«Дар ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ инкишофи инфрасохтори он ва таъмини зиндагии шоистаи аҳолии деҳот дар солҳои минбаъда ҳамчун ҳадафи муҳимтарин боқӣ мемонад.
Амалисозии маҷмӯи тадбирҳои пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат дар ин самт имконият медиҳад, ки талаботи аҳолиро ба молҳои асосии озуқаворӣ аз ҳисоби истеҳсолоти дохилии кишвар ҳар чӣ бештар таъмин созем ва ба ин васила ба иҷрои яке аз ҳадафҳои стратегиамон — ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ноил гардем».
Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 апрели соли 2014
Дар вилояти Суғд анъана шудааст, ки ҳар сол дар ин айём «Иди зардолу» гузаронида, фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои арзон ба роҳ монда мешавад. Соли равон низ ин чорабинӣ дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ ва фарорасии моҳи шарифи Рамазон дар сатҳи баланд доир гардид.
Дар ин робита хабарнигорамон бо раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ суҳбате доир намуд, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагони гиромӣ менамоем:
- Чорабинии имрӯза дар доираи дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо давлатҳои хориҷи дуру наздик, мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва воридоти технологияҳои муосир, дастгирии соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла боғдорӣ, таъмини рушди савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани неруи содиротӣ, ба маъраз гузоштани меваҳои тару тоза, хушкмеваҳо, намудҳои гуногуни маҳсулоти саноатӣ ва маҳсули ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид, — зикр кард Абдураҳмон Қодирӣ.
Имрӯз дар вилоят баҳри густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя тадбирҳои муассир андешида шудааст. Вилояти Суғд афзоиши иқтисодии худро ба ҷалби васеи сармоягузории мустақими хориҷӣ ва рушди сектори хусусӣ алоқаманд медонад.
Боиси хушнудист, ки баробари ифтитоҳи ярмаркаи минтақавии савдои «Суғд – 2014» дар маркази вилоят «Иди зардолу» баргузор гардид. Мусаллам аст, ки солҳои охир маҳсулоти соҳаи боғу токпарварии вилоят ва коркарди саноатии он аз афзалият бархӯрдор аст.
-Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳақ таъкид доштанд: «Дар доираи иҷрои Фармони Президенти кишвар «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014» то имрӯз қариб 50 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд гардида, беш аз 100 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст».
Дар ин замина давоми даҳ соли охир дар вилоят зиёда аз 28 ҳазор гектар боғу токзорҳои нав бунёд гардида, майдони умумӣ ба 75 ҳазор гектар расонида мешавад, — изҳор дошт раиси вилоят.
Абдураҳмон Қодирӣ ҳамзамон зикр кард, ки зардолу яке аз меваҳои дӯстдоштаи мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Зардолу таърихи хеле қадимӣ дорад. Бозёфтҳои бостоншиносон аз он шаҳодат медиҳад, ки дар водии Фарғона зардолуро чун маводи хӯрока аз ҳазораи VI-V пеш аз мелод истифода мебурдаанд. Аз рӯйи гуфтаи олимон парвариши зардолу аввалин бор дар Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Осиёи Миёна, баъдан дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, Осиёи Хурд ва Қафқоз ба роҳ монда шудааст.
Майдони боғоти зардолу дар ҷаҳон қариб 300 ҳазор гектарро ташкил намуда, ҳар сол наздик ба 1,5 миллион тонна меваи он истеҳсол мешавад.
Тибқи маълумоти оморӣ ҳоло дар вилоят майдони зардолузор ба 41 ҳазор гектар расидааст, ки зиёда аз 26 ҳазор гектари онро боғоти ҳосилдиҳанда ташкил медиҳад.
Хусусияти хоси иқлимии вилоят имкон медиҳад, ки баробари зардолу дарахтони мевадиҳандаи дигар низ парвариш карда шаванд.
- Агар бевосита дар бораи зардолу сухан ронем, дар вилоят зиёда аз 350 намуди он мавҷуд аст, — таъкид дошт Абдураҳмон Қодирӣ.
Минтақаи асосии боғоти вилояти Суғд шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Айнӣ, Ашт, қисман Кӯҳистони Мастчоҳ ба ҳисоб меравад, ки 70 — 90 фоизи боғҳоро зардолузор ташкил медиҳад.
Дар се соли охир ба ҳисоби миёна ҳамасола аз вилоят наздики 80 ҳазор тонна ба хориҷи кишвар хушкмеваҳо содирот шудааст.
Шумораи давлатҳое, ки аз вилоят ба онҳо меваҷот содирот мешавад, сол то сол афзуда истодааст.
Мавсуф таъкид дошт, ки соли 2013 аз вилоят ба хориҷи кишвар наздики 115 ҳазор тонна сабзавот барои фурӯш бароварда шуд. Чунин имконият дар дигар соҳаҳо низ мавҷуд аст. Хоҷагиҳои кишоварзӣ ва корхонаҳои коркарди меваю сабзавоти вилоятро зарур аст, ки фаъолият ва ҳамкориҳои судмандро дар ин раванд боз ҳам беҳтар ба роҳ монанд.
Дар «Иди зардолу» Абдураҳмон Қодирӣ ба мардум муждаеро расонид, ки ҳама гарм истиқбол намуданд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тибқи дастуру супоришҳои Президенти кишвар ҷиҳати азхудкунии мавзеи даштҳои Сомғору Мирзоравот ва дар ин замина таъмини шаҳрвандони минтақа бо манзили зист ва ҷойи кори доимӣ иқдом гирифтааст. Дар доираи ин иқдом шаҳраки замонавӣ бунёд мегардад.
Айни замон бобати ҷудо намудани 2000 гектар заминҳои мавзеи Сомғор барои бунёди шаҳраки нав тадбирҳо амалӣ шуда истодааст.
Баробари азхудкунии заминҳои даштҳои Сомғору Мирзоравот бо роҳи бунёд намудани зиёда аз даҳ ҳазор гектар боғҳои нави мевадиҳанда бо усули обёрии қатрагӣ заминаи мусоид барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ фароҳам меояд.
-Ин иқдомот, ки аз ташаббусҳои неки Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибтидо мегиранд, боварӣ дорам, ки ба баландшавии ҳосилнокӣ ва беҳбудии сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамоянд, — таъкид намуд Абдураҳмон Қодирӣ.
Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум»