Аз нишастҳои матбуотӣ

2 млн. муштарӣ азнавбақайдгириро нагузаштаанд

№18 (4601) 31.01.2023

DSC_2764- Бо мақсади дар сатҳи дахлдор иҷро намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 12-уми феврали соли 2022 таҳти №12 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 30-юми апрели соли 2016 таҳти №207-7», «Дар бораи тартиб ва талаботи пайваст­шавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо операторони алоқаи мобилӣ бо шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон (намунаи соли 2014 — ум) 6 миллиону 213 ҳазору 28 симкортро ба қайд гирифтаанд.

Аз ҷумла 5 миллиону 558 ҳазору 993 бо ID-корт муштарии фаъол мебошанд. Нишондоди азнавбақайдгирӣ дар моҳи декабри соли 2022 — юм 66822 симкорт аст, — иттилоъ дод муовини якуми раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев 30 — юми январи соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ.

Бино ба гуфти ӯ, айни замон истифодабарандагони алоқаи мобилие, ки симкортҳояшон бо шиносномаи намунаи соли 1996 ба қайд гирифта шудааст, 2 миллиону 15 ҳазору 778 рақам буда, аз он 882 ҳазору 774 рақам фаъол мебошад.

Шумораи муштариёни алоқаи мобилӣ 8,3 миллион нафарро ташкил медиҳанд, ки аз он 6,4 миллион муштарии фаъол мебошанд.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

 «Садои мардум»