-Давоми соли 2012 неругоҳҳои барқи обии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки ба Ширкати энергетикии «Помир Энерҷӣ» мутааллиқанд, зиёда аз 167, 5 миллион кВт — соат неруи барқ истеҳсол намуданд, ки ин дар муқоиса бо соли 2011-ум 11 миллион кВт — соат зиёдтар мебошад, — гуфт директори генералии Ширкати энергетикии «Помир Энерҷӣ» Далер Ҷумъаев.
Афзоиши истеҳсоли неруи барқ ба зиёд шудани талабот ба он ва бесадама фаъолият кардани неругоҳҳои барқи обии «Помир-1», «Хоруғ», «Ванҷ», «Шуҷанд», «Намадгут», «Савноб» алоқаманд аст. Аз ҳисоби васлкунии ҳисобкунакҳои барқӣ, пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ, таъмири хатҳои интиқол ва зеристгоҳҳо талафоти қувваи барқ 1,9 фоиз кам гардид. Дар давоми сол ба муштариён ба андозаи 157, 8 миллион кВт — соат қувваи барқ фурӯхта шуд, ки ҳаққи он бештар аз 20,3 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар муқоиса бо соли 2011, ба муштариён ба маблағи бештар аз ду миллион сомонӣ қувваи барқ фурӯхта шуд.
Далер Ҷумъаев аз ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда изҳори қаноатмандӣ намуда, дар баробари ин зикр намуд, ки пардохти ҳаққи неруи барқ аз ҷониби як қатор идораву муассисаҳое, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ мешаванд, бахусус мақомоти қудратӣ, қонеъкунанда нест. Ба ҳолати 1- уми январи соли 2013 қарздории онҳо бештар аз 344 ҳазор сомониро ташкил додааст. Корхонаи фаръии воҳиди давлатии об ва корези шаҳри Хоруғ бошад, дар назди Ширкати энергетикии «Помир Энерҷӣ» ба ҳолати 1-уми январи соли равон 670,3 ҳазор сомонӣ қарздор мебошад.
Ш.ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»