Зиндагии инсон марҳила дорад, ки ҳар кадом хосияти хос аст. Масалан, вақте инсон ба хонаи шаст медарояд, тавассути дониш, таҷриба ва хираде, ки ҳосил кардааст, метавонад корҳои шоиста ва ҳатто мондагор анҷом диҳад. Ин чиз, пеш аз ҳама, ба огоҳӣ ва бедории фитрии инсонҳо вобаста мебошад.
Дар табиат ҳатто ҳар заррае ба сӯи ҷамол ва камоли худ дар ҳаракат аст, яъне маънои рафтан расидан аст. Агар чунин нест, пас умр барҳадар гузашта. Таъкид ба он аст: «Дар сари мижгон чу ашк истодаӣ ҳушёр бош». Дар ин фурсати кӯтоҳ кори бузургеро анҷом додан қаҳрамонист, аммо нафароне ҳастанд, ки ҳар нафаси зиндагиашон ба кори хайр сарф мешавад.
Абдухолиқ Мирзозода солҳост, ки чун рӯзноманигор фаъолият дорад. Бори қаламро мебардораду аз пешаи журналистӣ нон мехӯрад. Падари ӯ бобои Тӯра дар деҳаи Файзободи шаҳри Кӯлоб оҳангарӣ мекард. Мардум мегуфтанд, ки оҳан дар дасти Тӯра мисли мум об мешавад. Боре падари ҳунарманд писараш Абдухолиқро насиҳат кард:
- Оҳан ҳам забон дорад, агар оҳангар ба ҳарфаш гӯш накунад, эҳтиромашро ба ҷо наорад, ба дарду ранҷ мубталлояш месозад, ба ягон бало гирифтор мекунад. Чунки оҳан ҳам мисли инсон рӯҳ дорад. Ту бо қалам сарукор дорӣ, ҳамон қаламе, ки гуфт: «шоҳи ҷаҳонам, қаламкашро ба мақсад мерасонам». Аз ин рӯ, қаламро, рангро, коғазро ҳурмат кун, онҳоро дар хидмати инсонҳо қарор деҳ, сафедро сиёҳу сиёҳро сафед нанавис. Агар ҳақро ҳақ гӯию ба қалам хиёнат накунӣ, рӯҳи он туро парвариш мекунад, дар миёни ҷомеа баобрӯ месозад.
Ин панди падар ҳамсафари доимии Абдухолиқ аст. Замоне, ки мудири шуъбаи истеҳсолот, иқтисодиёт ва кишоварзии рӯзномаи «Субҳи меҳнат»-и ноҳияи Муъминобод буду то муовини сармуҳаррири рӯзнома рушд кард, неруи қаламро дар хидмати халқу Ватан сарф намуд. Соли 1998, вақте ки ӯро мухбири махсуси рӯзномаи «Садои мардум» дар минтақаи Кӯлоб таъин сохтанд, масъулияташ боз ҳам бештар гашт. Акнун хабару мақолаҳояш дар рӯзномаи ҷумҳуриявӣ ба нашр мерасид. Ба ноҳияҳои минтақа сафар мекарду бештар бо кишоварзон ҳамсуҳбат мешуд, бо кору рӯзгорашон шинос мегашт, дастовардҳояшонро медид ва барои рӯзнома аз ин хусус хабару гузориш менавишт. Ҳисси кунҷкобиаш ӯро аз асрори кори деҳқонону боғпарварон бештар огоҳ кард. Мақолаҳояш ҳадафрас буданд.
Моҳи апрели соли 2016 Абдухолиқ Мирзозода ба идораи рӯзномаи «Садои мардум» омад ва дар шуъбаи маънавиёт, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва низоми кор ба фаъолият пардохт. Ман ӯро ҳангоми кор дар ҳамин шуъба шинохтам. Мушоҳида кардам, ки барои навиштани мақолае сахт заҳмат мекашад, борҳо онро мехонаду таҳрир мекунад. Барои тайёр кардани матлабе то ду ҳафтаи вақт сарф мекунад.
Бо вуҷуди он ки Абдухолиқ дар шуъбаи маънавиёт, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва низоми кор фаъолият дошт, ба навиштани мақола дар бораи кишоварзон таваҷҷуҳ зоҳир менамуд. Борҳо шоҳид шудаам, ки бо мутахассисони ин соҳа баҳс мекард ва онҳоро бо дониши худ дар ҳайрат мегузошт.
Абдухолиқ хотираи қавӣ дорад, ҳамчунин аз нозукиҳои илми забоншиносӣ хуб огоҳ аст. Бо ҳамкорон дар бобати маънӣ ва истифодаи ин ё он вожа баҳс мекунад.
Соли 2021 Абдухолиқ Мирзозодаро мудири шуъбаи иқтисодиёт ва иҷтимоиёти рӯзномаи «Садои мардум» таъин карданд. Ниҳоят роҳбари шуъбае шуд, ки кор кардан дар онро хуш дошт.
Марди зариф аст. Бо зарофатгӯиҳои худ дар байни ҳамкорон машҳур гаштаву мутоибаҳои намакин дорад. Рӯзе ҳамкорамон Мирзо Рустамзода ба ҳуҷраи кории Абдухолиқ медарояду мебинад, ки ӯ китоберо мутолиа дорад. Мирзо аз ӯ матлаберо мепурсад, аммо Абдухолиқ, ки тамоми фикру зикраш ба китоб банд буд, садои ӯро намешунавад. Мирзо бори дигар садо равшан мекунад, аммо боз ҳам посухе намешунавад.
- Абдухолиқ, ки ин хел китобҳои пурарзишро мехонад, суҳбати моро писанд намекунад, — мегӯяд Мирзо.
- Мо китобҳоеро мехонем, ки ту онҳоро ҳатто бардошта наметавонӣ,- посух медиҳад қаҳрамони матлаб.
Ҳамкорон бо дидани Абдухолиқ ҳамеша хушҳол мешаванд. Медонанд, ки ҳузури ӯ боиси суханони намакин мегардад. Шӯхиҳои Абдухолиқ гоҳе оҳанги танқид доранд. Боре ба идораи рӯзнома нафаре ташриф овард. Абдухолиқ ӯро ҳамчун нависанда ба мо муаррифӣ кард. Дӯсти Абдухолиқ дар бораи адабиёт сухан оғоз карда, нақди адабиро танқид кард, ки фаъол нест ва андешаашро чунин ҷамъбаст кард:
- Адабиёт бесоҳиб мондааст.
- Сад фоиз дуруст мегӯӣ, — сухани дӯсташро тасдиқ кард Абдухолиқ. Агар адабиёт бесоҳиб намемонд, ту дар як сол панҷ асар менавиштӣ?!
Абдухолиқ Мирзозода ҳамкори хуб, дӯсти беғараз, марди хушгуфтор ва рӯзноманигори заҳматкаш аст. Хидматҳои ӯро ба назар гирифта, бо нишони Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ кардаанд.
Зи кӯшиш ба ҳар чиз хоҳӣ расид,
Ба ҳар чиз хоҳӣ камоҳӣ расид…
Гарат пойдорист дар корҳо,
Шавад саҳл пеши ту душворҳо.
ВОРИС,
«Садои мардум»