Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ, тайи ҳафтаи ҷорӣ иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар зудухӯрдҳои давлати Сурия, ки аъзои ашаддии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳисобида мешаванд, ба назар мерасад. Ин бори аввал нест, ки аъзои ҳизби мазкур бар зидди сохти конститутсионии ин кишвар меҷанганд ва касе ҳам гуфта наметавонад, ки узви наҳзат — Комил Шукуров дар чунин тазоҳурот иштирокчии охирин аст.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комил Шукуров дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд боздошт гардидааст, ки ҳам узви «Ҷамоати Ансоруллоҳ» ва ҳам узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буда, аз сӯйи роҳбари созмони ҲНИТ дар ноҳияи Спитамен ба Сурия фиристода шудааст. Роҳҳо ва сабабҳои интиқол ёфтанашро худи Комил Шукуров низ рад намекунад ва роҳбарияти ноҳиявии ҳизбро дар ин кор гунаҳкор меҳисобад. К. Шукуров мегӯяд: «Соли 2013 Сайфиддин Тоҷибоев, собиқ раиси ҲНИТ дар ноҳияи Спитамен, дар Сурия қарор дошт ва ӯро ба он кишвар барои таҳсил даъват кард». Воқеаҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки таҳсили ҷавонон дар хориҷи кишвар зуҳуроти нав буда, айни замон ба ҳукми анъана даромадааст ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо ин роҳ ба ҷавонони кишвар «кумак» карданӣ мешавад, вале намедонад, ки кирдору рафтораш хеле нигаронкунанда ва ғайриқонунӣ аст.
Барои исботи гуфтаҳои боло метавон аз суханони раиси ҲНИТ дар вилояти Суғд Илҳом Ёқубов истифода кард. Илҳом Ёқубов мегӯяд: «Комил Шукуров воқеан ҳам соли 2010 узви ҲНИТ шуда, соли 2014 бо аризаи худ тарки саф кардааст ва Сайфиддин Тоҷибоев низ соли 2010, яъне ҳашт моҳ иҷрокунандаи вазифаи раиси ҲНИТ дар ноҳияи Спитамен буд ва пас аз он аз ӯ хабаре нест». Дар идома раиси ҲНИТ дар вилояти Суғд ба Сурия рафтани Комил Шукуровро як бофтаи мақомот медонад. Ҳизби мазкур аз хориҷи кишвар маблағгузорӣ карда мешавад ва барои ҳамин ҳам назди маблағгузорони худ забонкӯтоҳ ҳастанд. Бинобар ин, Илҳом Ёқубов мегӯяд, ки мо хабардор набудем, намедонистем, узви мо набуд.
Чӣ тавр? Агар Сайфиддин Тоҷибоев — собиқ раиси ҲНИТ дар ноҳияи Спитамен бо террористҳои Сурия алоқамандӣ дошта бошад ва боз Комил Шукуровро ҳам ба он ҷо даъват карда бошад, боз чӣ хулоса баровардан мумкин аст? Дар як ҷумла фикрҳои гӯянда муқобили ҳам ҳастанд. Модом ки Сайфиддин Тоҷибоев — узви ҳизб ба ин кор даст мезанад, аз дигарон чиро метавон интизор буд?
Ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон чӣ расида бошад, ки ҳар нафари наздик ба ҳизб дар қатлу куштор ва гурӯҳу созмонҳои ифротию террористӣ иштирок мекунанд. То кунун чандин ҷинояткори ҳизб барои мардуми тоҷик маълум гардида буд ва бо амри тақдир рӯз то рӯз сафи онҳо зиёд шуда истодааст, ки ба ҳаёти халқи одӣ ва мардуми осоишта дахолат мекунанд ва таъсири манфӣ мерасонанд.
Афсӯс, ки роҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ба ҷойи он ки ҷавононро ба роҳи дуруст ҳидоят намоянд, онҳоро бо баҳонаи илмомӯзӣ вориди иттиҳодияҳои ҷиноӣ мекунанд ва ба ҷиҳоду хунрезӣ, таркишу дигар амалҳои террористӣ ва ширкат дар ҷангҳои Сурия омода месозанд, ки натиҷааш пушаймонист. Хуб шуд, ки К. Шукуров аз ниятҳои нопоки наҳзатиҳо огоҳӣ ёфта, зуд ба Тоҷикистон омад ва худро ба мақомот таслим намуда, аз рафтори ноҷояш пушаймон шуд.
Фирӯз Нозимов