30-юми январи соли равон дар Вазорати фарҳанги кишвар таҳти роҳбарии Зулфия Давлатзода нишасти матбуотӣ доир шуд.
Муовини якуми вазири фарҳанги кишвар Назариён Обид зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» оид ба яке аз жанрҳои маъруфи мусиқии касбӣ — опера, хосса операи бачагона, чунин гуфт: «Асарҳои мусиқӣ барои кӯдакон кам эҷод мешаванд, ҳарчанд вазорат имкони харидани чунин асарҳоро дорад. Соли гузашта 16 асари мусиқии композиторон харидорӣ шуд, аммо миёни онҳо ягон либреттои опера барои кӯдакон набуд, зеро чунин асар ба вазорат пешниҳод нагардид».
Вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода, бо таъкиди он ки вазорат соли ҷорӣ ба масъала ҳатман таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд, илова намуд, ки дар маҷмӯъ соли гузашта бо харҷи 202 ҳазору 187 сомонӣ асарҳои драмавӣ, мусиқӣ ва санъати тасвирӣ харидорӣ шуд.
Зикр гардид, ки олимони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти назди вазорат ҳуҷҷатҳои номинатсионии «Тазҳиб-санъати зарҳалкорӣ» (якҷо бо Ҷумҳуриҳои Туркия, Эрон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон)-ро омода ва ба ЮНЕСКО пешниҳод намуданд. Ин муддат корҳо дар самти ворид намудани ёдгориҳои долонҳои Зарафшон-Қароқум, Фарғона-Сирдарё ҷоннок шуданд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол — 2022», Рӯзи матбуоти тоҷик, Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Намоиши даҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе», ҳамоиши илмӣ — оммавии «Дунёи ғазал» аз чорабиниҳои муҳими вазорат дар соли рафта арзёбӣ шуданд.
Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум»