Боиси ифтихор аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шудааст. Чунончи, 14 — уми декабри соли 2022 Маҷмаи умумии СММ дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21- уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қатънома қабул намуд.
Қабули қатъномаи мазкур дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштарак андешад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси 27 — уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим, ки 7- уми ноябри соли 2022 дар Миср баргузор шуд, чунин иброз намуданд: «Мусаллам аст, ки тағйирёбии иқлим ба равандҳои иқтисодиву иҷтимоии экологии кишварҳо дар манотиқи гуногуни олам таъсири бевосита дорад. Аз дидгоҳи мо, яке аз нишондиҳандаҳои асосии ин падида обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ мебошад. То имрӯз аз 13 ҳазор пиряхи Тоҷикистон як ҳазораш комилан об шуда, ҳаҷми бузургтарин пиряхи воқеъ дар хушкӣ — Федченко ба таври назаррас коҳиш ёфтааст».
Моҳи августи соли 2021 гузориши Гурӯҳи байналмилалии коршиносони СММ дар бораи тағйирёбии иқлим ба чоп расида буд. Коршиносон хулоса карданд, ки дар гармшавии глобалӣ фаъолияти инсон, пеш аз ҳама, сӯхтани нефту газ ва дигар сарватҳои зеризаминӣ боис аст.
Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси зикршуда таъкид намуданд: «Ҳиссаи Тоҷикистон дар ҳаҷми глобалии партовҳои газҳои гулхонаӣ дар сатҳи пасттарин қарор дошта, аз рӯи ин нишондиҳанда кишвари мо дар ҷойи 130-юм қарор дорад. Сарфи назар аз ин Тоҷикистон то имрӯз барномаҳо ва ташаббусҳои зиёди дохилидавлатиро қабул намуда, амалӣ мегардонад».
Дар кишвари мо бо мақсади коҳиш додани осебпазирӣ аз оқибатҳои тағйирёбии иқлим аз моҳи майи соли 2009 «Барномаи стратегии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими СММ» роҳандозӣ шудааст. Барномаи мазкур мустаҳкамкунии иқтидори устуворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, беҳсозии хизматрасонӣ ва иттилоотонӣ доир ба обу ҳаво, барномаи илмии иқлимшиносӣ ва моделсозӣ, таҳкими устувории иқлим дар сохтори энергетикӣ, идораи устувори захираҳои замин дар соҳаи кишоварзӣ ва пурқувватгардонии устувории иқлимӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷро дар бар мегирад.
Вобаста ба корҳои анҷомшуда баҳри кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд: «Тасмимҳои мо оид ба кабудизоркунӣ, рушди соҳаи гидроэнергетика — яке аз манбаъҳои асосии истеҳсоли «энергияи сабз», аз андозҳои аксиз ва арзиши иловашуда озод намудани воридоти нақлиёти барқӣ маҳз ба коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ ба муҳити зист нигаронида шудаанд».
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускори вобаста ба сарфакорона истифодаи об корҳои зиёд анҷом дода мешавад. Бо ин мақсад «Консепсия оид ба сарфакорона истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2000), «Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон» (солҳои 2000 — 2020) қабул шудааст. Алҳол дар мамлакат татбиқи «Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 — 2025» идома дорад.
Бо мақсади сарфаи об аз ҷониби олимон технологияҳои инноватсионӣ, аз ҷумла обёрии қатрагӣ, борони сунъӣ, истифода аз таҷҳизоти «Вотербокс» (барои обёрии ниҳолҳо дар замини лалмӣ) ва усулҳои микрообёрӣ тавсия гардидааст. Истифода аз технологияҳои зикршуда боиси то 60 дарсад сарфашавии об гардида, ҳосилнокии зироатҳо 2-3 баробар меафзояд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар конфронси зикршуда дар бораи оқибатҳои ногувори обшавии босуръати пиряхҳо нигаронӣ карда, ҷомеаи ҷаҳониро ба андешидани чораҳои зарурӣ даъват намуданд: «Обшавии босуръати пиряхҳо, ки яке аз манбаъҳои асосии оби тоза мебошад, дар баробари зиёдшавии истеъмоли об бар асари афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ, метавонад боиси оқибатҳои бағоят манфӣ гардад. Возеҳ аст, ки ин масъалаи доғ бояд дар меҳвари таваҷҷуҳи хоси ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хусусан пешвоёни сиёсӣ, қарор дошта бошад».
Фазлиддин ИКРОМӢ,
муовини раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон