Тиҷорат дар ислом ва умуман дар тамоми ҷаҳон равандест, ки мардумро ба якдигар пайваст мекунад. Дар олам вобаста ба шароити табиии он навъҳои гуногуни маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Ва ин тақсимоти табиии меҳнат одамонро ба якдигар вобаста карда, зарурати ивази як намуди меҳнатро ба намуди дигар ба миён меорад. Аз замони бавуҷудоии тиҷорат эквиваленти умумие барои муайян кардани арзиши молҳо вуҷуд дошт ва вуҷуд дорад, ки дар асоси он тиҷорат сурат мегирад.
Дар ислом нархи мол бояд аз рӯйи инсоф, яъне бо дарназардошти меҳнати ҷамъиятии дар он сарфшуда, харида ва фурӯхта шавад, ки онро бо истилоҳи динӣ инсоф ва адолат меноманд. Тоҷире, ки аз таблис (фиребкорӣ дар тиҷорат) худдорӣ кунад, ҷойи ӯ баробари порсоён дар биҳишт аст.
Барои нигоҳ доштани инсоф ҳазрати Умар (р) дар бозор мегашт ва мепурсид: бо илми байъ, яъне одоби тиҷорат шинос ҳастӣ ё не? Агар шинос набошӣ, аз бозор берун шав ва биомӯз, баъд ба тиҷорат машғул шав. Худи Ҳазрати Умар (р) мегуфт: Мехоҳам дар бозор бошам ва аз тариқи тарозу ба шайтон набард кунам. Яъне, шайтон васваса мекунад, то ман аз тариқи тарозу ба фоидаи худам истифода барам ва ман дар ин маврид ба васвасаи шайтон дода нашуда, хилофи он амал карда, шайтонро ноумед месозам. Худои таоло низ фармудааст, ки дар санҷидан дар тарозу таблисӣ накунед ва рост бисанҷед. «Вой бар ҳоли касоне, ки чун диҳанд, кам санҷанд ва чун ситонанд, зиёд ситонанд ва ҳар баззозе, ки чун бихарад, суст фаро гирад ва чун фурӯшад, кашида дорад аз ин ҷумла аст. Ҳар қассобе, ки устухон ва гӯшт бисанҷад, ки одат набувад, ҳам аз ин тоифа бувад. Ва ҳар кӣ ғалла фурӯшад ва дар вай хоке бувад ва ин ҳам ҳаром аст». Хулоса, инсоф дар муомилот ба халқ воҷиб аст. Расули Акрам (с) рӯзе ба марде бигузашт, ки гандум мефурӯхт, гуфт: «ҳар кӣ ғаш кунад, яъне хиёнат кунад, аз мо нест».
Алӣ (р) низ дар ин маврид ба Малик Аштар мефармояд, ки тасарруфоти муҳтакорон ва гаронфурӯшон суду зиён дар амволи худашон маҳдуд бинамоед, аз эҳтикор (ба хотири баъдан гарон фурӯхтан нигоҳ доштани мол) ҷилавгирӣ кун, ки Расули Худо аз вай манъ кардааст ва мароқиб бош, ки муомилоти мардум ба шарти инсоф, ба қиматҳои одилона анҷом пазирад ва гаронӣ ба харидор ва фурӯшанда нашавад.
Эҳтикор ва муҳтакор касест, ки мол панаҳ кунад, то нархаш гарон шавад, он гоҳ бифурӯшад. Ин гуна тоҷир агар ҳама молашро садақа кунад ҳам, кафорати гуноҳаш намекунад. Аз нуқтаи назари шариати ислом, ҳар кас чиҳил рӯз мол нигоҳ дорад, ба нияти гарон шудани нарх, Худои таоло аз вай безор аст ва вай аз Худо безор аст. Дар зимни ин суханҳо амали Алӣ (р) ба хотир мерасад. Боре Алӣ (р) бо воситаи вакили худ мол ба Басра фиристод. Вакил муддате бедарак шуда, пас ба Алӣ (р) мактубе ирсол кард, ки дар он дарҷ шуда буд: «Ман муддате молро пинҳон нигоҳ доштам то гарон шавад, сипас онро бо нархи гарон бифрӯхтам». Алӣ (р) дар ҷавоб ба ӯ навишт, ки ту гуноҳи азиме содир кардӣ ва агар тамоми пайсаи бадастдаровардаро садақа кунӣ, кифояи кафорати гуноҳат намешавад. Аз ин манзара ҳувайдост, ки Алӣ (р) судхӯриро дар тиҷорат маҳкум мекунад. Дар ин маврид ислом бар он аст, ки агар касе мол бихарад ва ба шаҳре барад ва ба сари вақт бо нархи арзон бифурӯшад, ҳамчунон бошад, ки садақа дода бошад. Мутаассифона, дар моҳи Рамазон баъзе ашхоси судхӯру беимон маҳсулотро аз дасти истеҳсолкунанда бо нархи арзон харида, онро дар бозор бо нархи дучанд қимат мефурӯшанд. Чунин ашхос на имон доранд ва на ислом. Амали чунин ашхос мисли он аст, ки маҷрои дарёро баста, мардумро аз хӯрдани об маҳрум созанд. То кадом дараҷае, ки об додан савоб дошта бошад, маҳрум кардани мардум аз он ба ҳамон дараҷа азоб дорад.
Оре, муъмин мол фидои дин кунад ва мунофиқ дин фидои мол. Ба онҳое, ки динашонро фидои мол мекунанд ва имонашонро барбод медиҳанд, бояд хотирнишон кунем, ки «рӯзӣ бо таблис зиёд нашавад ва баракат аз мол биравад».
Дар ин маврид ҳамон ривояти марди ширфурӯш ба хотир меояд. Марде буд ширфурӯш ва дар шираш об меандохт. Рӯзе сел омад ва говро бурд. Марди ширфурӯш гуфт, вовайло, ин касофат аз куҷо ба сари мо омад. Фарзандаш дар ҷавоб гуфт, ин касофати ҳамон об буд, ки дар шир ҳамроҳ мекардӣ, ҳамон об қатра-қатра афзуда, сел шуд ва говро бурд. Имом Ғазолӣ ин ривоятро дар «Кимиёи саодат» овардааст, ки маънои аз тарафи ӯ маҳкум кардани таблис дар тиҷоратро дорад.
Моҳи шарифи Рамазон, ҳамчунон ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, моҳи хайру эҳсон ва меҳрубонии муъминон нисбат ба якдигар аст. Дар ин моҳ бояд муъминон аз васвасаи шайтон вуҷудашонро тоза кунанд ва одам ҳамчун халифаи Худо дар рӯйи замин ин вазифаи муқаддасашро иҷро кунад. Дар ин маврид бояд ваҳйеро, ки барои Довуд (а) фиристода шуда буд, ба хотир биёрем, ки дар он гуфта мешавад: «Ё Довуд, мо шуморо ҷонишини худ қарор додем дар рӯйи замин ва ҳукм кун дар байни мардум аз рӯйи ҳақ ва инсоф ва мабодо тобеи ҳавои нафс нашавӣ ва аз қафои ҳавои нафс наравӣ».
Дарвоқеъ, дар моҳи Рамазон бояд ҳар фард вуҷудашро аз ҳавои нафс озод кунад. Савоби моҳи Рамазон, пеш аз ҳама, дар эҳсон ва меҳрубонӣ нисбат ба инсон аст:
Дил ба даст ор, ки Ҳаҷи Акбар аст,
Аз ҳазорон Каъба як дил бартар аст.
Каъба бунёди Халили Озар аст,
Дил гузаргоҳи Ҷалили Акбар аст.
Мардони соҳибдил дар ҳама рӯзгор ва алалхусус дар моҳи Рамазон ҳаракат мекарданд, ки дилеро ба даст оранд. Чунончӣ, овардаанд, ки Абдуллоҳи Муборак (р.а.) озими ҳаҷ шуд, чун наздики Бағдод расид, дар чаҳорпое савор бигзашт ва аврате жанда бар сар кашида, назди эшон омад. Он аврат, ки дар Даҷла мурғи мурдорро афтода бидид, ӯро бигрифту дар зери жанда пинҳон дошта равон шуд. Абдуллоҳи Муборак гуфт, наздики он аврат биравам ва аз ҳоли он аврат воқиф гардам, ки он мурғи мурдорро чӣ хоҳад кард. Пештар шуд ва пурсид, ки эй аврат, маро бигӯй, ки ин мурғи мурдорро, ки гирифтӣ, чӣ хоҳӣ кард? Аврат ба сухан оғоз кард, ки эй марди доно, мурдор назди ман мубоҳ гаштааст, зеро ки дар шаръи Муҳаммад Расулуллоҳ баъд аз се рӯз мурдорро мубоҳ гуфтаанд. Ва имрӯз се рӯз аст, ки ман бо фарзандони хеш ҳеҷ чиз нахӯрдем ва ҳолати фарзандони ман сахт душвор аст. Чун Абдуллоҳи Муборак ин сухан шунид, ба худ гуфт:
- Ба ҳаҷ чӣ меравӣ! Ҳаҷи ту ҳамин ҷост.
Ва ҳар чӣ дошт, он занро бидод ва худ дар Бағдод бимонд.
Чун ҳоҷиён баъд аз муддате аз ҳаҷ баргаштанд, овоза дар Бағдод афтод, ки фардо қофилаи ҳоҷиён ба Бағдод меояд. Абдуллоҳи Муборак гуфт:
-Агар имсол ба ҳаҷ нарафтам, боре дасти ҳаҷкардагонро бигирам.
Чун беруни Бағдод омад, дид, ки чанд нафар ҳоҷӣ аз пеш меоянд. Онҳо бо Абдуллоҳи Муборак мулоқот карданд ва гуфтанд: Мо бо ту дар тамоми манзил бо якдигар будем, имрӯз чӣ буд, ки пеш аз мо ба Бағдод омадӣ? Абдуллоҳи Муборакро аз сухани эшон тааҷҷуб омад, ки ин сухан аз куҷо мекунанд. Боз андеша кард, ҳар оина дар ин ҳикмати Илоҳӣ аст ва ҳам дар ин фикр дар хоб шуд. Дар хобаш намуданд, ки эй Абдуллоҳи Муборак, чӣ дар фикр мондаӣ, ки ҳоҷиён дуруст мегӯянд. Чун аз ҷиҳати заифӣ ба ҳаҷ нарафтӣ, мо ба ҷойи ту фариштаеро ба сурати ту ба ҳаҷ фиристодем, то Ҳаҷ бигузорад ва баробари ҳоҷиён тамоми манзилҳо нузул кунад ва бо эшон бозгардад. Ва ҳаҷи аввалин касе, ки қабул афтод, ҳаҷи ту буд. Ва он ҳама ҳоҷиён, ки имсол ҳаҷ карданд, ба баракати ту ҳаҷи эшон низ қабул гардид, то бидонӣ, ки мартабаи саховат назди Ҳазрати иззат чунин бузург аст.
Саховат аз рӯйи силаи раҳм аст. Силаи раҳм бошад, боло аз ҳисси миллату мазҳаб аст. Вазъияти ногувор ва ноҳинҷори ҳар як инсон, ҳолати махуф ва маҳлуки ҳар инсон метавонад ҳисси ҳамдардиро ба вуҷуд оварда, инсонро водор кунад, ки дасти мадад дароз кунад. Ин манзара дар китобҳои мусулмонӣ бисёр ба назар мерасад. Чунончӣ, дар «Дурри маҷолис» як манзара чунин манзури назар мешавад:
Овардаанд, ки зане муслима назди ҷуҳуде бо фарзандон рӯз мегузаронид, то рӯзе расид, ки аз ҳеҷ ҷое қуте нарасид. Дуюм рӯз низ чизе нарасид. Вай фарзанди хурд дошт, чун меъдааш аз гуруснагӣ тапидан гирифт, ба модар гуфт:
-Эй модар, чун тоқат аз гуруснагӣ намонд, ба хонаи ҷуҳуд рав, шояд таом ёбӣ, то оташи гуруснагӣ фурӯ нишинад.
Модар чун ҳолати фарзандонро сахт душвор дид, жанда бар сар кашид ва роҳи хонаи ҷуҳуд пеш гирифт. Чун ба хонаи ҷуҳуд расид, истод, назари ҷуҳуд бар аврат афтод, аз хотир гузаронид, ки ин аврат баҳри дуздӣ омадааст, замоне ба камингоҳ шавам то чӣ хоҳад кард. Чун аврат дид, ҷуҳуд аз аҳволи ӯ напурсид, ноумед бозгашт ва ба хонаи худ бозомад. Фарзандони ӯ ба пеши модар омаданд ва гуфтанд:
-Эй модар, чизе овардӣ?
Гуфт: -Эй ҷигарбандони модар, рафта будам замоне дар дари ӯ истода шудам, он марди ҷуҳуд маро дид, напурсид…
Оқибат марди ҷуҳуд аз аҳволи зан ва фарзандони ӯ хабардор шуда, таом пухта бурд.
Аз ин қисса чунин бармеояд, ки дар ҳолати дармондагӣ ва эҳтиёҷмандӣ мадад аз ҳар куҷо, ки расад, ҳамчун атои Худо қабул кардан даркор аст. Ва ба туфайли силаи раҳме, ки дар ҳар як инсони солим вуҷуд дорад, ба мискинон ва бечорагон мадад мерасад.
Ислом мефармояд, ки мусулмон ҳам бояд ба дармондагон, муҳтоҷон, сарфи назар аз миллату мазҳабашон, ёрӣ расонад. Дар ин маврид ба ёд овардани қиссаи Иброҳими Халилуллоҳ ба хотир меояд:
Овардаанд, ки Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло ҳазрати Иброҳим алайҳиссаломро дар саховат чунон ороста буд, ки ҳаргиз бе меҳмон таом намехӯрд, то рӯзе тарсое ба дари хонаи эшон расид ва ба Иброҳим (а) гуфт:
-Гуруснаам, маро таом деҳ.
Иброҳим (а) назар дар рӯйи ӯ кард, асари бегонагӣ дар рӯйи ӯ дид, гуфт:
-Ту бегона менамоӣ ва таоми ман аз баҳри бегонагон нест.
Чун ин сухан аз даҳони Иброҳим (а) шунид, шикастадил бозгашт. Дар замоне Ҷабраил (а.с.) даррасид ва гуфт: Ё Иброҳим, фармон шуд, ки ҳафтод сол аст, ки мо ин мардро ризқ медиҳем ва ҳеҷ вақт нагуфтем, ки бегонаӣ, туро ризқ намедиҳем. Аммо ту ба як вақт таом надиҳӣ ва таъна мекунӣ, ки ту бегонаӣ ва таоми ман лоиқи бегонагон нест. Чун Иброҳим (а) ин фармон шунид, аз ақиби он тарсо бидавид, чун наздики ӯ даррасид, гуфт:
-Эй мард, бозгард ва истода шав, ки ҳар неъмате, ки биталабӣ, ба ту бидиҳам.
Аз ин қисса чунин хулоса бармеояд, ки саховат барои мискинон, дармондагон, муҳтоҷони ҳама миллат як аст. Саховатпешагӣ эътибори инсони комил аст. Ҳамчунон ки дар ҳадис омадааст: «Паррандаҳо дар атроф бо болу парашон мепаранд ва болу пари инсон ҳиммати ӯст».
Тоҳир ОДИЛОВ, сармутахассиси шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон