Кормандони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси вазифаҳое, ки аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, фаъолиятро ба роҳ мондаанд. Пешвои миллат, аз ҷумла дар Паёми худ иброз доштанд, ки: «Вазъи ҳассоси ҷаҳони имрӯза, бахусус ба танқисии шадиди озуқаворӣ дучор гардидани чоряки кишварҳои дунё, моро водор месозад, ки ҷиҳати таъмин намудани ҳадафи стратегиамон — ҳифзи амнияти озуқаворӣ тадбирҳои иловагӣ андешем».
Ин нуктаро вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода дар нишасти матбуотӣ, ки 30-юми январи соли 2023 баргузор гардид, зикр намуд. Соли 2022 дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 49, 3 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 дарсад зиёд мебошад. Дар истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 53,4 фоиз ва аҳолӣ 46, 6 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дурнамои истеҳсоли ғалладонагиҳо як миллиону 628 ҳазору 100 тонна, пахта — 424, 6 ҳазор, картошка — 1 106, 4, сабзавот — 2626, 2, мева — 476,4, ангур — 279,2, гӯшт — 341,1, пилла — 780, асал — 4 ҳазору 578 ва моҳӣ 5 ҳазору 44 ҳазор тонна пешбинӣ шуда, 107, 8 дарсад таъмин гардид.
Қурбон Ҳакимзода аз сармои қаҳратун ёдовар шуда, қайд намуд, ки он ба хоҷагии халқи ҷумҳурӣ хисороти зиёд оварда, 12 дарсади маҳсулоти захиравии сабзавот талаф ёфт. Талафоти зиёди моҳӣ дар хоҷагиҳои моҳипарварии «Баҳор» ва «Фарел»-и дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат аз ҳамон ҷумла аст.
Дар нишаст хабарнигорон аз оморҳои шубҳаовари картошкапарварӣ, нарху навои пиёз, иҷрои дурнамои кишти пахта ва коркарди ниҳоии он, нарасидани оби полезӣ, нархи нуриҳои минералӣ ва дастрасӣ ба он ва амсоли ин проблемаҳо, ки садди роҳи рушди соҳа мебошанд, нигаронӣ карданд.
- Вақте эрод мегиред, дар якҷоягӣ ислоҳ мекунем, — гуфт Қурбон Ҳакимзода.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»