Тақдими 43 дучарха ба маркази саломатӣ

№16 (4599) 25.01.2023

ДучархаЧанде пеш бо дастгирии Вазорати тандурус­тӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба Шабакаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Шаҳринав 43 дучарха тақдим гардид.

Дар маросими супоридани онҳо сардори Раёсати дастгирии кишварҳо, омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Гундо Велера, раиси Дафтари намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Виктор Олсавский, муовини вазири тандурус­тӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирзода Абдухолиқ ширкат варзиданд.

Муовини раиси ноҳияи Шаҳринав Шоиста Неъматуллозода миннатдории Мақомоти иҷ­роияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ барои ҳамкории судманд иброз намуда, таъкид кард, ки дастрас гардидани дучархаҳо ба беҳтар гардидани кор мусоидат хоҳад кард.

Сайидо НАЗАРОВ,

«Садои мардум»