Мавриди истифода қарор гирифтани нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон», «Хатлон», «Озодӣ» аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги даврони истиқлолият мебошад, ки дар натиҷаи кӯшишҳои пайгиронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар амалӣ гардид. Ба шарофати ин имрӯз рафтуомади сокинони тамоми минтақаҳо дар ҳамаи фаслҳои сол осон ва муҳлати сафар кӯтоҳ гардида, интиқоли бору молҳои гуногун афзоиш ёфт. Мушкилоте, ки роҷеъ ба он дар маводи зер сухан меравад, дар баробари ин корҳои бузург хеле ночиз аст. Аммо вобаста ба талаботи рӯзафзун онро низ ҳал кардан лозим аст. Баъди ба истифода додани нақби «Анзоб» (ҳоло «Истиқлол») чун таҷрибаи нав буд, маълум гардид, ки он аз камбудиҳо орӣ набудааст. Зимни сохтмони ин иншооти муҳим ва шикофтани кӯҳҳои сахту сангин баъзе нозукиҳои минтақа ба назар гирифта нашуд. Дар натиҷа, чанд сол инҷониб дар дохили он об ҷорӣ гардида, ҳаракати воситаҳои нақлиётро мушкил мегардонад. Мутахассиси варзидаи соҳаи роҳсозӣ, ҳамкори доимии воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла рӯзномаи «Садои мардум», номзади илмҳои техникӣ Абдумаҷид Шарифов мужда дод, ки мушкилоти фавқуззикр ҳалли худро ёфтааст. Чанде пеш ӯро директори Муассисаи давлатии «Мудирияти корхонаҳои сохташаванда»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карданд ва аввалин иқдоме, ки ба он даст зад, дарёфти роҳи ҳалли ин мушкил мебошад.
-Сабаби ба вуҷуд омадани мушкилоти нақби «Истиқлол» дар чӣ буд ва чаро то ҳол он бартараф нашудааст?
-Роҷеъ ба вазъияти нақб ва мушкилоти гузариши воситаҳои нақлиёт аз нақби «Истиқлол» бисёриҳо муроҷиат мекунанд. Дар ҳақиқат, вазъият дар нақб боиси нигаронӣ буд. Сабаб дар он аст, ки соли 2011, вақте ки шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон имзо шуд, аз ин кишвар мутахассисон омада, то моҳи январ-феврали соли 2013 кор карданд ва аз набудани маблағ корро то ба охир нарасониданд. Вақте маро ба ин вазифа таъин карданд, ҳамроҳ бо вазири нақлиёти кишвар Хайрулло Асозода, моҳи апрели соли 2014, ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар намуда, бо роҳбарону мутахассисони Вазорати неруи ин кишвар вохӯрӣ намуда, масъалагузорӣ кардем. Мо ба онҳо фаҳмондем, ки мутахассисони эронӣ, тибқи нақшаи пешина, ба хатоиҳои зиёд роҳ додаанд. Мо нақшаро аз сари нав баррасӣ намуда, дар Душанбе ва Теҳрон бо мутахассисони ҳар ду кишвар ин масъаларо таҳлил, баррасӣ ва хатоию камбудиҳои ҷойдоштаро фаҳмондем. Хоҳиш намудем, ки нақшаро аз нав мавриди баррасӣ қарор дода, камбудиҳоро бартараф созанд. Онҳо ба андешаҳои мо розӣ шуданд. Ҳамин тавр, нақшаи иловагӣ тарҳрезӣ шуд. Бо вуҷуди он ки ҳанӯз пурра тасдиқ нашудааст, аммо, тибқи пешниҳоди мо, оид ба бартарафсозии камбудиҳо мувофиқа шуд ва корҳо оғоз ёфтанд. Корҳои азнавбарқароркунӣ аз 20 апрели соли ҷорӣ сар шудаанд.
Ман борҳо иброз доштам, ки 50 фоизи мушкилоти нақб ҳал шудааст. Дар ҳақиқат ин дуруст аст, чунки дар дохили нақб то ин дам об мисли дарё ҷорӣ мешуд. Сабаб дар он буд, ки нақби ҳаводиҳандае, ки дар он канали обпарто меравад, дар баъзе ҷойҳо аз нақби мошингард баланд қарор дошт. Коргарон дар масофаи 1500 метр онро аз нав шикаста, паст карданд ва ҷоришавии обҳои нақби автомобилгард тавассути он шурӯъ гардид.
-Ба мо як нафар ронанда, ки ному насабаш Ҷаҳонгир Собиров аст, муроҷиат карда пурсид: Дар ҳоле ки даруни нақб мунтазам нақлиёт ҳаракат менамояд, лӯлаҳои дренажии дохили он кай хобонда шудааст?
-Ба он бародар ва дигарон фаҳмонданиам, ки дар нақб лӯлаҳои дренажӣ ҳангоми сохтмони он шинонида шуда буд ва аз онҳо тавассути дастакҳо об ба нақби ҳаводиҳанда мегузашту ҷорӣ мегашт. Аз соли 2006 то имрӯз, бинобар он ки лӯлаҳо тоза карда нашуда буданд, онҳо бо лою қум ва санг пур шуда, дар баъзе ҷойҳо маҳкам гардиданд. Мо корро маҳз аз тоза кардани ҳамин лӯлаҳои дренажӣ оғоз кардем ва баъд дар масофаи 1500 метр ҷӯйҳоро пасттар канда, обро ҷорӣ намудем.
-Алҳол корҳо дар ин самт идома доранд?
-Бале, ҳанӯз кор ба анҷом нарасидааст. Дар ин маврид мехоҳам хонандаи ин сатрҳоро боз таври мушаххас бо рафти корҳо шинос намоям. Дар масофаи панҷ километри нақб 26 дастак мавҷуд аст. Аз шашум то ҳафтум дастак дренаж вайрон шуда, аз кор мондааст. Мо маҷбур шудем дар масофаи 130 метр тамоми дренажро канда, қубурҳои нав хобонем ва онро бо бетон маҳкам кунем. Алҳол кор дар ин самт дар арафаи анҷомёбист. Баъд аз он ки мо бо нақбсозони эронӣ гуфтушунид анҷом додему ба мувофиқа расидем, маблағҳои боқимондае, ки дар шартномаи соли 2011-ум баимзорасида нишон дода шуда буд (бо ҳиссаи 50-фоизӣ ба ҳар ду ҷониб), ҳиссаи ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон -1,9 миллион доллар ворид шуд. Бо ин маблағ мо бояд имсол корҳоеро ба анҷом расонем, ки дигар об аз ягон ҷо начакад ва даруни нақб ҷамъ нашавад. Ҳамзамон ҷойҳои чуқуру ноҳамвори роҳҳоро низ таъмир мекунем, то ҳаракати бехатари нақлиёт таъмин гардад. Зимни иҷрои ин корҳо мо ҳаракати нақлиётро аз ду ҷониб манъ мекунем ва ба воситаҳои нақлиёт ба навбат аз ду тараф барои ҳаракат иҷозат медиҳем. Ин омил заминае барои дар оянда, яъне соли дигар, пурра бетонпӯш намудани роҳи автомобилгарди даруни нақб (бетонпӯшкунии конструктивӣ) мегардад. Дар ин ҳолат бояд як муддат ҳаракати нақлиётро тариқи нақб боздорем, зеро бетон бояд давоми 28 шабонарӯз сахт шавад. Ин кор дар паҳнои 7 метр ва дарозии 5 километр анҷом дода мешавад, ки барои ин зиёда аз 7,5 ҳазор куб бетон, 500 тонна арматура ва дигар масолеҳу мавод лозим мешавад. Ин корҳо мувофиқи нақша чор-панҷ моҳ давом мекунанд. Гуфта метавонам, ки чорабиниҳои айни ҳол гузаронидаи мо ба он мусоидат мекунад, ки дар давраи зимистон дигар дар дохили нақб ягон монеа пайдо намешавад. Дар охир бори дигар аз журналистони муҳтарам хоҳиш мекунам, ки ҳақиқати ҳолро ба мардум фаҳмонанд. Доир ба ин масъала ман аз кормандони рӯзномаи «Садои мардум» миннатдорам, ки чандин мавод (ҳам танқидию ҳам таҳлилӣ) роҷеъ ба нақби «Истиқлол» ба нашр расонданд.
Б.КАРИМЗОДА, «Садои мардум»