Таътили мактабиён Хотираҳои зебо аз «Чайка»

№78 (3224) 16.07.2014

Чайка

Дар  мактабҳои  таҳсилоти миёнаи умумии кишвар таътили тобистона оғоз ёфтааст. Дар ин айём даҳҳо осоишгоҳҳои  бачагона  дарҳои худро ба рӯйи хоҳишмандон боз карданд. Шароит ва имконоти ин муассисаҳо  оё ба талаботи рӯз ҷавобгӯ ҳаст? Кадом мушкилот пешорӯйи кормандонашон қарор гирифтаанд? Барои  ба ин ва дигар  суолҳо ҷавоб пайдо кардан аз Осоишгоҳи кӯдакону наврасони  «Чайка» -и Кумитаи иттифоқҳои касабаи Вазорати маориф ва илми Ҷуумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар  ноҳияи Варзоб, дидан кардем.

Осоишгоҳи кӯдакону наврасони «Чайка»  соли 1932 ташкил шудааст ва имсол аз бунёди он 82 сол пур мешавад. «Чайка» яке  аз калонтарин истироҳатгоҳҳои кӯдакону наврасон  дар ноҳияи Варзоб ба шумор меравад. Имсол дар ин осоишгоҳ  нисбат ба солҳои қаблӣ дар қабули кӯдакону наврасон тағйирот ворид карда шуд. Дар басти якум ҳамзамон 20 — нафарӣ кӯдаконро  аз мактаб -  интернати шунавоияшон суст ва карҳои ноҳияи Рӯдакӣ, мактаб — интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Шаҳринав ва аз Хонаи кӯдакони шаҳри Душанбе қабул намуданд. Ба ғайр аз ин, дар истироҳатгоҳ кӯдакон аз тамоми ноҳияҳои тобеи марказ дар басти якум истироҳат карданд, ки дар байни онҳо фарзандони оилаҳои камбизоат ва бепарастор зиёд буданд.

Аслан ин осоишгоҳ фарзандони кормандони  соҳаи маорифро бояд ба истироҳат фаро гирад. Бинобар он ки талабот ва таваҷҷуҳ ба осоишгоҳ зиёд аст, дар бастҳои гуногун хоҳишмандони дигар низ таври иловагӣ  истироҳат мекунанд. Аз рӯйи нақша  270 нафар  дар як баст бояд қабул шавад. Бо дарназардошти афзоиши талабот айни ҳол осоишгоҳ  320 нафар кӯдакону наврасонро ба оғӯши худ гирифтааст.

- Ноҳияҳое  ҳастанд, ки то 20 – 30 нафарро барои истироҳат мефиристанд. Баъзе  навоҳӣ иловатан дархост мекунанд, ки кӯдаконро ба истироҳат фаро гирем. Дар ин маврид, бо дарназардошти имкониятҳо, бастҳои дуюму сеюм ташкил мешаванд. Аз  шаҳрҳои Роғун, Турсунзода ва ноҳияи Ҳисор имсол чунин дархостҳо  ворид гардиданд. Бо дастуру супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол кӯдакону наврасонро аз  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Суғд қабул менамоем,- мегӯяд директори  осоишгоҳ Ғафур Қараев.

Шоҳиди он будем, ки дар басти дуюм 30  нафар мактаббачагони ВМКБ дар ин мавзеи зебо  истироҳат мекарданд. Маълум гашт, ки муассиса бо ягон ширкату сарпарастон ҳамкорӣ надорад, танҳо аз ҳисоби маблағҳои Кумитаи иттифоқҳои касабаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳое, ки фарзандонашон дар ин ҷо истироҳат мекунанд, фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Бояд гуфт, ки осоишгоҳ ба дастгирӣ ниёз дорад. Солҳои пеш аз ҳисоби Ҳукумати ҷумҳурӣ барои таъмир маблағ ҷудо карда мешуд, вале  чор соли охир ин кор қатъ шудааст. Агар маблағ мисли пештара ҷудо мешуд, онро барои таъмир истифода мебурданд  ва даромадеро, ки  аз ҳисоби аъзоҳаққии  иттифоқи касаба ва  дигар соҳаҳо ба даст меомад, барои беҳтар намудани шароити қабули истироҳаткунандагон масраф мекарданд, зеро тамоми рахтҳои хоби кӯдакон аз давраи шӯравӣ боқӣ мондааст. Бо кӯшиши маъмурияти осоишгоҳ  аз ҳисоби маблағи ҷамъшуда барои ҷойи хоби духтарон рахтҳои нав харидорӣ  шуд.

Дар ин ҷо бунгоҳи тиббӣ фаъолият мекунад, ки дар он се нафар духтурон ва ҳамшираҳои тиббӣ фаъолият доранд.

Мушкили дигаре, ки  вуҷуд дорад, норасоии омӯзгорону тарбиятдиҳандагон мебошад. Вазъи  молиявии кумитаи соҳавӣ имкон намедиҳад, ки маоши онҳоро зиёд кунанд. Айни ҳол дар осоишгоҳ 30  нафар омӯзгору мураббиён кор мекунанд ва  дар қисми хоҷагӣ 16 нафар ба фаъолият машғуланд.

Мактаббачагон  дар осоишгоҳ дӯстони нав пайдо мекунанд, эҳсоси ватандӯстиашон тақвият меёбад,ба табиати диёри биҳиштосои хеш бештар арҷ хоҳанд гузошт.

Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»