29-уми январи соли 2023 дар доираи сафари ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода дар ҷаласаи комиссияҳои машваратии гурӯҳи парлумонҳои кишварҳои Осиё иштирок намуд.
Дар он аъзои парлумонҳои Туркия, Туркманистон, Тоҷикистон, Покистон, Малайзия, Малдив, Қазоқистон, Қирғизистон, Эрон, Индонезия, Гуана, Бангладеш Озарбойҷон, Албания ва Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир иштирок намуданд.
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи парлумонҳои Қазоқистон, Бангладеш ва Туркия узви комиссияи иқтисодии Иттиҳоди парламентии Созмони ҳамкории исломӣ интихоб гардид.
Худи ҳамон рӯз ҷаласаи кумитаи умумии Иттиҳоди парлумонии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ баргузор гардид, ки дар он Саидмурод Фаттоҳзода ва сардори Раёсати робитаҳои хориҷӣ, байнипарлумонӣ, ташрифот ва ташкили кори Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Наҷибулло Оқилзода иштирок намуданд.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон