меёбад. Ин принсипҳо ҳамоҳангии кори ташкилотҳои давлатию ҷамъиятиро оид ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон; кори унвонию фардӣ бо шаҳрвандон, усул ва воситаҳои гуногуншакл, ки манфиат, майлу рағбат, сатҳи таҳсилот, вазъи иҷтимоӣ ва ғайраро фаро мегирад, гуногунҷабҳа ва алоқаманд будани самтҳои асосии тарбияи ватандӯстӣ, ки муносибати тому маҷмӯии амалигардонии онҳоро дар бар мегиранд, ба назар гирифтани хусусиятҳои миллӣ, этникӣ — маданӣ ва хусусиятҳои дигар дар ташаккули ғояҳои ватандӯстӣ ва арзишҳо, ки мазмун ва мундариҷаи ватандӯстиро муайян мекунанд, инчунин, ошкор ва мустақилияти арзёбии натиҷаи иҷрои тадбирҳои ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон нигаронидашударо дар бар мегиранд.
Банди 3-и моддаи мазкур самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро муайян менамояд. Мувофиқи талаботи он фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва ҷисмонии шаҳрвандон, таҳия ва татбиқи шаклҳои самараноки технологияҳои иҷтимоисози шахсияти шаҳрванд, бахусус ҷавонон, ҷалби фаъоли онҳо ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ — иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмӣ, экологӣ ва масъалаҳои дигари давлат, навсозӣ ва ғанигардонии муҳтавои тарбияи ватандӯстӣ, усул, шакл ва воситаҳои он, ташкили механизми илҳомбахш ва ҳамоҳангсози фаъолияти самараноки низоми тарбияи ватандӯстии гурӯҳҳои гуногуни шаҳрвандон дар ҳамаи сатҳҳо, тақвияти масъулияти мақомоти давлатӣ ҷиҳати тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, тавсеаи субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ, ташкил ва такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон маҷмӯи чорабиниҳоест, ки давлат дар сиёсати худ барои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон амалӣ менамояд.
Мувофиқи моддаи 5 мақомоти давлатӣ ва мақомоти дигаре, ки идоракунии соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро амалӣ мекунанд, коллективҳои меҳнатӣ, эҷодӣ, илмӣ, ҳарбӣ ва ғайра, муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) ҷамъиятию давлатии шаҳрвандон ва ҳамватанони берун аз марз истиқоматдошта, ташкилотҳо (иттиҳодияҳо)-и динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, воситаҳои ахбори омма, оила ва шаҳрвандон субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ мебошанд.
Моддаҳои 6 ва 7 мутаносибан салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амалисозии сиёсати давлатӣ ва ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатиро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон танзим менамоянд. Пешбурди сиёсати давлатӣ, муайян кардани мақоми ваколатдори давлатӣ, тасдиқи дурнамо, консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатӣ, ташаккул додани заминаи меъёрии ҳуқуқии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва салоҳияти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳиятҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Таъмини татбиқи сиёсати давлатӣ, таҳияи лоиҳаи консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва пешниҳод кардани онҳо барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи салоҳияти худ таҳия ва қабул кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқии идоравӣ, ки масъалаҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро танзим мекунанд, муайян кардани тартиби ташкили феҳристи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки дар татбиқи барномаҳои идоравии тарбияи ватандӯстӣ иштирок мекунанд ва аз дастгирии давлатӣ бархӯрдоранд, муайян кардани воҳиди сохторӣ, ки масъалаҳои тарбияи ватандӯстиро ба зимма дорад, ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи мақоми ваколатдори давлатӣ гузошта шудааст.
Моддаҳои 8-9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳотро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян намуда, моддаи 10 танзими ҳуқуқии муносибатҳо дар соҳаи тарбияи ватандӯстиро амалӣ менамояд. Ҳадаф аз танзими ҳуқуқӣ дар банди 1 моддаи мазкур муқаррар намудани кафолатҳои давлатии механизмҳои амалигардонии ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон дар соҳаи тарбияи ватандӯстӣ, фароҳам овардани шароит барои рушди низоми тарбияи ватандӯстӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои иштирокчиёни соҳаи тарбияи ватандӯстӣ арзёбӣ шудааст. Мувофиқи банди 2 вазифаи асосии танзими ҳуқуқии муносибатҳо дар соҳаи тарбияи ватандӯстӣ аз таҳия ва қабули заминаи ҳуқуқие, ки фароҳам овардани шароит барои фаъолияти озод ва рушди низоми тарбияи ватандӯстиро таъмин менамояд, фароҳам овардани кафолатҳои ҳуқуқӣ барои мутобиқ гардондани манфиатҳои иштирокчиёни муносибатҳо, муайян намудани вазъи ҳуқуқии иштирокчиёни муносибатҳо, тақсим кардани ваколатҳо байни мақомоти давлатӣ ва мақомоти дигаре, ки идоракуниро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон амалӣ менамоянд, иборат мебошад.
Моддаи 11 «Низоми тарбияи ватандӯстӣ» ном дошта, дар банди 1-и он мақсади ташкили низоми давлатии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон зикр шудааст. Тибқи талаботи банди 3 моддаи мазкур сохтори низоми тарбияи ватандӯстӣ аз ташкилотҳое, ки тарбияи ватандӯстиро амалӣ менамоянд, кормандон (мутахассисон)-и омӯзгорӣ, шаҳрвандон, аз ҷумла шаҳрвандони ноболиғ ва волидайн (намояндагони қонунӣ)-и онҳо, мақомоти давлатӣ ва мақомоти дигари амалкунандаи тарбияи ватандӯстӣ, мақомоти маслиҳатию машваратӣ ва мақомоти дигаре, ки онҳо созмон додаанд, ташкилотҳое, ки таъмини тарбияи ватандӯстӣ ва арзёбии сифати тарбияи ватандӯстиро амалӣ менамоянд ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстӣ амалӣ менамоянд, иборат аст.
Дар банди 4 таъкид шудааст: «…оила ҳамчун зинаи ибтидоӣ дар низоми тарбияи ватандӯстӣ ҷойи махсусро ишғол мекунад».
Боби 3 қонун «Таъмини фаъолият дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ном дорад. Он фарогири моддаҳои 12-18 буда, моддаи 12 тартиби бо иттилооти ба тарбияи ватандӯстӣ тааллуқдошта таъмин кардани шаҳрвандро танзим менамояд. Моддаи 13 «Таъмини илмӣ ва таълимию методии тарбияи ватандӯстӣ», моддаи 14 «Таъмини меъёрию ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», моддаи 15 «Таъмини ташкилию методии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», моддаи 16 «Таъмини идоракунии низоми тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», моддаи 17 «Омода намудан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо барои низоми тарбияи ватандӯстӣ» ва моддаи 18 «Таъмини молиявӣ-иқтисодии тарбияи ватандӯстӣ» ном дорад. Мутобиқи банди 1 моддаи 18, таъмини молиявӣ-иқтисодии тарбияи ватандӯстӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатии сатҳи гуногун ва сарчашмаҳои дигар, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, ба амал бароварда мешавад. Банди 2 бошад, барои маблағгузории чорабиниҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ташкил намудани фондҳои махсусро имконпазир арзёбӣ кардааст.
Боби 4 «Танзими давлатӣ ва идоракунӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ном дошта, аз як модда (моддаи 19) иборат аст. Мутобиқи банди 2 моддаи мазкур танзими давлатӣ ва идоракунӣ дар соҳаи сиёсати давлатӣ оид ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон аз таҳлил, арзёбӣ, пешгӯӣ ва тарҳсозии вазъи кори низоми тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон бо назардошти тамоюлҳои рушди ҷомеа, муайян ва масъалагузории вазифаҳои ҷорӣ ва ояндаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, банақшагирии илман асосноки тарбияи ватандӯстӣ, интихоб, омӯзиш ва ҷобаҷогузории кадрҳо, таҳлили вазъ ва таъсирбахшии кори тарбияи ватандӯстӣ ва мунтазам иттилоъ додани мақомоти давлатӣ аз рафти амалисозии вазифаҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, тасҳеҳи саривақтии низоми таъсиррасониҳои тарбиявӣ, таъмини дастгирии давлатии субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ бо захираҳои зарурии таълимӣ, воситаҳо, ҳамчунин, усул ва технологияҳои пешқадами тарбияи ватандӯстӣ бо ҳамаи категорияҳои шаҳрвандон иборат аст.
Банди 3 истифодаи васеи институтҳои ҷамъиятӣ аз ҷониби давлат дар амалисозии танзим ва идоракунии соҳаи сиёсати давлатӣ оид ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро муқаррар намудааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» аз ҷумлаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиест, ки барои таҳкими ваҳдат, муттаҳидӣ ва баланд бардоштани худшиносии шаҳрвандон мусоидат менамояд. Тавре аз номаш бармеояд, он бо мақсади тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон таҳияву қабул ва мавриди амал қарор гирифтааст. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳо масъалаҳои худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва ҳимояи марзу бум омилҳои муттаҳидкунандаи шаҳрвандон маҳсуб меёбанд. Аз ин рӯ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ба раванди парвариши арзишҳои волои инсониву ватандории миллати тоҷик такони тоза мебахшад.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»